ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ГАНҶ” ҶАЛАСАИ ҲИСОБОТӢ ДОИР ГАРДИД

13-10-2021
13 октябри соли ҷорӣ ҷаласаи ҳисоботии ташкилоти ибтидоии “Ганҷ”-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Вазорати маориф ва илм доир гардид. 
Нахуст Муҳаммадовуд Саломиён-муовини якуми вазири маориф ва илм суханронӣ карда, иброз намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зода ва парвардаи даврони Истиқлолият буда, тамоми дастовардҳои бузурги халқи тоҷик дар роҳи пойдор ва устувор намудани истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маънавӣ ва ғоявӣ бо номи ин ҳизби ояндасоз, нуфузу обрӯи он, пеш аз ҳама Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон робитаи қавӣ дорад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар тӯли фаъолияти густурдаааш рисолаташро сарбаландона иҷро намуда, ба як неруи тавонои созанда, роҳнамои ҷомеа ва сарчашмаи афкору ғояҳои ояндасоз табдил ёфтааст.
Сипас, Гулчеҳра Ғанизода-муовини вазири маориф ва илм роҷеъ ба фаъолияти нуҳмоҳаи ташкилоти ибтидоии “Ганҷ” ҳисобот дода, зикр кард, ки ҲХДТ ҳизбест, ки аз оғоз то имрӯз аз манфиатҳои миллӣ ҳимоя намуда, дар таҳкими сулҳу субот, ваҳдату якдилӣ, рушди иқтисоду иҷтимоъ нақши муассир ва хоса дорад. Мо, аъзоёни ҲХДТ, фаъолияти худро минбаъд низ дар доираи Оиннома ва Барномаи ҳизбӣ, дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҳизб, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, дар тарбияи насли ватандӯсту худшинос саҳми арзанда мегузоред. Итминони комил дорем, ки имрӯз маорифчиёни кишвар бо як маром, бо ҳисси баланди ватандӯстӣ дар таълиму тарбияи насли ояндасози миллат саҳми арзандаи худро мегузоранд ва зери шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!” амал мекунанд.
Директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ Комилшоҳ Исозода ва сардори раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Ҳокимхон Вализода ба музокира баромада, фаъолияти ташкилоти ибтидоии “Ганҷ”-ро дар нуҳ моҳи соли равон қаноатбахш арзёбї намуданд. 
Дар фарҷом аз ҷониби муовини раиси Кумитаи иҷрияи ҲХДТ дар ноњияи Шоњмансур Дилбар Абдураҳимова ва муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулчеҳра Ғанизода ба 5 нафар корманди вазорат дафтарчаи аъзогии ҲХДТ супорида шуд.