Дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон шумораи донишҷӯёни хориҷӣ афзудааст

25-07-2018
Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бо 9 муассисаи олии касбии кишварҳои Чин, Беларус, Япония, Қазоқистон, Россия ва Ӯзбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида, айни замон дар донишгоҳ 109 нафар шаҳрвандони хориҷӣ аз рӯйи ихтисосҳои мавҷудаи Донишкада таҳсили илм менамоянд.
Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон Маҳмадулло Раҷабзода ба доираи васеи рӯзноманигорон баён дошт.
Ба гуфтаи М.Раҷабзода, робитаҳои хориҷии Донишкада яке аз сохторҳои муҳим ба шумор рафта, ин самти фаъолияти байналмилалӣ рӯз то рӯз вусъат меёбад. «Ҳамин аст, ки таваҷҷуҳи шаҳрвандони хориҷӣ барои таҳсил дар Донишкада афзуда, шумораи дархосткунандагон меафзояд. Соли сипаригардида шумораи шаҳрвандони хориҷӣ дар Донишкада 10 нафарро ташкил медод, ҳоло ин шумора ба 109 нафар расидааст. Айни замон ба шуъбаи робитаҳои байналмилалии донишкада 100 дархост барои дохил шудан аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ворид шудааст, ки дар ҳоли баррасӣ мебошанд»,-афзуд ректори Донишгоҳ.
Зикр карда шуд, ки яке аз дастовардҳои муҳими Донишкада- ин таҳсили донишҷӯён дар хориҷи кишвар ва иштироки онҳо дар озмунҳои илмию фарҳангӣ мебошад. Дар ин давра 36 нафар донишҷӯён дар озмунҳои забондонии хориҷи кишвар ширкат намуданд.