Дӯстии устод Айнӣ ва Абдулло Қодирӣ

12-03-2018
Садриддин Айнӣ бо Абдулло Қодирӣ (муаллифи романи машҳури «Рӯзҳои гузашта») танҳо шинос не, балки дӯстони ҷонӣ, бародарони ҳақиқӣ, ҳамкору ҳамқадам ва чун хешу табор буданд. Дӯстии онҳо дар солномаҳои таърихи адабии тоҷику ӯзбек бо ҳарфҳои заррин навишта шудааст.
Дар ин бора писари Абдулло Қодирӣ Ҳабибулло Қодирӣ дар китобаш «Дар бораи падар» маълумотҳои дақиқ ва ҷолиб медиҳад. Ӯ дар бораи ташриф овардани устод Айнӣ ба хонадонаш ва дар навбати худ ташрифи Абдулло Қодирӣ ба хонадони домулло Айнӣ, суҳбатҳои шавқовар намудани ин ду адиби бузург бо мароқ ҳикоя мекунад.
Чунончи, Ҳабибулло дар хусуси воқеаҳои соли 1932 мулоҳиза намуда, қиссаи ба хонадонаш ташриф овардани драматург ва шоир Ғулом Зафарӣ нақл карда, хотираҳои ба Самарқанд сафар кардани ӯро ба қалам додааст. Ғулом Зафарӣ дар Самарқанд меҳмони домулло Айнӣ буданаш, аз ӯ иззату икром диданашро ба Абдулло Қодирӣ нақл кардааст.
Далелҳои тасдиқкунандаи аз эҷодиёти якдигар баҳраманд гаштани устодон Айнӣ ва Қодирӣ зиёд аст. Масалан, Абдулло Қодирӣ асарҳои Садриддин Айниро мутолиа намуда, аз онҳо завқи эстетикӣ бурданашро бо ҳиссиёти баланд қайд кардааст. Дар ин бора Боис Қориев–Олтой дар «Умри эҷод боқӣ аст» ном мақолааш маълумоти дақиқ додааст. Ӯ рӯзе дар идораи рӯзномаи «Қизил Ӯзбекистон» аз Абдулло Қодирӣ мепурсад, ки асарҳои кадом нависандагонро дӯст медорад? Қодирӣ ҷавоб медиҳад:
– Садриддин Айнӣ бароям адиби писандида аст. Ӯ адабиёти классикиро хуб ва ҳаматарафа медонад. Асарҳояш пурмағз. Хонед, зиқ намешавед, асарҳояшро хонда кас завқ мегирад, оҳанрабо барин ба худ мекашанд асарҳои Айнӣ ҳар касро.
Аз ин мисолҳо маълум мешавад, ки меҳру муҳаббат ва ихлоси Абдулло Қодирӣ ба домулло Айнӣ беҳад баланд будааст. Аз хотираҳо маълум мешавад, ки устод Садриддин Айнӣ баъди ба поён расондани қиссаи «Одина» онро аз нигоҳи Абдулло Қодирӣ гузаронида будаанд. Дар ин бора мухбири махсуси дар Самарқанд будаи рӯзномаи «Қизил Ӯзбекистон» Салим Каримов ва доктори фанҳои филология, забоншинос Собирҷон Иброҳимов гувоҳӣ додаанд. 
– Ман дар нашриёти давлатии Ӯзбекистон мухбири адабӣ будам,– менависад Собирҷон Иброҳимов. – Моҳи августи соли 1930 ба ҳузури Шокир Сулаймон, ки мудири адабиёти нашриёт шуда кор мекард, як шахси зардина омад. Шокир Сулаймон ӯро бо илтифоти бузург қабул намуд ва маро ба ҳузураш даъват намуда гуфт: - Ин кас Абдулло Қодирӣ–Ҷулқунбой. Ва як дастхати калонҳаҷмро нишон дода, илова кард: - ин асари домулло Айнӣ. Онро ҳамроҳи Абдулло Қодирӣ дида бароед. Дастхат бо дасти Садриддин Айнӣ бо хати арабӣ навишта шуда, нусхаи ӯзбекии қиссаи «Одина» буд. 
Мо бо Абдулло Қодирӣ якҷоя дастхатро хонда, хатоҳои грамматикӣ ва имлоиро ислоҳ намудем. Алалхусус, Абдулло Қодирӣ дар ин масъала бисёр эҳтиёткор буд. Ӯ ҷумлаҳои зарурати ислоҳдоштаро бо домулло Айнӣ маслиҳат намуда, бо розигии устод қалам мезад. 
«Домулло Айнӣ ба таҳрири мо эътироз намекарданд, баръакс, хурсандии худашонро бо самимият баён мекарданд»,–менависад Собирҷон Иброҳимов. Худи устод Айнӣ дар мактубе ба нашриёт чунин сатрҳоро оварда буданд: «Менинг ӯзбекчам унча йӯқ. Шу сабабли камчиликларнинг таҳрир давомида тузатилишига ишонаман». Мазмунаш чунин аст: «Ба ӯзбекӣ он қадар мумтоз нестам. Аз ин рӯ, бовар дорам, ки нуқсонҳои мавҷуда дар давоми таҳрир ислоҳ мешаванд». Ҳамин тавр, мо бо Абдулло Қодирӣ якҷоя дастхатро таҳрир намуда, ба мудири нашриёт Шокир Сулаймон супоридем.
Мухбири рӯзномаи «Қизил Ӯзбекистон» таъкид меканад, ки устод Айнӣ низ Абдулло Қодириро бо меҳри устодӣ дӯст медошт. Устод ба қалами ӯ, ба истеъдоди ӯ баҳои калон додааст. Ҳатто аз баъзе асарҳояш иқибос оварда, шогирдашро дастгирӣ намудааст. Чунончи, дар асари «Одина» манзараи гуфтугӯи Одина ва Сангин нишон дода шудааст, ки дар охири ин гуфтугӯ аз забони Сангин порчае шеър меорад:
Кеча-кундуз ишлаган,
Нон дебон тош тишлаган.
Оғир исён бошлаган,
Мардикорлар қулмиди?..
Ё эгаси улмиди?
Дар охири саҳифа устод Садриддин Айнӣ чунин эзоҳ медиҳад: «Ин чор сатр ба шеъри дар боби «Чилдухтарон»-и «Каждум аз меҳроб» ном романи Абдулло Қодирӣ (Ҷулқунбой), ки бо тахаллуси «Назмӣ» навишта шудааст, аз ҷиҳати шакл монанд аст».
Ин лавҳаҳо, ки дар боло зикр шудаанд, аз мавҷуд будани муносибатҳои дӯстона дар байни устод Айнӣ ва адиби ӯзбек Абдулло Қодирӣ гувоҳӣ медиҳанд. Писари Абдулло Қодирӣ Ҳабибулло «шиносоӣ ва ҳамкорӣ дар байни ин ду бузургвор  ҳанӯз пеш аз Инқилоб сар шуда буд», - мегӯяд, ки ба ин шубҳае нест.
Ҳабибулло Қодирӣ дар «Абдулло Қодирӣ ва Айнӣ» ном мақолааш порчаи зеринро меорад:
«Арафаи баромадани зимистони соли 1935, ҳар ҷо барф мондааст, ки аз борон об шуда истодааст. Як рӯз бегоҳӣ Сад-риддин Айнӣ, Шокир Сулаймон ва Ғулом Зафарӣ ба хонадони мо ташриф оварданд. 
Айнӣ шахси китфдор, тануманд, фарбеҳрӯй ва сафедмӯй буда, дар сараш телпаки гӯшакдор, аз болои хилъати пахтагини ба чакман монанд ҷомаи хокистарранг пӯшидагӣ, дар пояш мӯза дошт. 
– Мулло Абдулло, ҷоятон аҷиб, пастобаланд, – гуфт Сад-риддин Айнӣ.
Падарам хандиду аз чӣ бошад, ҷавоб надод. Аз сухани устод фаҳмидам, ки ӯ ба хонаи мо бори аввал ташриф овардаанд. Меҳмонон ба сандалӣ нишастанд…
Вақти зиёфат пеш аз таом ман дастшӯй ва обдаста гирифта, ба дасти меҳмонҳо об рехтам. Домулло Айнӣ дасташонро шуста истода пурсиданд:
–Дар куҷо мехонӣ, мулло Ҳабибулло?
– Дар медрабфак,–гуфтам ман.
Ӯ суханамро нафаҳмидагӣ барин ба сӯи падарам нигоҳ кард ва аз падарам эзоҳ гирифта, ба ман гуфт:
– Ҳа, ҳа, доктор мешавам гӯй, боракалло,– ӯ ба сӯи падарам нигоҳ кард: —Писаратонро ба соҳаи касби худатон накашидед-дия, мулло Абдулло.
Падарам нимтабассум карда, бо андеша ҷавоб дод:
– Аввал доктор шуда гирад-чӣ, домулло… Соҳаи мо, медонед, ки хониши махсус талаб намекунад… Истеъдод, хоҳиш, саъю кӯшиш бошад, кифоя. Баъд медонед, соҳаи мо серҷанҷол…»
Аз ин лавҳа маълум мешавад, ки Садриддин Айнӣ ва Абдулло Қодирӣ дар баробари дар эҷод ҳамкор будан дар ҳаёт низ бо якдигар ҳаммаслак, дӯсту бародар будаанд. Шиносоӣ ва дӯстиву ҳамкорӣ байни Садриддин Айнӣ ва Абдулло Қодирӣ ба муносибатҳои дӯстонаи ду халқи ҳамсоя – тоҷикону ӯзбекон табдил ёфтааст. 
 
Сулаймон ЭРМАТОВ, 
узви Иттифоқи
нависандагони  Тоҷикистон