ДАВРИ МИНТАҚАВИИ ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННИИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ УМУМИИ ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ТОБЕИ ҶУМҲУРӢ ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

12-02-2021
 
Рӯзҳои 30-31 январи соли 2021 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и ноҳияи Рӯдакӣ даври минтақавии олимпиадаҳои фаннии муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз фанҳои табиӣ-риёзӣ ва ҷамъиятӣ-гуманитарӣ барои хонандагони синфҳои 9-10 баргузор гардид.
Дар олимпиадаҳои мазкур 954 нафар хонанда, аз ҷумла аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ 446 нафар ва аз фанҳои табиӣ-риёзӣ 508 нафар хонанда иштирок намуда, дар натиҷаи ҷамъбасти олимпиадаҳо 127 нафар (28 тилло, 30 нуқра, 69 биринҷӣ) сазовори ҷойи якум, дуюм ва сеюм гардиданд. 
 
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон