Дастгирии донишҷӯёни фаъол

20-04-2018
      Дастгирии ҳаматарафаи хонандагон ва донишҷӯёни аълохон, фаъол, эҳтиёҷманд аз ташаббусҳои неки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб ёфта, аз тарафи корхонаю муассисаҳо, одамони саховатманду хайрхоҳ ҳамаҷониба дастгирӣ меёбад. Дар доираи ин амалҳои нек 20 апрели соли равон дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ба сад нафар донишҷӯи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат тақдим намудани стипендияи яквақтаи таъсисдодаи Вазорати маориф ва илми кишвар ва ҶДММ «Хуаксин Ғаюр Семент» баргузор гардид. Нахуст, муовини вазири маориф ва илм Ф. Усмонзода аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мавриди дастгирии хонандагону донишҷӯёни фаъолу аълохон бо фаъолияти амалии хеш намунаи ибрат гаштанд, ёдовар шуд. Қайд кард, ки дар пайравии Пешвои миллат соли дуюм аст, ки Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар якҷоягӣ бо Фонди «Хайрия»-и «Хуаксин Ғаюр Семент» барои донишҷӯёни фаъолу аълохон, фарзандони оилаҳои эҳтиёҷманд стипендияи яквақта ҷудо кардааст. Дар асоси он маблағи 5 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки аз ҳисоби он давоми панҷ сол соле 200 ҳазор сомонӣ ба сад нафар донишҷӯ дода мешавад. Ин яке аз роҳҳои ҳавасмандкунонӣ ва дастгирии молиявии донишҷӯёни аълохон, фаъол ва аз оилаҳои эҳтиёҷманд мебошад. Илова гашт, ки ҳамкориҳои Ҷумҳурии мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари дигар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дар бобати маориф торафт рушд меёбад. Ҳоло дар донишгоҳҳои Чин 2660 нафар донишҷӯи тоҷик ва дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон 38 нафар шаҳрвандони ҶХЧ таҳсил мекунанд.               Сипас, ноиби президенти ширкати «Хуаксин Ғаюр Семент» хонум Лю Юнсе низ дар баромадаш зикр кард, ки онҳо ҳавасманди рушди муносибатҳо дар соҳаи маориф мебошанд, ба ин мақсад хазинае таъсис додаанд, ки «Ман –дӯсти Тоҷикистон» ном дорад. 
Стипендияҳоро ба донишҷӯён муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Усмонзода, ноиби президенти ширкати «Хуаксин Ғаюр Семент» хонум Лю Юнсе, директори генералии ширкат Чжоу Чан Юан тақдим намуданд. 

Маркази матбуоти Вазорати маориф 
ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон