ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ- ОМӮЗИШӢ ДАР МАВЗӮИ “ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ РУС ДАР АРАФАИ  РАҚАМИСОЗӢ: РАВИШҲО, УСУЛҲО ВА АБЗОРҲОИ НАВИ ДИДАКТИКӢ БАРОИ ОМӮЗГОРОНИ ТОҶИКИСТОН” БАРГУЗОР ГАРДИД  

10-12-2020
 
   8-9-уми декабри соли ҷорӣ Донишгоҳи давлатии гуманитарии Россия бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Федератсияи Россия, Ҷамъияти дӯстии “Тоҷикистон-Россия” ва Маркази русии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба таври фосилавӣ  Форуми байналмилалии илмӣ-омӯзишӣ дар мавзӯи “Забон ва адабиёти рус дар давраи рақамисозӣ: равишҳо, усулҳо ва абзорҳои нави дидактикӣ барои омӯзгорони Тоҷикистон”-ро баргузор намуд.
   Дар форум Латофат Назирӣ-муовини вазири маориф ва илм,  Безбородов Александр Борисович-ректори Донишгоҳи давлатии гуманитарии Россия (ДДГР), Павленко Олга Вячеславовна-муовини ректор оид ба корҳои илмӣ дар  Донишгоҳи давлатии гуманитарии Россия, Меҳринисо Нағзибекова-роҳбари Маркази русӣ дар Донишгоҳи милии Тоҷикистон, Мушавара Шарипова-муовини раиси Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, Деревянко Константин Сергеевич-узви Комиссияи забони русии назди Президенти Федератсияи Россия, раиси Иттифоқи илмӣ ва таълимии “Родное Слово” ва зиёда аз 500 нафар омӯзгорони забон ва адабиёти рус иштирок карданд.
   Дар оғоз Латофат Назирӣ-муовини вазири маориф ва илм роҳбарияти  ДДГР ва ҳозиринро  шодбош гуфта, барои ҳомкории донишгоҳ бо Вазорати маориф ва илм ва муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуд.
   Мавсуф дар идома иброз дошт, ки имрӯз ҷаҳон дар арафаи инқилоби “рақамисозӣ” қарор дорад ва ин вазъ тақозо мекунад, то сари масъалаи ҷорӣ намудани технологияҳои нави таҳсилоти рақамӣ чораҳои мушаххас андешида шавад. 
   -Гузариш ба таҳсилоти рақамӣ  марҳилаи назаррас дар эҷоди технологияҳои интернетӣ мебошад. Имрӯзҳо илм бо суръати баланд рушд карда истодааст, ҳар рӯз сохторҳои нав пайдо мешаванд. Рақамисозии таҳсилот донишҷӯён ва омӯзгоронро дар оянда дар ҷаҳони иттилоотӣ ба ваҷҳи беҳтар роҳнамоӣ хоҳад кард. Сарфи назар аз вазъи ҷаҳонӣ, ки бо пандемия алоқаманд аст, форумҳои онлайн барои татбиқи малакаҳои муаллимони забон ва адабиёти рус баргузор мешаванд, ки ин  ба онҳо имкон медиҳад, то аз нуқтаи назари нав ба фаъолияти омӯзгорӣ пардозанд,-гуфта шуд дар форум.
   Дар ҷараёни форум, ҳамзамон, доир ба як қатор мавзӯъҳо аз ҷониби иштирокчиён маърӯза қироат гардид. “Тағйири лексияҳо бо забони русӣ дар зери таъсири интернет”, “Адабиёт дар ҷаҳони рақамисозӣ”, “Драмаи классикии руси имрӯз: хонед, бубинед, бифаҳмед”, “Назорати суханронӣ дар иртиботи интернетӣ ба забони русӣ” аз зумраи маърӯзаҳое буданд, ки барои иштирокчиён, махсусан омӯзгорони фанҳои забон ва адабиёти рус муҳимтарин маълумотро пешниҳод карданд.
   Инчунин, дар форум мизи мудаввар оид ба мавзӯъҳои  “Мушкилоти муосир, имкониятҳо ва дурнамоиҳои таълим ва омӯзиши забони русӣ» ва «Оё компютер муаллимро иваз мекунад?” гузаронида шуд.
   Гуфта шуд, ки ҳарчи бештар баргузор намудани чунин чорабиниҳои илмӣ-методӣ дар шароити пандемиявӣ барои ҷонибҳо муҳим буда, боис мешаванд, ки сатҳи касбияти омӯзгорони фанҳои забон ва адабиёти руси муассисаҳои таълимӣ боз ҳам баланд бардошта шуда, усулҳои муосири фаъолияти педагогӣ ва шеваҳои беҳтари омӯзиш ба онҳо омӯзонида шавад.
Азиза Бодурова