Ифтитоҳи бинои муассисаи таълимии №12 дар ноҳияи Рашт

22-09-2021
20-уми сентябри соли равон дар деҳаи Шулонаки ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурхи ноҳияи Рашт бо иштироки Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоҳир Зокирзода, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Собирзода ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бинои муассисаи таълимии №12 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. 
Муассисаи таълимии мазкур 2-ошёна буда, барои 240 нафар хонанда дар як баст сохта шудааст ва 30 нафар омӯзгори ботаҷриба ба таълимгирандагон дарс мегӯянд. Инчунин, муассиса дорои 8 синфхона, чор кабинети фаннӣ, аз ҷумла технологияи иттилоотӣ, технология, забони рӯсӣ ва забони англисӣ мебошад. 
Ҳамчунин, муассиса бо технологияҳои нави замонавӣ, 13 адад компютер, 2 адад видеопроектор ва 4 адад принтер таъмин мебошад.