ДАВРИ ҶАМЪБАСТИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ” ОҒОЗ ГАРДИД

07-12-2020
Субҳи имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” оғоз шуд, ки дар маросими ифтитоҳии он Абдуҷаббор Раҳмонзода-Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Муҳаммадюсуф Имомзода-вазири маориф ва илм, Фарҳод Раҳимӣ-президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Низом Қосим-раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, роҳбарият ва намояндагони як қатор вазорату кумитаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, аъзои ҳакамон ва иштирокдорони озмун ширкат намуданд.
Дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, вазири маориф ва илм Муҳаммадюсуф Имомзода, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ва раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим суханронӣ намуда, зикр доштанд, ки озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» бо иқдомҳои наҷибу фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, озмуни имрӯза бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти нерӯи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла тарбиятгирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар) тибқи Амри Президент аз рӯйи панҷ номинатсия баргузор мегардад.
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, дар натиҷаи ҷамъбаст ва муайян намудани ғолибони даври сеюми озмун дар даври чорум-даври ҷумҳуриявӣ 9 нафар аз ВМКБ, 60 нафар аз вилояти Суғд, 79 нафар аз вилояти Хатлон, 58 нафар аз шаҳри Душанбе ва 62 нафар аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок менамоянд. 
Тибқи нақшаи тасдиқгардида озмун барои иштирокчиёни ҳар минтақа дар рӯзҳои алоҳида баргузор хоҳад шуд. Озмун барои иштирокчиён аз ВМКБ рӯзи 7-уми декабр, барои иштирокчиёни вилояти Суғд рӯзҳои 7-8 декабр, барои иштирокчиён аз вилояти Хатлон рӯзҳои 9-11-уми декабр, барои иштирокчиён аз НТҶ рӯзҳои 12-13-уми декабр ва барои иштирокчиён аз шаҳри Душанбе рӯзҳои 13-15-уми декабри соли ҷорӣ ҳамарӯза аз соати 9:00 то 16:00 аз рӯйи номинатсияҳои хондан ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик, хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик, хондан ва аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик, хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон ва номинатсияи шоирӣ доир мегардад.
Озмуни мазкур аз озмуни соли гузашта ба куллӣ фарқ дошта, ҳар номинатсия аз рӯи сифати иштирокчиён ба се гурӯҳ ҷудо шудааст: тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ; донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо); калонсолон ва намояндагои касбу кори гуногун (омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии мамлакат).
Барои дар сатҳи баланд ва шаффоф ташкил, баргузор ва ҷамъбаст намудани даври ҷамъбастии озмун рафти баргузории он пурра тавассути ВАО инъикос карда мешавад. Ҳамчунин, барои волидон ва хоҳишмандон дар толорҳои алоҳида барои ҳар номинатсия шароити мусоид фароҳам оварда шудааст, ки ба таври мустақим рафти баргузории озмунро назорат мекунанд. 
Ҳамзамон, аз ҷониби Кумитаи тадорукоти озмун барои иштирокчиён сайёҳат дар боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе ва Осорхонаи миллӣ ташкил мегардад.
Дар назар аст, ки маросими ҷамъбастии озмун 20-уми декабри соли 2020 сурат гирифта, ба ғолибони даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ҷоизаву туҳфаҳои сомзондодашуда тақдим карда шавад.
4
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон