ФАРОҒАТ БО КИТОБХОНӢ

03-08-2018
Беҳтар шудани фаъолияти истироҳатгоҳҳои беруназмактабӣ аз беҳтару хубтар шудани вазъ ва таваҷҷуҳи зиёд зоҳир кардани мақомоти дахлдор дарак медиҳад. Ташкил намудани шаклҳои гуногуни кор дар истироҳатгоҳҳо дар мисоли озмунҳо ва викторинаву бозиҳо аз омилҳоест, ки кӯлвори хотироти истироҳаткунандагонро рангинтар мегардонад. 
Ҷиҳати тадбиқи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҳамкорӣ бо лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем»-и USAID тасмим гирифтанд, ки истироҳатгоҳҳои тобистонаи беруназшаҳриро бо китобҳои бадеӣ таъмин ва ҳамзамон, дар якҷоягӣ баргузории озмуни «Китобхони беҳтарин»-ро ба роҳ монанд.
Тавре директори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ Умедҷон Сафарзода ба мо иттилоъ дод, ки то имрӯз дар 29 истироҳатгоҳи беруназшаҳрӣ ва наздимактабӣ озмуни «Китобхони беҳтарин» гузаронида шуд. Таъкид гардид, ки  озмун бо мақсади баланд бардоштани шавқу ҳаваси хонандагони болаёқату эҷодкор, сайқал додани маҳорати эҷодӣ, ташаккули қобилияти зеҳнӣ, инчунин тарбия намудани наврасон дар рӯҳияи баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, расидан ба қадри сулҳу субот, Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ гузаронида роҳандозӣ гардид.      
Озмун дар истироҳатгоҳҳои Мактаби байналмилалии Президентии шаҳри Душанбе, «Кайҳон», «Ҳамсафар», «Ширкент», Хонаи кӯдакони шаҳри Турсунзода (НТМ),  «Парвоз», «Оташак», «Сиёвуш», «Вохӯрӣ», «Чашма1», «Чашма2», «Уқобча», «Бодомча»,  «Маркази солимгардонии Суғд», «20-солагии Истиқлолият” (вилояти Суғд»), «Шоҳин», «Офтобак», хонаи кӯдакони ноҳияи Фархор, ноҳияи Муъминобод (Хатлон), «Сағирдашт», «Зинг» «Насими Ғунд»-и ВМКБ, истироҳатгоҳои беруназшаҳрии  «Зимчуруд», «Орзу», «Гулхан»  ва «Шарора» (шаҳри Душанбе) гузаронида шуд. Истироҳтакунандагоне, ки дар озмун ҷойҳои 1–ум, 2–юм ва 3–юмро ишғол намуданд, бо «Ифтихорнома»-и Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ сарфароз гардиданд. Инчунин, ба ҳар як  истироҳатгоҳ   миқдори муайяни  китоби бадеӣ (250 –ададӣ) тақдим карда шуд. 
  Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ тасмим гирифтааст, ки озмуни навбатиро зери унвони  «Дониш ва ҳунар» дар бастҳои минбаъда  ба роҳ монад.