БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №9 НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД

27-10-2022
27-уми октябри соли ҷорӣ бо мақсади шиносоӣ бо вазъи таълиму тарбия, сифати таҳсилот, таъминоти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ, китобҳои дарсию бадеӣ, рафти иҷрои барномаҳои давлатӣ, ҳолати физикӣ, омодагии муассисаҳо ба фасли зимистон ва истифодаи мақсадноки заминҳои назди муассисаҳо вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и ноҳияи Файзобод дидан намуд.
Зимни ташрифи вазир гуфта шуд, ки бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 деҳаи Қалъаи нави ноҳияи Файзобод соли 1977 сохта шуда, соли 1978 мавриди истифода қарор дода шудааст.
Муассиса барои 240 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, айни ҳол дар он 529 нафар хонанда фаро гирифта шуда, ба онҳо 29 нафар омӯзгор таълиму тарбия медиҳанд.
Таъкид гардид, ки муассиса пурра бо омӯзгор таъмин буда, танҳо барои китобҳои дарсӣ аз фанҳои таърихи халқи тоҷик, география, физика, адабиёти тоҷик ва забони англисӣ эҳтиёҷот ҷой дорад. Дар муассиса 16 компютер мавҷуд буда, роҳбарияти муассиса тасмим доранд, ки аз ҳисоби даромади заминҳои назди муассиса рӯзҳои наздик харидории компютерҳои навро ба роҳ монанд.
Зимни суҳбат бо хонандагони синфи 11, ки омӯзгор Фозила Каримова аз фанни забони англисӣ дарс мегуфт, хонандагон тавонистанд ба саволҳои манзуршуда ҷавобҳои қаноатбахш пешниҳод намоянд.
Омодагии муассиса ба фасли зимистон хуб буда, дар он то имрӯз 12 куб ҳезум ва 29 тон ангишт захира карда шуда, 2 адад буғхонаи дегӣ дар ҳолати корӣ қарор доранд.
Вазири маориф ва илм бо хонандагони синфи 11 суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, дар баробари санҷидани сатҳи забондонӣ, донистани таърих, арзишҳои миллӣ, интихоби касб ва омодагӣ барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, ҳамзамон, даъват ба амал овард, ки ҷиҳати омӯзиши амиқи фанҳои тадрисшаванда, забони давлатӣ ва забонҳои русию англисӣ, иштирок дар олимпиадаю озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ, истифодаи имконоти фароҳамшуда дар самти омӯзиш, муҳимтар аз ҳама, ба ҷо овардани эҳтироми омӯзгор таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.
Дар назди муассиса, инчунин, маркази инкишофи кӯдак таъсис дода шудааст, ки дар он 18 нафар кӯдак ба тарбия фаро гирифта шудааст.
Ҳамзамон, зимни суҳбат бо омӯзгорон аз ҷониби вазири маориф ва илм даъват ба амал оварда шуд, ки ҷавобан ба ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф фаъолиятро дучанд ба роҳ монда, дар тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худшиносию ватандӯстӣ, татбиқи ҳамаҷонибаи барномаҳои давлатӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити муассисаи таълимӣ ва муҳимтар аз ҳама, дар самти баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва омода намудани мутахассисони хуби забондон бештар саҳмгузор бошанд.