КИТОБИ “ТОҶИКОН”-И АЛЛОМА БОБОҶОН ҒАФУРОВ БА НОҲИЯҲОИ ШУҒНОНУ РӮШОН РАСИД

22-12-2020
 
Бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров – китоби “Тоҷикон” чоп гардида, аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як хонаводаи кишвар тақдим карда мешавад. Имрӯзҳо аз ҷониби гурӯҳи кории ҳукуматӣ бо роҳбарии Нуралӣ Собирзода-муовини вазири маориф ва илми кишвар тақдими ин шоҳасар ба сокинони ВМКБ идома дорад. 
21-22-юми декабри соли ҷорӣ китоби “Тоҷикон”-и академик Бобоҷон Ғафуров ба сокинони ноҳияҳои Шуғнону Рӯшони ВМКБ тақдим карда шуд.
Дар ин маърака намояндагон аз Дастгоҳи иҷрои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои маориф ва илм, корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои болозикр иштирок намуданд.
Сокинон аз дастрас намудани ҳадяҳои Пешвои миллат изҳори хушҳолӣ ва сипос намуда, нақши иқдоми мазкурро дар тавсеаи ҷаҳонбинӣ ва дониши аҳолии мамлакат бесобиқа ва бузург унвон карданд.
Дар баробари ин, ҳайати гурӯҳи кории ҳукуматӣ бо мардуми ноҳияҳои Шуғнон ва Рӯшон дар мавриди масъалаҳои мубрами ҷомеа, аз ҷумла истифодаи босамари заминҳои наздиҳалигӣ, сарфаи неруи барқ, таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи аз худ кардани илму дониш ва ҳунар, ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, фарҳангпарварӣ, ободкориву созандагӣ ва ғайра суҳбат намуданд.
Маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон