ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ НАТИҶАГИРӢ ШУД

12-01-2021
12-уми январи соли равон дар толори мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он фаъолияти вазорат ва зерсохторҳои он дар соли 2020 натиҷагирӣ шуд. 
Дар ҷаласа Абдуҷаббор Раҳмонзода-Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Муҳаммадюсуф Имомзода-вазири маориф ва илм, Фарҳод Раҳимӣ-президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Муҳаммаддовуд Саломиён-муовини якуми вазир, Латофат Назирӣ ва Диловар Қодирзода-муовинони вазир, намояндагони як қатор вазорату кумитаҳо, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, сардорони сарраёсат, раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олиии касбӣ, директорони мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ, литсейҳои хонандагони болаёқат ва мактабҳои Президентӣ ва кормандони вазорат ширкат варзиданд.
Муовини якуми вазири маориф ва илм М. Саломиён дар бораи фаъолияти Вазорати маориф ва илм дар соли 2020 маърӯза кард. Мавсуф фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва фарогирии кӯдакон ба ин зинаи таҳсилот, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва баланд бардоштани сифати таҳсилот, таъмини муассисаҳо бо кадрҳои омӯзгорӣ, фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, марказҳои инкишофи кӯдак, иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, вазъи таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, саҳми муассисаҳои илмии тобеи вазорат дар таҳқиқу арзёбии низоми муосири таълим, рушди маблағгузории соҳа, сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои таълимӣ, рушди равобити байналмилалии вазорат, таъмини хонандагону муассисаҳои таълимӣ бо китобҳои дарсӣ ва маводи таълимӣ, татбиқи барномаҳои давлатӣ - «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020», “Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020”, «Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022», “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020” ва дар ин замина, “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2030”, “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021”, “Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021”-ро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.
Дар идомаи ҷаласа О. Мардов-сардори раёсати маорифи ВМКБ, М. Зувайдуллозода-директори мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе, Н. Муқимзода-мудири шуъбаи маорифи шаҳри Ҳисор, Д. Саидӣ-директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ба музокира баромада, фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соли 2020 қаноатбахш арзёбӣ намуданд. 
Сипас, А. Раҳмонзода-Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати беҳтар гардонидани сифати таҳсилот, омодагии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои кишвар барои гузаронидани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021, баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, тақвият бахшидани фаъолияти муассисаҳои таълимии тамоми зинаҳои таҳсилот, таъмини муассисаҳо бо китобҳои дарсӣ ва омӯзгорони соҳибихтисос, татбиқи амалии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, тибқи квотаи Президентӣ қабул намудани хонандагони лаёқатманди ноҳияҳои дурдасти кишвар ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва як қатор масъалаҳои дигари соҳа суханронӣ намуд. 
Дар фарҷоми ҷаласа М. Имомзода-вазири маориф ва илм изҳор дошт, ки роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарону намояндагони зерсохторҳои он ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми саъю талоши худро ба харҷ дода, ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда пешвоз хоҳанд гирифт.
Дар охир доир ба масъалаҳои баррасишуда ва таклифу пешниҳодоти ироашуда қарорҳои дахлдор қабул гардида, ба як қатор кормандони соҳа барои саҳми арзанда дар рушди соҳа ва фаъолияти хуб нишон додан дар соли 2020 Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд. 
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон