Дастовард: 15 медали хонандагони тоҷик аз олимпиадаи «IMC-2018»

09-07-2018
Аз 01 то 06 июли соли 2018 дар шаҳри Бургаси Ҷумҳурии Булғория Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни математика «IMC-2018» байни 612 нафар хонанда аз 35 давлати дунё баргузор гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар он 4 даста (24 нафар) муаррифӣ намуданд.
Дар ҷамъбасти Олимпиада хонандагони кишвар сазовори 15 медал, аз ҷумла, 2 медали тилло, 6 медали нуқра ва 7 медали биринҷӣ гардиданд.
Ҳамзамон, 1 даста аз Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори мақоми аввал, 1 даста сазовори мақоми дуюм ва 1 дастаи дигар сазовори мақоми сеюм гардида, шараф ва Парчами Тоҷикистони азизамонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштанд.
Ғолибонро кормандони Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо», волидон ва намояндагони васоити ахбори омма ботантана дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд.
Хонандагони кишвар аз аввали соли 2018 дар 13 олимпиадаи байналмилалӣ, ки дар давлатҳои Қазоқистон, Ҳиндустон, Руминия, Россия, Малайзия, Булғория, Беларус, Ветнам, Италия, Тоҷикистон  ва Иёлоти Муттаҳидаи Америка баргузор гардиданд, фаъолона иштирок  намуда,  сазовори 196 медал, аз ҷумла, 47 медали тилло, 71 медали нуқра, 78 медали биринҷӣ гардиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 103 медал (33 медали тилло, 36 медали нуқра, 34 медали биринҷӣ) зиёд мебошад.
 
ҲАБИБЗОДА МАНУЧЕҲР-
корманди Муассисаи давлатии
«Маркази ҷумҳуриявии дарёфт
ва рушди истеъдодҳо»