Донишгоҳи СҲШ

28-04-2021
Соли 2021 ба таъсис ёфтани Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) 20 сол пур мешавад. Мутобиқи муқаррароти СҲШ, соли 2021 раёсат дар СҲШ аз Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт. Иҷлосияи ҷашнии сарони кишварҳои узви СҲШ соли 2021 дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд. Кишвари мо омодагиро ҷиҳати пазируфтани раёсат дар СҲШ дар солҳои 2020-2021 оғоз намуда, ният дорад, ки дар рушди минбаъдаи созмон саҳми арзанда гузорад.
СҲШ созмони байналмилалӣ буда, соли 2001 бо дастгирии сарони Ҷумҳурии Мардумии Чин, Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Тоҷикистон, Кирғизистон ва Ӯзбекистон таъсис ёфтааст. Айни замон Созмон аз ҳашт давлати аъзо (Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон), чаҳор давлати нозир (Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Муғулистон) ва шаш давлати шарикони мусоҳибавӣ (Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Арманистон, Шоҳигарии Камбоҷа, Ҷумҳурии Федеративии Демократии Непал, Ҷумҳурии Туркия ва Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка) иборат мебошад.
СҲШ доираи васеи ҳамкории минтақавиро дар бар мегирад ва масоҳати умумии давлатҳои аъзои он тахминан 34,3 млн. км. мураббаъ ва ҷамъи аҳолии онҳо зиёда аз 3,6 млрд. нафар ё 43,8% аҳолии умумии кураи Заминро ташкил медиҳад. Ҳадафҳои асосии СҲШ инҳоянд: таҳкими боварии мутақобилан судманд ва ҳамсоягии неки кишварҳои аъзо; мусоидат ба ҳамкории самарабахш дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ, техникӣ ва фарҳангӣ, инчунин дар соҳаи маориф, энергетика, нақлиёт, туризм, ҳифзи муҳити зист ва ғайра; таъмини якҷоя ва таъмини сулҳ, амният ва субот дар минтақа; пешравӣ дар ташкили тартиботи демократӣ, одилона ва оқилонаи байналмилалӣ дар соҳаи сиёсӣ ва иқтисодӣ.
Дар доираи фаъолияти судманд дар соҳаи маориф ҳангоми баргузории мулоқоти вазирони маориф ва илми давлатҳои аъзои СҲШ 28 октябри соли 2008 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон, лоиҳаи Созишнома оид ба таъсис ва фаъолияти Донишгоҳи СҲШ пешниҳод карда шуд, ки он 6 июни соли 2017 дар шаҳри Остона аз ҷониби 5 кишвар, Ҷумҳурии Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия, Хитой ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шуд. Донишгоҳи СҲШ дар доираи лоиҳаи Фазои таълимии ягонаи аврупоӣ дар Осиё ва дар самти таҳвили низоми балонии таҳсилот таъсис  ёфтааст. Самтҳои асосии фаъолияти Донишгоҳи мазкур дар доираи Созишномаи зикргардида аз рӯи бахшҳои минтақашиносӣ, энергетика, нанотехнология, IT-технология, экология, педагогика ва иқтисодиёт ба роҳ монда шудааст. Бояд гуфт, ки дар ҳайати Донишгоҳи СҲШ 82 донишгоҳу донишкадаҳо аз кишварҳои Чин, Россия, қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон фаъолият доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 апрели соли 2018  дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҳайати Донишгоҳи СҲШ  шомил гардид. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Тоҷикистон – Россия, Донишгоҳи соҳибкорӣ ва хизмат, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ба ҳайати Донишгоҳи СҲШ шомил аст. Бояд тазаккур дод, ки ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталиф, аз қабили мубодилаи донишҷӯён, дар зинаҳои магистратура, аспирантура, гузаронидани конференсияҳои илмӣ, методӣ, такмили ихтисоси омӯзгорони ҷавон, табодули  таҷрибаи омӯзгорон, гузаронидани пажӯҳишҳои илмӣ, таълифи китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ, монографияҳо, мақолаҳои илмӣ,  коромӯзии омӯзгорон, таҷрибаомӯзии истеҳсолию таълимӣ ба роҳ монда шудааст.
Мутобиқи моддаи 4 Созишномаи Донишгоҳи СҲШ қабул ва таҳсил дар донишгоҳҳои асосӣ (базавӣ) тибқи барномаҳои муштараки таълимӣ дар асоси қонунгузории давлатҳои иштирокчии Созишномаи мазкур ва мувофиқи Шартномаи байни донишгоҳҳои асосӣ (базавӣ) амалӣ мегардад.
Таҳсил дар донишгоҳҳои асосӣ (базавӣ) бо забонҳои расмии СҲШ – русӣ ва хитоӣ, инчунин, бо забони давлатии кишварҳо ба роҳ монда шудааст. Тибқи Шартнома оид ба таҳсил имкони бо забони англисӣ соҳиби маълумот шудан низ муқаррар карда шудааст.
Низоми таҳсил дар Донишгоҳи Созмони ҳамкориҳои Шанхай
Донишҷӯе, ки аз рӯи барномаҳои Донишгоҳи СҲШ таҳсил менамояд, ҳуқуқ дорад аз дилхоҳ семестр таҳсилашро дар муассисаи дигари аъзои Донишгоҳи СҲШ, ки дар он барномаҳои мувофиқашуда амалӣ карда мешаванд, идома диҳад. Қабули донишҷӯён дар асоси бурсияҳои дуҷонибаи мувофиқашуда барои донишҷӯёни донишгоҳҳои аъзои Донишгоҳи СҲШ татбиқ мегардад. Маблағи бурсияҳои ҷудошуда  дар маҷмӯъ бояд, ки ба пардохти ҳаққи  аъзогии кишварҳои аъзои СҲШ ба буҷаи Донишгоҳи СҲШ мувофиқ бошанд. Чунин бурсияҳо ҳамасола аз ҷониби кишварҳо муайян карда мешаванд. Ҳамчунин, донишҷӯён метавонанд аз тариқи Шартнома дар донишгоҳҳои СҲШ таҳсил намоянд.
Хатмкунанда  дипломи он донишгоҳеро ба даст меорад, ки пурра барномаи таълимиро аз худ намудааст ва имтиҳонҳои мувофиқашударо супоридааст. Айни ҳол кишварҳои аъзои СҲШ ҷиҳати ҷорӣ намудани дипломи ягонаи Донишгоҳи СҲШ корбарӣ доранд.
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии аъзои Донишгоҳи СҲШ дар доираи Созишнома оид ба таъсис ва фаъолияти ин Донишгоҳ ва дигар санадҳои дуҷониба ҳамкориро ба роҳ мондааст.  Аз ҷумла, вазорат  ҷиҳати иҷрои нақшаи пешбинигардидаи СҲШ рӯзҳои 22-23 ноябри соли 2018 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон XII ҳафтаи таҳсилоти кишварҳои аъзои СҲШ зери унвони “Таҳсилот бидуни марз”-ро баргузор намуд.  Дар чорабинии мазкур ҳайати намояндагони кишварҳои иштирокчии Донишгоҳи СҲШ иштирок намуданд. Дар доираи чорабинии мазкур ҷаласаи доимоамалкунандаи гурӯҳи кории коршиносони кишварҳои аъзои СҲШ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, мизҳои муддавар оид ба самтҳои тайёр намудани кадрҳои баландихтисос, нақшаи амалинамоии чорабиниҳои асосии Донишгоҳи СҲШ барои  солҳои 2018-2019 коркард ва қабул карда шуда, оид ба коркарди ихтисосҳои нав дар зинаи магистратура тавсияҳо дода шуданд.
Тибқи нишондодҳои оморӣ айни ҳол дар доираи барномаҳои мубодилаи донишҷӯён ва устодон аз теъдоди муасисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ, ки узви Донишгоҳи СҲШ мебошанд,  аз рӯи барномаҳои мубодилавӣ  236 донишҷӯ дар донишгоҳҳои узви Донишгоҳи СҲШ  бештар аз рӯи барномаҳои магистратура дар риштаи забономӯзӣ  ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Аз ин теъдод, ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 71 нафар, Донишгоҳи аграрии  Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур 66 нафар, Донишгоҳи  славянии Тоҷикистону Россия 43 нафар, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон 9 нафар, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода 9 нафар, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ 11 нафар, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон 3 нафар, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ 4 нафар, Донишгоҳи соҳибкорӣ ва хизмат 3 нафар  рост меояд. Дар самти нанотехнология бештари донишҷӯён аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба барномаҳои мубодилавӣ фаро гирифта шудаанд. Дар зарфи ду соли охир зиёда аз 10 устоди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино аз рӯи барномаи мубодилаи устодон дар донишгоҳҳои узви Донишгоҳи СҲШ табодули таҷриба намудаанд.
Муассисаи таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон дар панҷ соли сипаришуда бо зиёда аз 50 муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои Россия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Хитой дар доираи Созишнома оид ба таъсис ва фаъолияти Донишгоҳи СҲШ  Созишнома ва Ёддоштҳои тафоҳум баимзо расонидаанд. Дар доираи талаботи Оинномаи  Созмони ҳамкориҳои Шанхай аз 7 июни соли 2002 ва Стратегияи СҲШ то соли 2025 ва созишномаҳои байниидоравӣ дар назди чанде аз муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ факултетҳои муштарак донишгоҳҳои узви СҲШ ифтитоҳ ёфтаанд.
Дар заминаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давталии Беларус аз соли 2015 инҷониб ихтисоси муштарак аз рӯи равияҳои информатикаи татбиқӣ (таъмини барномавии системаи компютерӣ), математика ва технологияҳои информатсионӣ, амнияти компютерӣ амал намуда,  дар он донишҷӯён ду  соли аввалро (курсҳо1 ва 2) дар Донишгоҳи миллӣ ва курсҳои се ва чорумро дар Донишгоҳи давлатии  Беларус бо шумули имтиҳонҳои давлатӣ ва ҳимояи кори хатм ба итмом мерасонанд.  
Дар  Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ факултети муштарак бо Донишгоҳи техникии Беларус аз рӯи ихтисосҳои равияи мошинсозӣ, технологияи мошинсозӣ, металлшиносӣ дар мошинсозӣ, мошинҳо ва таҷҳизоти куҳӣ (коркарди зеризаминӣ ва корҳои кушодаи кӯҳӣ) ва дар  ихтисосҳои равияи сохтмонӣ сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ, экспертиза ва идораи амволи ғайриманғул, роҳҳои автомобилгард, купрӯкҳо, нақбҳои нақлиётӣ ва метрополитенҳо, ҳамчунин ихисосҳои сохтмони хоҷагиҳои об ва равияҳои энергетикӣ кадрҳо омода карда мешаванд. Зинаи аввали таҳсил (курси 1-2) дар ҷумҳурии Тоҷикистон ва зинаи дуюм (курсҳои 3-6) дар ҷумҳурии Беларус роҳандозӣ мешавад.
Ҳамзамон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии Полотски Ҷумҳурии Беларус ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои тарафайн соли 2017 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Дар ин замина Донишгоҳи технологии Тоҷикистон факултети муштараки Тоҷикистон – Беларусро аз рӯи ихтисосҳои   1-360701-мошинҳо ва дастгоҳҳои истеҳсолоти кимиёвӣ ва корхонаҳои масолеҳи  сохтмонӣ, 1-700501-лоиҳакашӣ, бунёд ва истифодабарии   қубурҳои  газу  нафт ва  анборҳои  газу нафт, 1-500201-тарҳрезӣ ва технологияи маҳсулот аз чарм ва 1-50020101-технологияи пойафзол таъсис додааст.
Ҳамин тариқ,  айни ҳол беш аз 1700 донишҷӯ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти факултетҳои муштараки амалкунанда дар донишгоҳҳои узви СҲШ  дар зинаҳои бакалавр, магистратура ва забономӯзӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Илҳом Камолзода,
сардори раёсати муносибатҳои байналмилалии
 Вазорати маориф
ва илми ҶТ,
Ноилшоҳ Нурализода,
“Омӯзгор”