ИМТИҲОНОТИ ҚАБУЛ БА МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИИ ҶУМҲУРИҲОИ БЕЛОРУСИЯЮ ҚАЗОҚИСТОН ДОИР ГАРДИД

23-06-2022
23-юми июни соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи бурсияҳои ҷудогардида имтиҳоноти қабул ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳуриҳои Белорусия ва Қазоқистон доир гардид, ки дар рафти имтиҳонот муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани кадрҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ Сатториён Матлубахон Амонзода, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро, муовини вазири маориф ва илм Лутфия Абдулхолиқзода, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президент, Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази барномаҳои байналмилалӣ, аъзоёни комиссияҳои назоратию экспертӣ иштирок намуданд. 
Қабл аз оғози имтиҳонот раиси Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани кадрҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ, муовини Сарвазири мамлакат М.Сатториён ва вазири маориф ва илм Р.Саидзода бо довталабон суҳбати самимӣ анҷом дода, ҷиҳати муваффақ гардидан дар имтиҳон ва сазовор шудан ба номи донишҷӯӣ барору комёбӣ таманно намуданд. 
Сипас, нимаи якуми рӯз довталабон вобаста ба ихтисосҳои интихобнамуда аз рӯйи кластерҳо имтиҳони тестӣ супориданд. Бо мақсади таъмин намудани шаффофият саволномаҳои тестӣ аз ҷониби Маркази миллии тестӣ таҳия гардида, дар ҳузури иштирокдорон лифофаҳо кушода ва саволномаҳо тақсим карда шуданд. 
Баъд аз нимаи дуюми рӯз бо иштироки аъзои комиссия суҳбат баргузор гардид. Зимни суҳбат бо довталабон аъзои комиссия бештар ба донишҳои ихтисосию сатҳи забондонӣ таваҷҷуҳ намуданд.
Ёдвар мешавем, ки барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Қазоқистон 50 бурсия ва барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Белорусия 8 бурсия дар зинаҳои бакалвр, мутахассис, магистратура ва аспирантура ҷудо гардидааст.