ИЗҲОРОТИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФ ВА ИЛМИ КИШВАР ОИД БА МАҲКУМ НАМУДАНИ АМАЛИ ТЕРРОРИСТОН ДАР МАКТАБИ ДУХТАРОНАИ АФҒОНИСТОН

12-05-2021
Асри 21 дар баробари асри илму техника ва расидан ба ҳадафҳои олии инсонӣ, мутаассифона, асри зиддиятҳои зиёди гурӯҳу равия ва ҷараёнҳои ба ҳам дар рақобат, афзоиш ва густариши амалҳои ғайриинсоние, аз қабили экстремизм, терроризм ва дигар падидаҳои хатарзо ва номатлуб ҳам гардидааст. 
Бо фаъол гаштани ҳаракату равияҳои динӣ-экстремистӣ ва террористӣ имрӯз сайёраи Замин ба гирдоби оташи хусуматҳо печида истодааст ва ин ҳаракатҳо кишварҳои орому пешрафтаро низ сироят кардан доранд. Аз даст надодани ҳушёрӣ ва зиракии сиёсӣ, дуруст тарбия намудани фарзандон, мусоидат ба самаранокии вақти холии кӯдакону наврасон, ба мардум фаҳмонидани ҳодисаҳои нанговари тахрибкоронаи гурӯҳҳои динӣ-экстремистию террористӣ вазифаи ҳар як зиёӣ ва махсусан, кормандони соҳаи маориф ва илм маҳсуб меёбад.
Ҳодисаи ҳамлаи террористӣ ба мактаби духтарона дар шаҳри Кобули Афғонистон, қатлу куштор  ва захмӣ шудани даҳҳо духтарон ва дигар шаҳрвандон бори дигар собит сохт, ки гурӯҳҳои террористию экстремистӣ аслан дину оин ва миллат надошта, ҳадафи аслияшон тахрибкорию вайронӣ ва ҳаросафканӣ мебошад. Ин ҳодисаи даҳшатбор ва разилона мардуми Тоҷикистонро низ сахт мутаассир сохт. Вобаста ба ин, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ғанӣ Ашраф номаи тасаллият ирсол ва ҳамдардии миллати тоҷик ба ҳар як фарди ин кишвар изҳор гардид. Аҳли илму маорифи тоҷик ин амали ғайиинсониро бо нафрату адоват маҳкум менамоянд. 
Боиси таассуф аст, ки дар давоми бештар аз 40 сол дар қисматҳои гуногуни кишварҳои осиёии мусулмонӣ ба хотири ноором намудани вазъи кишварҳо, омода намудани ҷавонони ноогоҳ идома дорад ва ин фанатҳои манқуртшуда аз номи ислом ва ҷиҳоди бофтаву сохтаи ба мағзи онҳо воридкардашуда дар гӯшаҳои мухталифи дунё ба қатлу ғорат ва даҳшатафканӣ машғул мебошанд. Имрӯз чеҳраи ҳақиқии экстремизми динӣ барои ҳамагон бояд маълум ва ҳадафу мароми онҳо, ки ба ҷуз барҳам задани оромию субот дар кишварҳо нест, барои ҳар як аҳли ҷомеа ва махсусан, хонандагону донишҷӯён ва омӯзгорон шинос бошад. 
Экстремист шахсест, ки барои ӯ муқаддасоти миллӣ, гуманизм, зебоӣ ва маданияту санъат ва хираду дониш арзише надоранд. Омилҳои асосии ба ифротгароӣ майл намудани шахс ҷоҳилӣ, бедонишӣ, бемаърифатӣ ва тақлидкории ӯ аз амалҳои ғайриинсонӣ мебошад. Маҳз дар кишварҳое, ки бештари кӯдакони синни мактабии онҳо ба таҳсил фаро гирифта намешаванд ва дар муассисаҳои таълимии онҳо чанд муллои ҷоҳил ва фурӯхташуда ба ҷойи илму дониш додан кӯдакону ҷавононро ба ҷиҳоди дурӯғини бофтаи хоҷаҳои хориҷии худ талқин менамоянд, терроризм реша давонида, манбаи ҷабру озори мардум ва инфиҷору интиҳории ҳаррӯза қарор гирифтани одамони бегуноҳ гардидаанд. 
Аз ҳама бадбахтӣ дар он аст, ки ба ин амали шуму тахрибкорӣ кӯдаконро низ ҷалб намуда, аз хондан ва савод омӯхтан, ки асоси назарияи ҳамаи дину оин ва равияву ҷараёнҳои инсонпарварӣ мебошанд, маҳрум месозанд ва ҷаллодону хунхорони манқуртро, ки аз куштани падару модари худ ҳам даст намекашанд, омода месозанд. Яке аз омилҳои манқуртсозӣ дар замони муосир бемактабӣ ва бесаводии ҳамин ҷавонон буда, аз онҳо сохтани роботҳо ва манқуртҳо ҳеҷ мушкиле надорад. 
Махсусан, ҷиҳати пешгирии ба доми ин даллаҳо наафтидани кӯдакону наврасон, ҷавонон ва онҳое, ки дар ягон ҷой кору фаъолият наменамоянд, муассисаҳои таълимӣ, кумитаҳои падару модарон, фаъолони маҳалла ва деҳот, ходимони дин, зиёиён ва оилаҳо бояд дар ҳамкорӣ фаъолият намуда, бо дарки масъулияти баланд бо ҳадафи ошкорсозии марому мақсади ин гурӯҳҳо кор баранд. 
Мактаб омили асосии тарбияи дуруст ёфтани насли наврас буда, бемактабӣ ва бедонишӣ метавонад боиси ҳама гуна каҷравиҳо дар зиндагӣ гардад. Устод Айнӣ нақши мактабро дар тарбия ёфтану инсонвор зиндагӣ намудани мардум хело хуб таъкид намудааст: 
Мактаб ба ту ёд медиҳад илму адаб, 
Мактаб зи ту мебарада ғаму ранҷу тааб.
Як нуктаи мухтасар зи мактаб гӯям, 
Одам нашавад касе, магар аз мактаб.
Имрӯз замоне фаро расидааст, ки ба азму иродаи қавӣ ва кӯшиши аҳлона ҷаҳонро аз бадсиголону каҷравишон ҳифз намоем, бадиро маҳкум бикунем, ба гумроҳшавии ҷавонону наврасон роҳ надиҳем ва ба ваҳдату сулҳу ҳаёти осоишта арҷ гузорем. Он гуна ки Фирдавсии бузургвор фармуда:
Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем, 
Ба кӯшиш ҳама дасти некӣ барем.
Набошад ҳаме неку бад пойдор,
Ҳамон беҳ, ки некӣ бувад ёдгор.
 
Вазорати маориф ва илми 
Ҷумҳурии Тоҷикистон