Ифтитоҳи мактаб дар ноҳияи Ургути вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон (таҷдидшуда)

14-06-2021
 
Тавре ба ҳама маълум аст, дар толори сафеди Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар вазъияти тантанавӣ бо пахши тугмаи рамзӣ ба таври маҷозӣ ду иншооти муҳими соҳаи иҷтимоӣ — бинои Мактаби таҳсилоти умумӣ барои 1400 хонанда дар ду баст дар ноҳияи Ургути вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Маҷмааи тандурустии “Дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон” бо 200 катро дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар доираи муносибатҳои ҳасанаи давлатҳо ва бо ташаббусҳои созандаву иқдомҳои саховатмандонаи сарони давлатҳо аз тарафи Ҳукуматҳои ду кишвар бунёд шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Зимни ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №154-и ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд М. Имомзода-вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ш. Шерматов-вазири маорифи халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Н.Собирзода-муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Э.Ҳамроев-муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзщбекистон, Х.Очилов-муовини раиси вилояти Самарқанд, И.Камолзода-сардори раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Д. Сафарзода-сардори раёсати сохтмони асосии Вазорати маориф ва илм, омӯзгорону хонандагон ва сокинони ноҳияи Ургут бевосита иштирок намуданд. 
Фармоишгари иншооти таълимӣ Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, лоиҳаи иншоот аз ҷониби ҶДММ “ПИЛҶ САНИИОСП” таҳияи гардида, корҳои сохтмонӣ аз ҷониби ҶДММ “Гулгун” иҷро гардидаанд. Ҳамзамон, лоиҳаи иншоот дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз ташхиси давлатии сохтмони “Tasdiglayman” Director v.b Abdiev M аз 14.02.2019 с YIGMA EKSPERT XULOSA №284 – 2019 гузаронида шудааст. Масоҳати қитъаи замини ҷудогардида 1,5 га-ро ташкил дода, дар иншоот корҳои сохтмонӣ моҳи марти соли 2019 оғоз гардида буд. Арзиши харҷномави иншоот 33 млн. 357 ҳазору 270 сомониро ташкил медиҳад.
Тибқи иттилои Д.Сафарзода-сардори раёсати сохтмони асосии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси лоиҳаи тарҳрезигардида, иншоот аз 5 бинои (А, Б, В, Г ва Д) сеошёна иборат мебошад. Бинои А сеошёна буда, дар ошёнаи якуми он толори хониш, китобхонаи электронӣ барои муаллимон ва хонандагон, шуъбаи тақсимоти китоб, анбори китоб ва бойгонӣ пешбинӣ гардида, дар ошёнаи дуюм толори маҷлис барои 400 ҷойи нишаст ҷойгир карда шудааст. Дар ошёнаи якуми бинои Б синфхонаи таълими меҳнати писарона барои коркарди металл, синфхонаи таълими меҳнати духтарона барои буридан ва дӯзондани матоъ, синфхона, ҳуҷраҳои ёрирасон ва нуқтаҳои санитарӣ ҷойгир карда шудааст. Дар ошёнаи дуюм синфхона, рекреатсия, озмоишгоҳи фанни физика, ҳуҷраи хоҷагидорӣ ва нуқтаҳои санитарӣ тарҳрезӣ гардида, дар ошёнаи сеюм синфхонаҳои таълимӣ, ҳуҷраи хоҷагидорӣ ва нуқтаҳои санитарӣ пешбинӣ гаридааст. Дар бинои В бошад, дар ошёнаи 1-ум миёнсарой, синфхона, ҳуҷраи методӣ, ҳуҷраи муаллимон, ҳуҷраи муҳофизон, ҳуҷраи либосивазкунӣ ва ҳуҷраи тиббӣ тарҳрезӣ гардида, дар ошёнаи дуюм ҳуҷраи кории директор бо қабулгоҳ, синфхона, толори маҷлис, ҳуҷраи кории муовини директор, шуъбаи кадрҳо пешбинӣ гардида, дар ошёнаи сеюм осорхонаи мактаб, ҳуҷраи расмкашӣ, ҳуҷраи омодагии ҳарбӣ бо ҳуҷраи нигоҳдорӣ ва тоза намудани яроқи таълимӣ, ҳуҷраи муаллимон ва ҳуҷраи тиббӣ ҷойгир карда шудааст. Дар бинои Г дар ошёнаи якум синфхонаи таълимӣ, анбор барои маҳсулоти тайёр, синфхонаи таълими меҳнати писарона барои коркарди чуб, ҳуҷраи таълими меҳнати духтарона барои пӯхтупаз (кулинария), ҳуҷраи тиббии дандонпизишкӣ ва нуқтаҳои санитарӣ ҷойгир гардида, дар ошёнаи дуюм синфхонаҳои таълимӣ, озмоишгоҳи фанни химия бо ҳуҷраи озмоишгарӣ, ҳуҷраи хоҷагидорӣ ва нуқтаҳои санитарӣ тарҳрезӣ гардида, дар ошёнаи сеюм синфхонаҳои таълимӣ, озмоишгоҳи фанни биология ва нуқтаҳои санитарӣ ҷойгир гардидаанд. Дар бинои Д дар ошёнаи якум ошхона бо толори таомхӯрӣ барои 200 ҷойи нишаст ва ҳуҷраҳои ёрирасон, толори таомхӯрӣ барои муаллимон, ошпазхона ва анбор барои нигоҳдории маҳсулот ҷойгир гардида, дар ошёнаи дуюм ва сеюм толори варзишӣ бо минбар барои 204 ҷойи нишаст, ҳуҷраи мураббӣ бо душхона, ҳуҷраи либосивазкунӣ бо душхона, нуқтаҳои санитарӣ (духтарона ва писарона) ва анбор барои лавозимоти варзишӣ тарҳрезӣ гардидааст. 
Илёр Пӯлодов-мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ургут зимни суҳбат бо намояндагони ВАО чунин баён кард: -Мо бисёр хурсандем, ки имрӯз мактаби нав ба истифода дода шуд. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №154, ки бо иқдомоту ташаббусҳои сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев бунёд гардид, натиҷаи ҳамкориҳои судманд дар соҳаи маориф мебошад. Дар ноҳияи Ургут то ин замон 153 мактаб фаъолият мекард ва инак 154-ум мактаб ба истифода дода шуд. Бо чунин шароит ва ҳашамат мактабе, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ба истифода дода шуд, ба монанди як донишгоҳи бузург аст. Тамоми имконоти илмомӯзӣ дар ин ҷо ба инобат гирифта шудааст. Синфхонаҳои барҳавои таълимии муҷаҳҳаз бо техникаю технологияи муосир, кабинетҳои фаннӣ, толорҳои маҷлис, китобхона, осорхона, толору майдонҳои варзишӣ ва дигар иншооти ёрирасон мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ сохта шудаанд. Ман аз номи омӯзгорони ноҳия ва падару модарони хонандагон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои чунин иқдоми нек миннатдорӣ баён мекунам. 
Сафаралӣ Ҳасанов-сокини ноҳияи Ургут зикр кард, ки бо ташаббуси ду Президент сохта ба истифода додани ин гуна муассисаҳо алоқаи байни Тоҷикистону Ӯзбекистон ва риштаҳои дӯстии ду халқро боз ҳам мустаҳкам месозад. 
– Бояд эътироф кард, ки мактаб мувофиқ ба сатандартҳои  ҷаҳонӣ сохта шудааст ва аз хонандагон танҳо омӯзиши амиқро тақозо мекунад. Мо аз ин иқдом  бениҳоят миннатдорем ва ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев изҳори миннатдорӣ менамоем.
Сокинони ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд тадбирҳои аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев анҷомдодаро, ки барои таъмини рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии ду давлати бо ҳам дӯсту ҳамсоя равона гардидаанд, самарабахш арзёбӣ мекунанд, ки бунёди муассисаҳои нави таълимӣ дар қаламрави ҳарду давлат аз ҷумлаи чунин иқдомоти олӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин муассисаи таълимӣ ба фарқ аз дигар мактабҳои ноҳияи Ургут 4 синфхонаи ҳунаромӯзӣ бунёду бо пешрафтатарин дастгоҳу таҷҳизот муҷаҳҳаз гардидааст. Ба таъкиди омӯзгорон, синфхонаҳои ҳунаромӯзӣ барои соҳибкасб гардидани хонандагони мактаб метавонад нақши калон дошта бошад. 
Ба таъкиди омӯзгори муассиса Насиба Нарзиқулова дар мактаб 4 синфхонаи ҳунаромӯзӣ мавҷуд аст, ки дар 2 синфхона духтаронро ба омӯзиши ҳунарҳо фаро мегиранд ва тамоми айёният, ки дар раванди таълим зарур аст, дар ин ҷо мавҷуд мебошад. 
Ҳамаи синфхонаҳои мактаб бо пешрафтатарин технология ва воситаҳои илмомӯзии муосир, аз ҷумла тахтаҳои электронию компютер муҷаҳҳаз гардидаанд. Дар ин баробар, ҷиҳати сайқал додани дониши хонандагон кабинетҳои лингофонӣ бунёд шудаанд, ки аз таҷрибаи самаровар дар соҳаи маориф ба ҳисоб мераванд. Дар ҳамаи синфхонаҳо, утоқҳои корӣ, роҳрав ва саҳни бино камераҳои назоратӣ насб карда шудааст ва раванди таълим зери назорат қарор дода мешавад. 
Таълим бо ду забон – тоҷикӣ ва ӯзбекӣ ба роҳ монда мешавад. Хонандагону омӯзгорон пурра бо китобҳои дарсӣ, ки бо забони ӯзбекӣ ва тоҷикӣ нашр шудаанд, таъмин мебошанд. Дар китобхонаи мактаб адабиёти зиёди илмию бадеӣ мавҷуд аст, ки хонандагон метавонанд аз он истифода намоянд. 
Тибқи иттилои К.Исозода-директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сафари вазири маориф ва илм ба муассисаи мазкур 17 номгӯй китоби дарсӣ ва 35 номгӯй китоби бадеии бо забони тоҷикӣ нашршуда тақдим гардидааст. 
Омӯзгор Саноат Аҳадова зикр кард, ки “Пеш аз ҳама, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории худ ва тамоми омӯзгорони ноҳияи Ургутро мерасонам, зеро мактабе, ки ба мо сохтанд, тамоми шароитро дорад. Хусусан, синфхонаи забон ва адабиёти тоҷик, ки бо тамоми шиору овеза ва аксҳои шоирону нависандагон оро ёфтааст, барои шавқу ҳаваси хонандагонро зиёд намудан мусоидат мекунад”. Дар ҳамин ҳол, Дилфӯза Бердиева-омӯзгори мактаби мазкур миннатдории худро чунин баён намуд: “Мо-омӯзгорони мактаб аз сарони ду давлат сипосгузорем ва кӯшиш менамоем, ки хонандагонро дар руҳияи хештаншиносию ватандӯстӣ тарбия намоем. Боварӣ дорем, ки насли навраси мо дар густариш додани робитаи ду кишвар хизмат хоҳанд кард. Дар ин рӯзҳои фарҳбахш, ки мо соҳиби мактаби нав шудем,  ба иқдоми ҷониби Тоҷикистон баҳои баланд дода, хурду бузург сипосгузорем”. 
Илова бар ин, дар ҳудуди қитъаи замини ҷудогардида гузаргоҳ, майдонча барои истироҳат, майдонча барои бозии хонандагони синфҳои аз 1 то 4, майдонча барои бозии хонандагони синфҳои аз 5 то 9, роҳрав барои давидани хонандагон, майдончаи бозии футбол бо андозаи 60х30 метр, ҷойи нишаст барои 250 нафар, майдонча барои гузарондани маҷлис (линейка), ҳоҷатхонаи беруна барои 20 нуқта ва анбори зиддӣ сӯхтор барои 100 м3 об ҷойгир гардидааст. Инчунин, барои баргузории дарсҳои амалии Омодагии дифои ҳарбӣ як майдончаи замонавӣ низ сохта шудааст.
Хонандаи муассисаи мазкур Аълохон Хуррамова зикр кард, ки толори варзишӣ ҷиҳати машқу тамрин бениҳоят мусоид аст. 
- Мо дар ин ҷо волейбол ва баскетбол бозӣ мекунем. Тамоми хонандагони мактаб хурсанданд, зеро дар ин ҷо барои онҳо тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Мо аллакай дар мактаб дастаҳои варзишии футбол, волейбол ва баскетболро миёни духтарону писарон таъсис додем. Барои ин иқдоми наҷиб ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ташаккур мегӯем,-зикр кард мавсуф.
Дар ин муассиса, ҳамчунин, як буғхонаи бо нерӯи барқ ва ангишт фаъолияткунанда сохта ба истифода дода шудааст. Таҷҳизоти гармидиҳанда имконият дорад, ки тамоми муассисаро дар фасли сармо бо гармӣ таъмин намояд. 
Дар осорхонаи мактаби нав дастовардҳои замони соҳибистиқлолии ду давлат-Тоҷикистон ва Ӯзбекистон муаррифӣ гардида, дар он ҳамзамон, сару либос, ашёи рӯзгор ва намунаи ёдгориҳои таърихӣ ба намоиш гузошта шудааст. Ин тадбир имконият медиҳад, ки насли наврас аз таърихи гузаштаи ду халқи ба ҳам дӯсту ҳамсоя огоҳии бештар пайдо намоянд. 
Бояд таъкид кард, ки ин даргоҳи илму маърифат тӯҳфаи арзандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фарзандони сокинони шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон мебошад, ки бо нишони эҳтироми баланду самимӣ нисбат ба мардуми кишвари дӯсту ҳамсоя бунёд шудааст.
Ҳамзамон, баъд аз маросими ифтитоҳии муассиса М.Имомзода-вазири маориф ва илм ва намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хонандагони муассисаи таҳсилоти умумии мазкур мулоқот ва суҳбати озод анҷом дода, дар чорабинии адабдию фарҳангии таҳиякардаи хонандагон иштирок варзиданд.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба ва дӯстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар ҷамоати Т.Улҷабоеви ноҳияи Спитамени вилояти Суғд муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33 моҳи сентябри соли 2020 ба истифода дода шуда буд, ки дар маросими ифтитоҳии он ҳайатҳои расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони аҳли илму маорифи кишварҳо, аз ҷумла вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маорифи халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шерзод Шерматов, омӯзгорону хонандагон ва сокинони ноҳия ширкат доштанд. 
Масоҳати қитъаи замини муассисаи таълимии мазкур 2 гектарро ташкил медиҳад. Тибқи лоиҳа муассисаи таълимии мазкур аз як бинои таълимии сеошёна бо 28 синфхона ва кабинетҳои фаннӣ, бинои талори варзишӣ, бинои толори маҷлисгоҳ барои 280 ҷойи нишаст ва ошхона барои 220 ҷой, дегхона, анбор барои нигоҳдории ангишт, ҳоҷатхонаи беруна ва майдончаҳои варзишӣ иборат мебошад. Маблағи умумии сохтмон 18 миллион сомониро ташкил дода, муассисаи таълимии мазкур барои 630 ҷойи нишаст дар як баст пешбинӣ гардидааст. 
 
Маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илми 
Ҷумҳурии Тоҷикистон