ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №33 ДАР НОҲИЯИ СПИТАМЕН

27-09-2020
 
   Дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба ва дӯстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар ҷамоати Т.Улҷабоеви ноҳияи Спитамени вилояти Суғд муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33 ба истифода дода шуд, ки дар маросими ифтитоҳии он ҳайатҳои расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони аҳли илму маорифи кишварҳо, аз ҷумла вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маорифи халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шерзод Шерматов, омӯзгорону хонандагон ва сокинони ноҳия ширкат варзиданд. 
   Иттилоъ дода шуд, ки бинои мактаб аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 630 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст. Муассиса дорои 28 синфхона, 8 кабинети фаннӣ, синфхонаҳои забономӯзӣ, санъати тасвирӣ, устохонаҳои таълимӣ, толори варзишӣ, дафтарҳои кории директору омӯзгорон ва ошхона мебошад.
   Зимни ифтитоҳи муассиса меҳмонон аз синфхонаҳо, кабинетҳои фаннӣ, устохонаҳои таълимӣ, синфхонаҳои забономӯзӣ, ошхона, маҷлисгоҳ, варзишгоҳ, толори варзишӣ ва умуман, аз шароитҳои кору таҳсил дар муассиса ва сифати корҳои сохтмонӣ дидан карда, бо омӯзгорон ва хонандагони муассиса аз наздик суҳбат намуданд. Хонандагон зимни мулоқот бо намояндагони ҳукуматҳои ҳарду кишвар барои чунин таваҷҷуҳу ғамхорӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев изҳори сипосу қаноатмандӣ намуданд.
   Дар ифтитоҳи расмии бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33-и ноҳияи Спитамен вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маорифи халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шерзод Шерматов, иҷрокунандаи вазифаи раиси шӯрои Ҷамъияти саҳҳомии “Ӯзбекистон темир йулларӣ” Хасилов Хуснутдин суханронӣ намуда, сохтмони бинои наву замонавии муассисаро самараи ҳамкориҳои дуҷонибаю дӯстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон арзёбӣ намуда, бунёди муассисаи мазкурро тимсоли таҷассуми дӯстии пояндаи ҳарду миллат номиданд ва изҳор доштанд, ки  дар чунин шароит аҳли маориф  барои баланд бардоштани сатҳу сифати донишу тарбия донишу маҳорати хешро истифода мебаранд. 
   Ёдовар мешавем, ки сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33 дар асоси супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо саҳми Ҷамъияти саҳҳомии “Ӯзбекистон темир йулларӣ” анҷом ёфта, дар корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонӣ як қатор мутахассисон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ширкат  варзиданд.
Маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илми 
Ҷумҳурии Тоҷикистон