БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБИИ ХУСУСИИ “СУМАН”

16-06-2022
16-уми июни соли ҷорӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро аз муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии “Суман”-и ноҳияи Шоҳмансур дидан намуд.
Муассисаи мазкур барои 120 нафар пешбинӣ шуда, дар бинои иҷора фаъолият дорад. Зимни боздид аз муассиса вазири маориф ва илм бо мураббияҳо ва тарбиятгирандагони кӯдакистон суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, бо шароити фароҳамгашта барои таълиму тарбия ва истироҳату фароғати тарбиятгирандагон шинос гардид.
Маълум гардид, ки шароити муҳайёгардида барои таълиму тарбия ва истироҳату фароғати кӯдакон беҳбудиро мехоҳад. 
Ба муассис ва роҳбарияти муассиса дастур дода шуд, ки ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта тадбирҳои суманд андешида, аз натиҷааш ба Вазорати маориф ва илм маълумот пешниҳод намоянд.