ФАЗОИ САРМОЯГУЗОРӢ ДАР СОҲАИ МАОРИФ БЕҲТАР МЕГАРДАД

27-07-2018
Бо мақсади иҷрои банди 9 Протоколи ҷаласаи 18-уми Шӯрои машварати назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи маориф дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи 2-юми гурӯҳи корӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи маориф баргузор гашт. Дар кори ҷаласа муовини вазири маориф ва илм Ф. Усмонзода, мушовири иқтисодии Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон А. Ҷураев, сардори раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм Б. Музафаров, сардори раёсати рушди соҳаҳои иҷтимоии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Т. Маликов, сармутахассиси раёсати технологияҳои нави Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Ширинбекова,  директорони як қатор гимназияю коллеҷ ва соҳибкорон иштирок намуданд.
Ҷаласаро Ф. Усмонзода-муовини вазири маориф ва илм ифтитоҳ намуда, дар кори он бурдбориҳо таманно намуд. Сипас, Б. Музафаров-сардори раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм суханронӣ намуда, барномаи «Заминаҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодии рушди соҳибкорӣ дар соҳаи маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро муаррифӣ намуд. Масъалаҳои доир ба афзоиши демографӣ, зиёдшавии шумораи кӯдакони синни аз 3 то 6-сола, фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ, инноватсия ва салоҳият, ҷалбкунӣ ба раванди таълими бахши хусусӣ, иштироки волидайн дар раванди таълим, идоракунии самарабахш дар асоси алоқаи мутақобила, алоқаи зич бо бахши воқеии иқтисодиёт аз мавзӯъҳое буданд, ки зимни муаррифӣ ироа гардид. 
Директори муассисаи таълимии хусусӣ дар шаҳри Хуҷанд А. Ғанизода доир ба таъмини китобҳои дарсӣ дар муассисаҳои давлатӣ ва хусусӣ баромад намуд. Мушовири иқтисодии Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон А.Ҷураев даъват ба амал овард, ки гурӯҳи корӣ ҳисобот оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи маориф ва илм, басти тавсияҳо ва лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷкистон дар ин самт таҳия ва ба ҷаласаи ояндаи Шӯрои машварати назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон манзур намоянд. Дар мавриди андозбандӣ дар муассисаҳои хусусӣ директори литсейи хусусии «Раҳнамо» баромад намуд. Сардори раёсати рушди соҳаҳои иҷтимоии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Т.Маликов доир ба эълони Стратегияи милли рушди Ҷумҳурии Тоҷкистон барои давраи то соли 2030–ро, ки дар маркази он соҳаи маориф меистад, мавриди баррасӣ қарор дод.
Заминаҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодии рушди соҳибкорӣ дар соҳаи маориф яке аз самтҳои муҳим буда, дар доираи татбиқи Стратегияи милли рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат мекунад.
 Саймуҳаммад ИЗАТУЛЛО– 
мутахассиси Маркази
 матбуоти Вазорати маориф ва илм