БОЗДИДИ МУОВИНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ МАРКАЗИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ИЛОВАГИИ ВМКБ

30-06-2022
30-юми июни соли ҷорӣ муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёдулло Абдулзода аз Маркази муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дидан намуд. 
Нахуст муовини вазир аз утоқҳои кории кормандону синфхонаҳои таълимӣ ва рафти маҳфилҳо дидан намуда, бо аъзоёни маҳфилҳо суҳбатҳои озоду самимӣ анҷом дод. Иттилоъ дода шуд, ки аз оғози соли 2022 дар муассисаҳои таҳсилоти иловагии вилоят 197 маҳфил бо фарогирии 5279 таълимгиранда фаъолият намуда истодааст. 
Баъд аз шиносоӣ бо шароити кории кормандон муовини вазири маориф ва илм бо кормандони Маркази муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон суҳбати озоду самимӣ анҷом дод.
З. Абдулзода бо ёдоварӣ аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати аз наздик шинос шудан бо шароитии кории кормандон ва бохабар шудан аз вазъи иҷтимоии омӯзгорон зикр кард, ки ҳарчанд фарогирии хонандагон ба маҳфилҳо дар вилоят 15%-ро ташкил диҳад ҳам, он нокифоя буда, зарур аст, ки бо истифода аз базаи моддию техникии муассисаҳои таълимии вилоят теъдоди маҳфилҳо зиёд ва фарогирии хонандагон бамаротиб афзоиш дода шавад. 
-Ҷаннок намудани корҳои беруназсинфӣ, зиёд намудани теъдоди маҳфилҳо ва ҳамзамон, таваҷҷуҳи хоса зоҳир кардан ба сифати маҳфилҳо, муҳимтар аз ҳама, бо дасту дили гарм ба роҳ мондани фаъолияти меҳнатӣ ва дар руҳияи хештаншиносию ватандӯстӣ тарбияи намудани насли наврас аз зумраи корҳоеанд, ки бояд аз ҷониби кормандону омӯзгорони марказҳои таҳсилоти иловагӣ ба роҳ монда шаванд, -зикр кард З.Абдулзода. – Дар баробари ин, ҳадаф аз ташрифи мо низ ин аст, ки проблемаву мушкилотро бевосита аз шумо шунавем ва ҷиҳати ҳалли онҳо дар якҷоягӣ чораҳои дахлдор андешем.
Дар рафти суҳбат иштирокдорон таъкин намуданд, ки набудани бинои замонавӣ, кам будани синфхонаҳои таълимӣ дар марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои вилоят, норасоии китобҳои дарсию бадеӣ, дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудани курсҳои такмили ихтисос барои кормандон, дар қиёс бо дигар шаҳру ноҳияҳо дар 0,5 воҳиди корӣ фаъолият намудани роҳбарони созмонҳои хонандагон аз ҷумлаи он мушкилотест, ки барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудани маҳфилҳо таъсир мерасонанд.
Дар охир муовини вазир доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти омоданамоии мутахассисони босаводу донишманд, истифодаи усулҳои нави таълим ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот, таваҷҷуҳи махсус зоҳир кардан ба омӯзиши забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ, истифодаи технологияи муосир дар раванди таълим, аз ҷумла истифодаи тахтаҳои электронӣ ёдовар шуда, ҳамзамон, зикр кард, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, бевосита вазири маориф ва илм Саидзода Раҳим Ҳамро ҷиҳати баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, татбиқи барномаҳои давлатӣ дар самти муҷаҳҳазгардонии кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои таълимӣ, ҷоннок намудани фаъолияти марказҳои муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, ҷалби бештари хонандагон ба маҳфилҳо, сафабар намудани хонандагон ба лагерҳои истироҳатию фароғатӣ ва чанде дигар як қатор тадбирҳои судманд роҳандозӣ гардида истодааст. Ҳамчунин, аз омӯзгорони маркази мазкур даъват ба амал овард, ки дар касби худ содиқ бошанд ва шогирдони боистеъдоду лаёқатмандро тарбия намоянд.