Дар “МИСиС” мусобиқаи шоҳмот доир мегардад

28-09-2022
1-уми октябри соли ҷорӣ Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ-технологии “МИСиС” дар шаҳри Душанбе бо дастгирии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи шоҳмоти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 10-умин солгарди кушодашавии Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ-технологии “МИСиС” дар шаҳри Душанбе байни устодони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ мусобиқаи шоҳмотбозиро баргузор менамояд. 
Шартҳои иштирок он аст, ки ҳар як донишгоҳ бояд то 30 сентябри соли 2022 ҳуҷҷатҳои худро бо зикри насаб, ном ва номи падари ду омӯзгор ва вазифаи иштирокчиён пешниҳод намояд. Иштирокчиён ба мусобиқа танҳо бо пешниҳоди шиноснома иҷозат дода мешаванд. Барои иштирок кардан дар мусобиқа ба суроғаи зерин муроҷиат намоед: ш. Душанбе, кучаи. Назаршоева, х.7 (Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ-технологии “МИСИС” дар шаҳри Душанбе).
Телефонҳо барои тамос: 918459923; 901032223. 
Почтаи электронӣ: a-haitov@mail.ru