Чаро муассисаҳои таълимӣ бо тахтаҳои электронӣ таъмин нестанд?

22-10-2018
Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ – коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 – 2022 бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо технологияҳои иттилоотӣ – коммуникатсионӣ таҳия гардидааст, ки амалишавии он барои ҳалли вазифаҳои муҳими ислоҳоти соҳаи маорифи Тоҷикистон дар замони муосир мусоидат менамояд. 
Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ – коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 – 2022 аз 17 банд (номгӯйи чорабиниҳо) иборат буда, нақшаи дурнамо барои харидории компютер ва тахтаҳои электрониро дар муддати 4 сол дар бар гирифтааст. Тибқи банди 5-и барнома бояд дар ин муддат муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо тахтаҳои электронӣ ва видеопроекторҳо пурра таъмин карда шаванд. Дар ин замина, Вазорати маориф ва илми кишвар вобаста ба иҷрои нақша – чорабиниҳои барномаи номбурда таҳия ва қабули санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ, аз қабили Стандарти фанни технологияи иттилоотӣ барои синфҳои 5-6 ва нақшаи таълимӣ ва чопи китоби дарсиро роҳандозӣ намудааст. Ҳамзамон, таҳия ва қабули стандартҳои техникӣ барои истифодаи мақсадноки технологияҳои иттилоотӣ – коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таълимӣ, низомнома, шиносномаи кабинети технологияи иттилоотӣ ва Дастурамал оид ба харидории таҷҳизоти техникӣ дар муассисаҳои муассисаҳои таълимиро дастраси таълимгоҳҳои кишвар гардонидааст. Суоле ба миён меояд, ки татбиқи банди 5-и Барномаи давлатӣ дар соли равон чӣ тавр сурат гирифтаву дар самти ба тахтаҳои электронӣ ва видеопроекторҳо таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ чӣ корҳои назаррасе анҷом дода шудаанд? Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ то санаи 20.06.2018 60511 адад компютер ва 10938 адад принтер мавҷуд мебошад. Мувофиқи нишондоди   барнома барои сол 2018 харидории 532 адад тахтаи электронӣ дар ҷумҳурӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар шаҳру навоҳии ВМКБ соли равон 26 адад тахтаи электронӣ, вилоятҳои Хатлон 188 адад, Суғд 150 адад ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 151 адад тахтаи электронӣ бояд харидорӣ карда шавад. Таҳлилҳо бозгӯи онанд, ки дар шаш моҳи соли 2018 дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ 266 адад тахтаи электронӣ харидорӣ шудааст. Бояд қайд кард, ки 2384 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ ба шабакаи интернет пайваст карда шудаанд, ки пайвастшавии қисми зиёди онҳо тавассути модем сурат гирифтааст. 407 кабинети компютерӣ шабакаи дохилӣ (локалӣ) доранд. Дар сатҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати иҷрои нақша – чорабиниҳо оид ба амалишавии Барномаи таъмини муассисаҳои таълимӣ бо компютер ва тахтаҳои электронӣ як қатор корҳо ба анҷом расонида шудаанд. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ вилоятҳои Хатлон 9 адад тахтаи электронӣ, Суғд 34 адад, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 3 адад ва шаҳри Душанбе 220 адад тахтаи электронӣ харидорӣ намудаанд, ки ин 24 фоизи иҷрои барномаро ташкил медиҳад. Мутаассифона, дар шаҳру навоҳии ВМКБ ягон адад тахтаи электронӣ харидорӣ карда нашудааст.   
Дар муассисаҳои таълимии вилояти Суғд, аз ҷумла, дар шаҳру ноҳияҳои Гулистон, Бӯстон, Истиқлол, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Мастчоҳ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ягон тахтаи электронӣ харидорӣ карда нашудааст. Дар вилоят танҳо шаҳри Хуҷанд аз уҳдаи иҷрои барномаи харидории тахтаи электронӣ баромада, пешсаф мебошад.  То ин дам муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии вилоят бо 34 адад тахтаи электронӣ таъмин гардидаанд, ки ин 22 фоизро дарбар мегирад. (Харидории тахтаҳои электронӣ тибқи нақша 150 адад мебошад).  Тибқи маълумоте, ки аз раёсати маорифи вилоят пешниҳод гардидааст, 1091 кабинети технологияи иттилоотӣ дар муассисаҳои таълимӣ мавҷуд буда, 863 муассиса ба шабакаи интернет пайваст мебошанд. Тибқи нишондоди барнома то соли 2022 дар вилоят бояд 947 адад тахтаи электронӣ харидорӣ карда шавад. Дар таълимгоҳҳои қаламрави вилоят 2971 компютер ва 212 принтер таъмирталаб мебошанд.
Дар муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон, аз ҷумла, шаҳру ноҳияҳои Ҷ. Балхӣ, Восеъ, Қубодиён, Шаҳритус, Вахш, Панҷ, Кушониён, А.Ҷомӣ,  Кӯлоб,  Ёвон, Хуросон, Н.Хисрав, Дӯстӣ, Ҷайҳун, Фархор, Мир  Сайид Алии Ҳамадонӣ, Темурмалик, Балҷувон, Ховалинг, Норак ягон адад тахтаи электронӣ  харидорӣ нашудааст. Дар умум, дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят вазъи иҷрои барномаи харидории тахтаҳои электронӣ нигаронкунанда мебошад. Дар ҳудуди вилоят ҷамъан 1194 кабинети технологияи иттилоотӣ мавҷуд буда, 918 муассиса бо шабакаи интернет пайваст гардидаанд. Дар вилояти Хатлон тибқи барнома барои соли 2018 харидории 188 адад тахтаи электронӣ ба нақша гирифта шудааст, ки то моҳи июн 9 адад тахтаи электронӣ харидорӣ гардидаасту халос. Дар муддати 4 сол (2018 - 2022) дар вилоят бояд 1205 тахтаи электронӣ харидорӣ карда шавад. Дар муассисаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят 1547 нафар омӯзгор ба таълими фанни технологияи иттилоотӣ машғул буда, 631 нафар аз курсҳои такмили ихтисос гузаштаанд. 
Вазъ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ташвишовар боқӣ монда, то ин дам дар шаҳру навоҳии Хоруғ, Дарвоз, Роштқалъа, Ишкошим ва Мурғоб ягон адад тахтаи электронӣ харидорӣ карда нашудааст. Дар ин самт танҳо ноҳияи Ванҷ иҷрои барномаи бо компютер ва тахтаи электронӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимиро 45 фоиз, Шуғнон 60 фоиз ва Рӯшон 10 фоиз иҷро кардаанд. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тибқи нақшаи барнома барои соли 2018 харидории 26 адад тахтаи электронӣ ба нақша гирифта шудааст. То соли 2022 дар асоси талаботи барнома бояд дар вилоят 215 адад тахтаи электронӣ харидорӣ карда шавад.
Муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе бо 9056 адад компютер, 1146 адад принтер, 934 адад тахтаи электронӣ ва 1016 адад видеопроектор таъмин карда шудаанд. Дар муассисаҳои таълимӣ 272 кабинети технологияи информатсионӣ мавҷуд буда, 139 муассиса ба шабакаи интернет пайваст мебошанд. Харидории тахтаи электронӣ тибқи нақшаи барнома 17 адад буда, дар шаҳри Душанбе дар шашмоҳаи соли 2018 220 тахтаи электронӣ харидорӣ гардидааст, ки ин иҷрои барномаро 100 фоиз дар бар мегирад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, алалхусус, Турсунзода, Шаҳринав, Рӯдакӣ, Ваҳдат, Файзобод, Роғун, Сангвор, Рашт, Тоҷикобод, Нуробод ва Лахш дар нимсолаи аввали соли равон ягон тахтаи электронӣ харидорӣ карда нашудааст. Дар шаҳри Турсунзода 114 кабинети технологияи иттилоотӣ мавҷуд буда, 37 муассисаи таълимӣ бо шабакаи интернет пайваст мебошанд. Тибқи нақша соли ҷорӣ дар шаҳри Турсунзода бояд 295 адад компютер ва 12 тахтаи электронӣ харидорӣ карда шавад. Дар муассисаҳои таълимии шаҳр теъдоди  компютерҳои таъмирталаб 162 адад ва принтерҳои корношоям 38 ададро ташкил медиҳанд. Дар ноҳияи Шаҳринав то имрӯз 8 нафар омӯзгори фанни технологияи иттилоотӣ аз курсҳои такмили ихтисос гузаштаанд. Мувофиқи нақша имсол дар ноҳияи мазкур бояд 9 тахтаи электронӣ харидорӣ карда шавад. Компютерҳои таъмирталаб 84 адад ва принтерҳои корношоям 10 ададро ташкил медиҳанд. Дар шаҳри Ваҳдат то имрӯз 82 нафар омӯзгори фанни технологияи иттилоотӣ аз курсҳои такмили ихтисос гузашта бошанд ҳам, иҷрои барномаи бо тахтаи электронӣ (нақшаи харидорӣ 32 адад) таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ зери суол қарор дорад.  Ҳол он ки дар муддати 4 сол (2018 - 2022) дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар умум бояд 894 тахтаи электронӣ харидорӣ карда шавад. Чунин вазъи ташвишовар дар навоҳии Файзобод, Нуробод ва Тоҷикобод ҳукмфармо мебошад. Сабаби асосии иҷро нагардидани барномаи бо тахтаҳои электронӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимиро масъулони раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ дар ҷудо нагардидани маблағҳо дар ин самт арзёбӣ мекунанд. Аммо ба таваҷҷуҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳру навоҳии номбурда расониданием, ки норасоии маблағро баҳона намуда, ба ҳеҷ ваҷҳ онҳо худро аз масъулият дар боби иҷрои барномаҳои давлатӣ канор гирифта наметавонанд. Дар масъалаи бо компютеру тахтаҳои электронӣ ва видеопроекторҳо таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ ва омӯзиши технологияи навини замони муосир аз ҷониби насли наврас Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханронии худ таъкид кардаанд. 
Аз ин рӯ, масъулони соҳаро зарур аст, ки  аз вазъи ногувори мавҷуда хулосаи даркорӣ бароварда, дар ин хусус чораҳои таъҷилӣ ва судманду муассир биандешанд.
Киромуддин НАЗАРОВ,
директори Маркази ҷумҳуриявии технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсия,
Шодӣ РАҶАБЗОД,
“Омӯзгор”