Даъватнома барои иштирок дар тендери харид

06-03-2018
Бо мақсади сари вақт чоп намудани маводи таълим, дастгирии соҳаи полиграфӣ ва дар дохили ҷумҳурӣ бо стандартҳои баланд чоп кардани маводи таълим шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродиро барои ширкат дар озмун  бо тариқи иштироки номаҳдуд бо ҳуқуқи бастани қарордод оид ба хариди “Коғаз” даъват менамояд.
Тавсифи муфассал ва хусусияти техникии коғаз ва шартҳои қарордод, ҳамчунин расмиёти озмун дар ҳуҷҷатҳои тендерӣ зикр гардидааст, ки он ба ҳар кадом хоҳишманд аз кабинети-102 шуъбаи маркетинг, амвол ва хариди давлатии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби зерин пешниҳод карда мешавад: 
Баъд аз пардохти маблағи бебозгашти арзиши ҳуҷҷати тендерӣ ба хазинаи Вазорати маориф ва илми (арзиши ҳуҷҷат 100 сомонӣ). 
Муҳлати охирини қабули дархостҳо ва кушодашаваии лифофаҳо:  рӯзи 27 марти  соли 2018 (соати 900 ), дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон. 

Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Нисормуҳаммад 13а. 
Телефонҳо барои маълумот: 227-45-02.