ИТТИЛОИЯ

11-09-2020
   Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади фиристодани донишҷӯёни тоҷик ба хориҷи кишвар ба таваҷҷуҳи донишҷӯён, ки ба муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи кишвар дохил шудаанд ё дар ин муассисаҳо таҳсил менамоянд, мерасонад, ки дар Маркази барномаҳои байналмилалии вазорат бақайдгирии донишҷӯён ба роҳ монда мешавад.
   Аз донишҷӯёне, ки дар соли таҳсили 2020-2021 ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии хориҷи кишвар дохил шудаанд ва донишҷӯёне, ки ҳангоми таътил ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омада, вобаста ба вазъи эпидемиявӣ ҷорӣ шудани маҳдудият ва баста шудани сарҳадҳо ба донишгоҳҳои хориҷи кишвар баргашта натавонистанд, хоҳиш карда мешавад, ки тибқи ҷадвали замимашуда ба суроғаи электронии Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илм - mbb-2008@mail.ru (ш. Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода 47) маълумоти заруриро ирсол намоянд.