ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ БАРОИ ХОНАНДАГОНИ СИНФИ 11 АЗ ФАНҲОИ ТАБИӢ-РИЁЗӢ ҶАМЪБАСТ ГАРДИД 

29-03-2021
  Рӯзҳои 27-28–уми марти соли 2021 дар Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Ҳисор даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ аз фанҳои табиӣ-риёзӣ баргузор гардид.
   Дар олимпиадаҳои мазкур 498 нафар хонанда, аз ҷумла аз мактабҳои таҳсилоти умумӣ 243 нафар ва аз мактабҳои типпи нав 255 нафар иштирок намуда, 175 нафар сазовори ҷойҳои якум, дуюм, сеюм гардиданд. 
   Бояд зикр кард, ки хонандагон дар олимпиадаи фанни география ба номи Носири Хусрав, фанни математика ба номи Умари Хайём, фанни физика ба номи Абурайҳони Берунӣ, фанни биология ба номи Абӯалӣ ибни Сино, фанни химия ба номи Закариёи Розӣ ва фанни технологияи иттилоотӣ ба номи Ал–Хоразмӣ иштирок намуда, 29 нафар соҳиби медали тилло, 49 нафар соҳиби медали нуқра ва 97 нафар соҳиби медалҳои биринҷӣ гардиданд.   
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон