ФОРУМИ ҶАВОНОН ВА КӮДАКОН ОИД БА МАСОИЛИ ОБ ДОИР ГАРДИД

06-06-2022
6-уми июни соли ҷорӣ дар “Кохи Наврӯз” Форуми ҷавонон ва кӯдакон оид ба масоили об, ки дар ҳошияи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, зери унвони “Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ” доир гардид, дар он вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Абдулло Раҳмонзода, Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба муҳити зист, уқёнусҳо ва моҳидорӣ Виргиниюс Синкявичюс, намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Осама Маккавӣ, намояндагони ташкилоту идораҳо ва зиёда аз 200 ҷавони фаъол аз 30 давлати дунё иштирок намуданд. 
Нахуст, вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода дар ифтитоҳи расмии маросим иброз дошт, ки мутобиқ ба қонунгузории умумибашарӣ ҳар як кӯдак ҳуқуқ ба таҳсилоти босифат, аз ҷумла ҳуқуқи дастрасӣ ба оби тоза, санитария ва беҳдошт ҳангоми таҳсил дар муассисаҳои таълимиро соҳиб мебошад. Дастрасии мувофиқ ба оби тоза, санитария ва беҳдошт дар муассисаҳои таълимӣ ҷузъи калидии муҳити бехатар, орӣ аз хушунату зӯроварӣ, фарогир ва самараноки таълим барои ҳар як кӯдак ва наврас ба шумор меравад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2022-2026 солҳои рушди саноат эълон гардидааст, ки ин тадбири муҳими сиёсӣ ва дорои аҳамияти муҳими иқтисодӣ ба мо шароит фароҳам меоварад, то ки имкониятҳои инноватсионии ҷавононро дар соҳаи об тавассути пешниҳоди малакаҳои соҳибкорӣ ва омӯзиши онҳо васеъ гардонида, аз дидгоҳҳои тозаи онон дар самти дастгирӣ ба об ва аз миён бардоштани мушкилоти мавҷуда дар сайёра дар ин ҷода босамар истифода барем. 
- Ҷавонон ҳамчун идомадиҳандаи сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар бояд дар ҳали мушкилиҳои пешистода бетараф набошанд. Ҷавонон бояд дар ҳалли мушкилоти имрӯза, аз ҷумла масъалаҳои марбут ба об нақши муҳим бозанд. Насли ҷавон бояд бо тамоми малакаҳои зарурӣ барои бунёди ояндаи устувор муҷаҳҳаз бошад. Аз ҷумла, сафарбар намудани ҷавонони кишварҳои олам барои амалҳои марбут вобаста ба об ва ба ин васила, саҳм гузоштан барои ноил гардидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор то соли 2030, мусоидат ва ҷалби насли наврас ба идоракунии самараноки захираҳои об, омода намудани мутахассисони ҷавон дар самти рушди технологияҳои нав, тарбия намудани дипломатҳои ҷавон барои пешбурди ҳамкорӣ дар соҳаи об, шароит фароҳам овардан барои олимони ҷавон барои гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ дар соҳаи об яке аз масъалаҳое мебошад, ки мо бояд дар ин самт фаъолият намоем, - қайд кард Абдулло Раҳмонзода-раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. 
Сипас, Осама Маккавӣ, намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон дар рафти суханронии худ ба аҳамияти ҷавонон дар бахши об чунин таъкид кард:
“Ҷавонон барои қабул ва озмоиши ғояҳо ва технологияҳои инноватсионӣ бештар кушодаанд, ки дар навбати худ метавонанд ба ноил шудан ба ҳадафҳои бунёдии устувории об ва самаранокии захираҳо мусоидат кунанд. Аз ин рӯ, дар сурати рушди малака ва имкониятҳо, ҷавонон метавонанд дар пешбурди ҳуқуқи инсон ба об ва санитария барои ҳама нерӯи пешбаранда бошанд”.
Маврид ба зикр аст, ки Форуми ҷавонон ва кӯдакон оид ба масоили об садҳо намояндагони ҷавонон ва тасмимгирандагонро аз саросари ҷаҳон барои муҳокима ва муайян кардани авлавиятҳо дар бораи чӣ гуна ҳукуматҳо ва ҷавонон метавонанд ба таври фарогир дар самти тезонидани ноил шудан ба Ҳадафҳои марбут ба об ба барномаи Рушди Устувор 2030 ҳамкорӣ кунанд, ҷамъ овард.
Ҳангоми муҳокимаи таҷрибаи худ бо механизмҳои идоракунии фарогири захираҳои об, иштирокчиёни ҷавон зарурати иродаи қавии сиёсии ҳукуматҳо барои муколама ва ҳамкорӣ бо роҳбарияти ҷавононро таъкид карданд. Ниҳоятан воситаҳо ва чораҳои амалӣ барои татбиқи Ҳадафи 6-уми Рушди Устувор эҷод мегарданд. Онҳо таъкид карданд, ки ин гуна воситаҳо бояд тавассути механизмҳои такмили иқтидори ҷавонон барои баланд бардоштани сатҳи донишҳои техникии онҳо дар бораи ин манбаи ҳаётан муҳим дастгирӣ карда шаванд. Бо зикри таҷрибаи тӯлонии ЮНИСЕФ дар рушди ҳамкориҳо дар соҳаи WASH, ҳамаи иштирокчиён ба Созмон барои фароҳам овардани платформа барои чунин муколамаҳои гуногунсоҳавӣ изҳори сипос намуданд.