Хонандаи тоҷик дар Олимпиадаи IOI сазовори медали нуқра гардид

06-07-2021
19-25 июни соли ҷорӣ дар давлати Сингапур Олипиадаи ҷаҳонии фанни Информатика (IOI) бо сабаби ҳамагири Covid-19 дар шакли онлайн баргузор гардид. 
Мавриди зикр аст, ки дар олимпиадаи мазкур дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз 4 нафар дар байни 351 иштирокчӣ аз 84 давлати дунё ширкат намуданд. 
Боиси сарфарозист, ки дар Олимпиадаи IOI хонандаи синфи 11-и Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе Муҳаммад Ҳокимиён сазовори медали нуқра гардид.