БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ ДОНИШКАДАИ САНОАТ ВА ХИЗМАТРАСОНӢ

18-11-2022
16-уми ноябри соли ҷорӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикстон Раҳим Саидзода аз Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ дидан намуд.
Нахуст, вазири маориф ва илм Р. Саидзода аз саҳни донишкада боздид ба амал оварда, бо базаи моддиву техникӣ шинос шуд. Ҳамзамон, вазир вориди синфхонаҳои тахассусӣ ва утоқу озмоишгоҳҳо шуда, бо раванди таълим ошно гардида, ба шароиту имкониятҳои синфхонаҳои таълимӣ, компютерӣ, озмоишгоҳҳо ва китобхонаи электронӣ баҳои баланд дода, бо омӯзгорон ва донишҷӯён суҳбати озоду самимӣ анҷом дод.
Вазири маориф ва илм зимни суҳбат бо роҳбарияти донишкада дар бораи ғамхорӣ ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таваҷҷуҳи доимии давлату Ҳукумат нисбат ба соҳаи маориф ёдовар шуда, таъкид кард, ки љавобан ба ғамхориҳои Роҳбари давлату Ҳукумат кормандони соҳа бояд фаъолияти назаррас намоянд. Инчунин, донишҷӯён бо истифода аз шароити хуби муҳайёшуда бо баҳои хубу аъло таҳсил карда, ҳамчун мутахассисони варзида ва дорои қобилияти баланд дар пешрафти кишвари азизамон Тоҷикистон саҳми назаррас гузоранд.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз роҳбарият донишкада иштироки пурраи донишҷӯёнро ба дарсҳо ва таъмини иштироки онҳо дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», “Илм – фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман!” ва “Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат”махсус қайд кард.
Маълум гардид, ки “Луғати вожаҳои серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дастраси донишҷӯёну омӯзгорон” нагардида, давомоти донишҷӯён дар сатҳи зарурӣ қарор надорад.
Зимни суҳбат бо донишҷӯёни ихтисоси автомобил ва хоҷагии автомобилӣ, таъмини барқ, метрология, стандартизатия ва сертификатсия таъкид намуд, ки соҳае, ки донишҷӯён интихоб кардаанд, барои хоҷагии халқи мамлакат зарур буда, омӯзиши пайвастаро тақозо менамоянд. Дар баробари омӯзиши донишҳои ихтисосӣ, забондон гардидани донишҷӯёнро вазир талаби замон унвон кард ва аз муҳассилин даъват ба амал овард, ки ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ бештар таваҷҷуҳ намоянд.
Раҳим Саидзода-вазири маориф ва илм ба роҳбарияти донишкада супориш дод, ки ҷиҳати омода намудани донишҷӯён ба озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ чораандешӣ намуда, дар руҳияи масъулиятшиносию ватандӯстӣ тарбия намудани донишҷӯёш ва баланд бардоштани мафкураи техникии онҳо диққати махсус зоҳир намоянд.