КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ ТАҚДИМ  ГАРДИД

12-01-2021
12-уми январи соли равон аз ҷониби гурӯҳи кории Ҳукумати кишвар дар ҳайати намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим бо роҳбарии Нуралӣ Собирзода-муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадяи гаронбаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон- шоҳасари аллома Бобоҷон Ғафуров-китоби «Тоҷикон» ба мардуми ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дастрас гардид. 
Ба таъкиди масъулин, ба сокинони ноҳияи Ишкошим 3952 нусха китоби “Тоҷикон” тақдим карда шуд, ки аз ба даст овардани туҳфаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хушҳол гашта, сипосмандии самимона ва садоқати хешро ба Пешвои миллат  баён доштанд.
Гурӯҳи корӣ дар баробари тақсимоти китоби мазкур ба аёдати собиқадарони меҳнат Мамадсахӣ Азизхонов, Бибигулшод Мирҷонова, Бибӣ Давлатшоева, Мамнур Қурбоналиев, Бибиҳаво Шоҳдӯстмамадова, Зулайхо Тӯрдиева рафта, туҳфаи Пешвои миллат – китоби “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуровро тақдим намуданд.
Ёдовар мешавем, ки 26 декабри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муваззаф намуданд, ки ба ифтихори ҷашни 30 -солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби аллома Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон»-ро аз ҳисоби фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр намуда, ба ҳар хонаводаи тоҷикистонӣ аз номи Сарвари давлат туҳфа намоянд.
 
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷқмҳурии Тоҷикистон