ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТОМАКТАБИРО ТАҚВИЯТ БОЯД БАХШИД

11-12-2020
Мусоҳиба бо муовини сардори раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Соҳибназар Сафаров
-Муаллими муҳтарам, нахуст мехостем дар бораи вазъи фарогирии кудакон ба муассисаҳои томактабӣ ва татбиқи барномаҳои  давлатӣ («Барномаи давлатии рушди тарбия ва  таълимии томактабӣ барои солҳои  2012-2016 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020») маълумот бидиҳед.
-Таҳсилоти томактабӣ яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи маориф маҳсуб ёфта, аз ҷониби Ҳукумати  ҷумҳурӣ мунтазам дастгирӣ меёбад. Қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба таҳсилоти томактабӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки назорат ва расондани ёрии методӣ ба субъектҳои раванди таълиму тарбия рӯ ба беҳбудӣ овардааст. Сол то сол шумораи муассисаҳои таҳсилоти тоамктабӣ ва фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои мазкур меафзояд. Теъдоди муассисаҳои томакматбӣ дар ҷумҳурӣ айни ҳол ба 662 ва шумораи тарбиятгирандагон ба 102175 расидааст, ки дар муқоиса бо солҳои 2018-2019 26 муассиса ва 5597 кӯдак  зиёд мебошад. Имрӯз дар Вилояти Мухтори  Кӯҳистони Бадахшон 26 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 2079 кӯдак, дар вилояти Хатлон 152 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 16622 кӯдак, дар вилояти Суғ д 272 муассисаи томактабӣ бо фарогирии  44507 кӯдак, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 78 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 9320 кӯдак ва дар шаҳри Душанбе 134 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 29647 кӯдак фаъолият менамоянд. Дар робита бо амалӣ намудани «Барномаи давлатии рушди тарбия ва таълими томактабӣ барои солҳои 2012-2016 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар самти таъсиси Маркази инкишофи кӯдак корҳои муайян амалӣ шуд. Агар чунин марказҳо дар соли таҳсили 2018-2019 1697 ададро бо ҷалби 46360 кӯдак дар бар гирифта бошанд, пас ин шондиҳанда дар соли таҳсили 2019-2020 ба 1771 расид, ки дар онҳо 49721 кӯдак  ба тарбия фаро гирифта шудаанд.
Аз ҷумла, дар ВМКБ 263 маркази инкишофи кӯдак бо фарогирии 6054 нафар кӯдак, дар вилояти Суғ д 438 марказ бо фарогирии 16289  кӯдак, дар вилояти Хатлон 797 марказ бо фарогирии 20017 кӯдак, дар шаҳри Душанбе 3 марказ бо фарогирии 155 нафар ва дар шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 270 марказ  бо фарогирии 7206 кӯдак фаъолият менамоянд. Аз таҳлилҳо бармеояд, ки фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ дар деҳот хеле кам аст. Ҷиҳат ба мактаб омода намудани кӯдаконе, ки ба муассисаҳои таълимии томактабӣ ҷалб нагардидаанд, бо супориши Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 21 январи соли 2015, №783 «Дар бораи фарогирии кӯдакони синни 7-сола ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар моҳи август», Вазорати маориф ва илм «Барномаи омода намудани кӯдакони синни 6-7-соларо ба таҳсил дар синфи 1» таҳия намуд. Дар моҳи августи соли 2019 шумораи кӯдакони тибқи ин барнома ба таҳсил дар мактаб фаро гирифта шуда, 222 365 нафарро ташкил дод, ки дар муқоиса бо соли 2018 2835 нафар зиёд мебошад. Мувофиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 шумораи кӯдакони аз 3 то 6-сола ба 1137400 нафар мерасад. Фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бояд аз 15,9 фоиз ба 40 фоиз расонида шавад.
-Дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ кадом масоилу мушкилоти ҳалталаб мавҷуданд, ки бартараф намудани онҳо ба  рушду пешрафти таълиму тарбия дар ин муассисаҳо мусоидат хоҳанд кард?
-Воқеан, шумо дуруст қайд кардед. Дар самти амалишавии ҳадафҳои стратегияе, ки дар назди кормандони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ қарор дорад, якчанд камбудию норасоиҳое ба назар мерасанд, ки рафъ намудани онҳо хеле зарур мебошад.
Соли 2019 «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» қабул гардид. Мақсад ва вазифаҳои асосии Барномаи зикршуда рушди зинаи таҳсилоти томактабӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, фарогири ҳарчи бештари кӯдакон ва амалӣ намудани нишондодҳои муҳим дар зинаи таҳсилоти томактабӣ  мебошад. Қайд кардан зарур аст, ки дар сурати амалӣ гардидани нишондодҳои барнома, дар низоми таҳсилоти томактабӣ дигаргуниҳои назаррас ба амал хоҳанд омад. Яке аз омилҳои баланд гардидани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои томактабӣ таъмини онҳо бо мутахассисони соҳибмаълумоту варзида ба шумор меравад. Ҳоло дар муассисаҳои томактабии шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ 97 66 нафар корманди педагогӣ фаъолият менамояд. Ҳарчанд муассисаҳои томактабӣ бо кадрҳои педагогӣ таъмин бошанд вале дараҷаи таҳсилоти мутахассисон ба талабот ҷавобгӯ набуда, аз 627 нафар роҳбари муассисаҳои томактабӣ 314 нафар бо таҳсилоти олии омӯзгорӣ, 230 нафар бо таҳсилоти олии ғ айрипедагогӣ, 24 нафар бо таҳсилоти олии нопурра, 32 нафар бо таҳсилоти миёнаи касбии омӯзгорӣ, 27 нафар бо таҳсилоти миёнаи касбии ғ айрипедагогӣ муассисаҳои таълимиро сарварӣ мекунанд. Инчунин, аз 9139 нафар корманди муассисаҳои томактабӣ (мушовирон, омӯзгорон, мураббиён, ёрдамчиёни мураббиён) 1603 нафар бо таҳсилоти олии омӯзгорӣ, 1037 нафар бо таҳсилоти олии ғ айрипедагогӣ, 617 нафар бо таҳсилоти миёнаи касбии омӯзгорӣ, 1317 нафар таҳсилоти миёнаи касбии ғ айрипедагогӣ ва 3365 нафар бо таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият менамоянд. Бояд таъкид кард, ки таъмиру азнавсозӣ, баргардонидани биноҳои кӯдакистонҳо дар аксар  шаҳру ноҳияҳо тибқи нақша ба пуррагӣ амалӣ нагардидааст. Баргардонидан, барқарор намудан ва таъмири муассисаҳои томактабӣ ва ташкили шаклҳои гуногуни муассисаҳои томактабӣ, аз ҷумла, марказҳои инкишофи  кӯдак ба зиммаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вогузор шудааст. Вале дар ин самт мақомоти дахлдор корҳои судмандро ба анҷом нарасондаанд. Имрӯз дар ҷумҳурӣ, дар маҷмӯъ 140 ҳолати ғ айримақсаднок истифода гардидани муассисаҳои таълимии таҳсилоти томактабӣ ба назар мерасад. Ба нақша гирифтани  масъалаи баргардонидани биноҳое, ки дорои шароити мусоид барои таълиму тарбияи кӯдакони синни томактабӣ мебошанд, ҷиҳати фарогирии бештари кӯдакон зарур аст. Аз таҳлили вазъи тарбияи томактабӣ бармеояд, ки баъзе муассисаҳои томактабӣ тӯли 25-30 соли охир аз таъмири асосӣ бароварда нашудаанд. Чунин муассисаҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ноҳияи Роштқалъа, Мурғ об, Шуғ нон, Ванҷ, Дарвоз), дар вилояти Хатлон (ноҳияи Вахш, Ҷ.Балхӣ, Темурмалик, Дӯстӣ, Ҷайҳун, Шаҳритус, Н.Хусрав, Хуросон, Панҷ, Абдураҳмони Ҷомӣ), дар вилояти Суғ д (шаҳрҳои Гулистон, Конибодом, Истаравшан, ноҳияҳои Зафаробод, Бобоҷон Ғ афуров, Деваштич) ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (шаҳрҳои Ҳисор, Ваҳдат, Турсунзода, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Нуробод, Рашт, Лахш, Сангвор) мавҷуданд. Ҳамчунин, таҳлили вазъи таълиму тарбияи томактабӣ дар кишвар нишон медиҳад, ки яке аз мушкилоти асосии имрӯза нокифоя будани маблағ гузории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба муассисаҳои томактабӣ мебошад. Солҳои охир таъмини кӯдакистону ширхоргоҳҳо бо ашёи таълимӣ беҳтар гардида бошад ҳам, дар ин самт вобаста ба талаби замон, ба хусус, дар деҳот вазъият беҳбудиро тақозо мекунад. Муассисаҳои таълимии томактабӣ ба мизу курсӣ, рахти хоб, таҷҳизоти варзишӣ, адабиёти бачагона, бозича ва асбобу васоити аёнии таълимӣ ниёз доранд. Маблағ и аз буҷети шаҳру ноҳияҳо барои хариди таҷҳизот ҷудошуда нокифоя буда, зарур аст, ки маблағ гузории соҳа таҷдиди назар карда шавад.
-Таъсис ва бунёди муассисаҳои таълимии хусусӣ аз  ҷониби соҳибкорон дар чӣ вазъ қарор дорад? Оё ҳалли масъалаи номбурда, дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ қонеъкунанда аст? Ҳамин мавзӯъро  муфассалтар шарҳ медодед.
-Бояд қайд кард, ки дар ин самт бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020» аз 3 майи соли 2014, №295 қабул гардид. Мақсади асосии Барнома андешидани тадбирҳо ҷиҳати дастгирии давлатии рушди соҳибкории хусусӣ дар самти ташаккул ва рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ буда, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо бояд дар самти ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ бо роҳҳои додани имтиёзҳо ва дигар намуди ҳавасмандгардонӣ дар татбиқи барнома корро вусъат бахшанд. Дар сурати татбиқ гардидани Барнома то соли 2020 фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактаӣ ба 30 фоиз мерасид. Тибқи талаботи Барнома дар давоми соли 2014 - 40 муассиса, соли 2015-136 муассиса, соли 2016-147 муассиса, соли 2017-173 муассиса, соли 2018-179 ва дар соли 2019-184 адад муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ таъсис дода мешуд. Мутаассифона, дар ин муддат дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 95 муассисаи томактабии хусусӣ ба фаъолият оғ оз намуд, ки ин 11,1 фоизи иҷрои барномаи зикршударо ташкил медиҳаду халос.
Мувофиқи маълумот, айни замон дар ҷумҳурӣ 168 муассисаи томактабии хусусӣ ва марказҳои хусусӣ инкишофи кӯдак бо фарогирии 9234 кӯдак фаъолият менамояд. Соли равон дар ҷумҳурӣ 8 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ барои 1300 нафар тарбиятгиранда дар шаҳру навоҳии Душанбе, Ҳисор, Исфара, Бобоҷон Ғ афуров, Мастчоҳ ва Шаҳринав сохта ба истифода дода шуд. Дар шаҳри Душанбе кӯдакистони хусусии назди Мактаби байналмилалии Президентӣ барои 120 нафар кӯдак, дар Ҷамоати деҳоти Ғ озиёни ноҳияи Бобоҷон Ғ афуров кӯдакистони хусусии «Уқобча» барои 150 нафар тарбиятгиранда, дар  ноҳияи Мастчоҳ 2 кӯдакистони хусусӣ, кӯдакистони хусусии «Ваҳдат» дар шаҳраки Бӯстон аз ҷониби соҳибкор Сафия Ҳасанова барои 160 нафар тарбиятгиранда (ба маблағ и 1,5 миллион сомонӣ) ва кӯдакистони хусусии «Насли Ориё» аз ҷониби соҳибкор Оймаҳмад Шарифов  барои 80 нафар тарбиятгиранда сохтаву мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Ҳамчунин, дар шаҳри Ҳисор кӯдакистони хусусӣ барои 220 тарбиятгиранда аз ҷониби соҳибкор Абдурозиқ Саидов ва дар ноҳияи Шаҳринав, кӯдакистонҳои «Нури ирфон» барои 240 нафар ва «Назокат» барои 150 нафар ба истифода дода шуданд. Ҳарчанд ки дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Ҳисор, Сарбанд, Хуҷанд, Конибодом, Панҷакент, Бӯстон ва Бобоҷон Ғ афуров дар самти татбиқи талаботи Барнома ҷиҳати таъсиси муассисаҳои таҳсилоти томактабии хусусӣ корҳои зарурӣ ба сомон расонида шуда бошанд ҳам, дар шаҳру навоҳии ВМКБ (ба истиснои шаҳри Хоруғ ), дар шаҳри Истиқлол, ноҳияҳои Зафаробод, Ашт, Деваштич, Шаҳристон, Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғ д, дар ноҳияҳои Н.Хусрав, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Хуросон, Восеъ, Ёвон, Ховалинг, Балҷувон, Абдураҳмони Ҷомӣ, Вахш, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун, Панҷ, Шаҳритус, Данғ ара, Фархор, Шамсиддини  Шоҳин, Темурмалик, Дӯстӣ ва шаҳри Нораки вилояти Хатлон, шаҳри Роғ ун, ноҳияҳои Варзоб, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Лахш ва Сангвор ҳеҷ коре ба анҷом расонида нашуда, ягон муассисаи таҳсилоти умумӣ ва томактабии хусусӣ бунёд нагардидааст.
-Ба андешаи шумо,  кадом мушкилоту проблемаҳои ҷиддӣ дар  самти таҳсилоти томактабӣ то ҳанӯз боқӣ мондаанд?
-Бояд қайд  кард, ки дастгирӣ ва мусоидат ба рушди низоми таҳсилоти томактабӣ аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ба таври доимӣ эҳсос мегардад. Тасдиқ шудани Лоиҳаи Бонки ҷаҳонӣ «Оид ба рушди барвақтии кӯдак барои солҳои 2020-2026» ба низоми таҳсилоти томактабии кишвар таъсири мусбат гузошт. Ин лоиҳа дар доираи маблағ ҳои Бонки Ҷаҳонӣ барои сохтмон, таҷдид, таъмир, таъсиси марказҳои инкишофи кӯдак, нашри дастурҳои методӣ, такмили ихтисос дар доираи 14 ноҳияи  пилотӣ амалӣ карда мешаванд. Аз ҷумла, дар самти фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти тоамктабӣ, сохтмон ва барқарорсозии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати  таълиму тарбия, такмили ихтисос ва ғ айра дигаргуниҳои ҷиддӣ ба амал хоҳад омад. Сарфи назар аз саъю талошҳои солҳои охир оид ба дастгирӣ ва рушду такомули кӯдакони синну соли томактабӣ, дар ин соҳа ҳанӯз проблемаҳои ҷиддӣ боқӣ мондаанд. Инҳо: сатҳи пасти фарогирии  кудакони синну соли тоамктабӣ бо барномаҳои таҳсилоти томактабӣ, маблағ гузории нокифои буҷетӣ, мушкилоти дастрасии кӯдакони дорои имкониятҳои маҳдуд ва кӯдакони деҳот ба таҳсилоти томактабӣ, кӯҳна будани барномаю технологияҳои таълимӣ, таҳия нагардидани барномаҳои таълимӣ барои кӯдакони то 3-сола, мавҷуд набудани китобҳои ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир барои кӯдакон, нашрияҳои илмию методӣ барои кормандони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, нарасидани кадрҳои баландихтисоси педагогӣ ва номутобиқатии омодагии кадрҳои педагогӣ ба талаботи замонавии рушду такомули кӯдакони хурдсол, нарасидани кормандони педагогии дорои таҳсилоти махсус (методистон, равоншиносон, кормандони мусиқиву тиббӣ), инчунин, мутахассисони соҳаи томактабӣ дар раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, (маоши вазифавии мураббиён ба музди меҳнати омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ баробар карда шудааст, ки ҳанӯз кам аст), кӯҳна будани ҷиҳозу лавозимот, (аз ҷумла, барои варзиш), бозичаҳо, васоити аёнии таълимӣ ва теъдоди ночизи китобҳо дар китобхонаҳои кӯдакистонҳо ба шумор мераванд. Ҳамчунин, хотирнишон бояд намуд, ки бинои кӯдакистонҳо ба таъмири асосӣ ниёз доранд, ғ изодиҳӣ ва ҳолати санитарию гигиении муассисаҳои томактабӣ ғ айриқаноатбахш мебошад. Дар деҳот системаи ягонаи таъминот бо об ва гармӣ вуҷуд надорад.
Бинобар ин, зарур аст, ки раёсат ва шуъбаҳои маорифи вилоят, шаҳр ва ноҳияҳо дар самти бартараф кардани ин мушкилот чораҳои  амалӣ андешанд.
 
Мусоҳиб
Шодӣ РАҶАБЗОД