ЧОРАБИНИИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ 

16-11-2020
   16-уми ноябри соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Муҳаммадюсуф Имомзода-вазири маориф ва илм, муовини якум ва муовинони вазир, сардорони раёсату шуъба ва роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат чорабинии идона баргузор гардид.
   Нахуст, Муҳаммадюсуф Имомзода суханронӣ намуда, ҳозиринро бо Рӯзи Президент табрику таҳният гуфта, ҳамзамон, аз ташаббус ва дастгириҳои пай дар пайи бевоситаи Пешвои миллат барои рушд ва пешрафти соҳаи маориф ва илми мамлакат ёдовар шуда, иброз дошт, ки имрӯз дар тамоми кишвари азизамон Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад ва мардум ба Роҳбари сиёсӣ ва Пешвои муаззами худ арҷу эҳтиромоти худро баён менамоянд. Инчунин, тавре ҳамагон огоҳанд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати пешгирифтаашон соҳаи маорифро пайваста дар мадди аввал қарор додаанд ва аз ин ҷост, ки мактабу маориф, омӯзгору хонанда ҳамеша зери таваҷҷуҳу ғамхориҳо ва ҳидояту роҳнамоиҳои Роҳбари олии кишвар қарор доранд. Ислоҳоти соҳаи маориф ва раванди таҷдидгароӣ дар ин ҷода ба сиёсати маорифпарваронаи Президенти кишвар сахт алоқамандӣ дорад. Чунин назари некбинона боиси он шудааст, ки фазои таҳсилот дар кишвар ба нафъи ҷомеа равона гардад ва самараи дилхоҳ ба бор орад.
   - Барои Тоҷикистон мафҳуми Президент, идораи президентӣ, институти идоракунии президентӣ ва монанди инҳо мафҳумҳои нав буда, дар замони соҳибистиқлолии кишвар вориди забони тоҷикӣ гардиданд,-зикр кард вазир дар идома. 
   Сипас, Илҳом Камолзода-сардори раёсати муносибатҳои байналмилалии вазорат, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ вобаста ба Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабул гардидани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат”, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳми Президенти кишвар дар рушди давлатдории миллии тоҷикон ва чанде дигар баромад намуд. Аз ҷумла, зикр кард, ки барои миллату давлати Тоҷикистон Президент ҳамчун яке аз унсурҳои муқаддасоти миллӣ ба шумор рафта, Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия аст. Ба унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон ва бори дигар бо аксарияти овози интихобкунандагон ба мансаби олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданашон гувоҳи эътиқоду эътимоди тамоми мардуми кишвар аст.
   Дар охир Муҳаммадюсуф Имомзода-вазири маориф ва илм иштирокчиёнро бори дигар бо ин санаи фархунда муборакбод намуда, таъкид кард, ки бояд намояндагони соҳа ҷавобан ба дастгириҳо ва ғамхориҳои Роҳбарияти олии мамлакат тамоми саъйу талошашонро баҳри рушди бемайлону пешрафти бесобиқаи соҳаи маориф ва илм, аз ҷумла, баланд бардоштани сифати таҳсилот, инчунин, ҳифзи амнияту осоиштагии ҷомеа ва дар умум, беҳтар гаштани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар ва ободиву гулгулшукуфоии ватани маҳбубамон – Тоҷикистон сарф намоянд.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон