ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ ҚАБУЛИ САЙЁРИ ШАҲРВАНДОН БАРГУЗОР ГАРДИД

04-06-2022
4-уми июни соли ҷорӣ дар мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб барои истиқоматкунандагони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон қабули сайёри шаҳрвандон аз ҷониби вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро баргузор гардид, ки дар он муовини якум ва муовинони вазири маориф ва илм, муовини раиси вилоят Ф.Шарифӣ ва муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои Норак, Данғара, Темурмалик, Балҷувон, Муъминобод, Шамсиддин Шоҳин, Кӯлоб, Восеъ, Фархор ва Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон З.Нозакзода, сардорони раёсат, шуъба ва бахши дастгоҳи марказии вазорат ва роҳбарони муассисаҳои тобеъ иштирок намуданд.
Зимни қабул беш аз 28 нафар иштирок намуда, истиқоматкунандагон, асосан, ҷиҳати таъмири муассисаи таълимӣ ва сохтмони бинои иловагӣ дар назди муассисаи таълимӣ, таъмини омӯзгор бо роҳхат барои истироҳату табобат, мусоидат дар пешгирӣ аз санҷишҳои ғайринақшавӣ, сафарбар намудани фарзандон ба истироҳатгоҳ, пешниҳод шудан ба мукофотҳои соҳавӣ, озод намудан аз пардохти шартномаи таҳсил, таъмини муассисаи таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ, қабули наврасон ба синфи 1, иштирок намудан дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, зиёд намудани соатҳои дарсии таълимии фанни забони русӣ, таъмин бо қитъаи замин, мусоидат барои қабул шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, таъминоти муассисаҳои таълимӣ бо ҷойи нишаст ва чанде дигар дархосту муроҷиатҳои худро пешниҳод намуданд.
Зимни қабули шаҳрвандон вазири маориф ва илм ба масъулин ҷиҳати ҳаллу фасли саривақтии муроҷиатҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод. Инчунин, бо истифода аз иштироки муовини раиси вилоят ва муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо вазири маориф ва илм дархост ба амал овард, ки ҷиҳати ҳаллу фасли муроҷиатҳои шаҳрвандон, ки ба мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вобаста аст, хусусан, таъмини омӯзгорон бо қитъаи замин, инчунин, ҳалли дигар проблемаву мушкилоти соҳаи маориф дар минтақаҳо чораҳои дахлдор андешиданд.