БО ХАЛҚ СОХТ, БАРОИ ХАЛҚ СОХТ

16-11-2020
   Зиндагиномаву рӯзгори Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон медиҳад, ки ӯ дар корзори меҳнату ҳаёт пухтаву ба арсаҳо расидааст. Пешвои миллатамон худ иқроранд, ки устухони худро дар меҳнат ҳанӯз дар гузаштаҳои наврасиву ҷавонияшон сахт кардаанд. Эмомалӣ Раҳмон писари деҳқони асилу шахси меҳнатпеша –бобои Шариф Раҳмон аст, ки бо обилаи кафи дастон фарзандонро ба камол расондааст. Аҳли оилаи онҳо меҳнатдӯст буданд, қатори мардум ғалла медаравиданду чорво мепоиданд, дар боғҳо меҳнат мекарданду дар заминҳои обӣ сабзавот мерӯёнданд ва аз меҳнати шабонарӯзиву нони ҳалол қаноатмандиву шодиву нишот доштанд. Яъне, ӯ фарзанди деҳқон ва бо нони меҳнатӣ камол ёфтаест, ки ба маснади баланд расидаву дар саҳифаи таърих номи хешро абадӣ сабт кардааст. 
   Роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба замоне рост меояд, ки пур аз корномаву созандагиҳо дар роҳи давлатсозиву истиқлоли кишвар аст.
   Солҳои аввали Роҳбари давлат буданашон бо дилу нияти хайри сулҳсозӣ ба миёни обу оташ мерафтанд. Як бор аз сари инсофу имон баҳо бояд дод, ки кадом сарвару роҳбари давлате ба майдони ҷангу ноамни кишвари дигар (Хусдеҳи Афғонистон) рафтааст. Аммо ӯ ба ҷустуҷӯи халқи худ, барои сулҳу амонӣ ва наҷоти ватан аз нобудӣ рафт. Ба он нуқтаҳои доғи кишварамон мерафт, ки онҷо силоҳбадастон салтанат доштанд. Аз хатар ба ҷони худ наметарсид, балки аз хатари нобудии миллат меандешид. Бо заковату кордонии ин абармард нифоқу ҷудоӣ, фитнаву иғво ва маҳалгароиву ғаразҷӯӣ аз диёри мо дур ва миллати тоҷик соҳиби пурқиматтарин ганҷина – сулҳу ваҳдат гашт. Эмомалӣ Раҳмон бо наҷотбахшиву сулҳсозии худ шахсияти сиёсӣ ва сиёсатмадори шинохта дар минтақаву ҷаҳон гардид. Дур намеравем ва мебинем, ки аз он соҳили Омӯ чи гуна мардуми ҳамсоя, ки ташнаи сулҳанд, бо ҳавас ба фазои сулҳу суботи мо менигаранд. Пешвои миллат чун абармарди ҷаҳони сиёсии асри ХХ бо назари некбинона ва хиради фарзонаи хеш таваҷҷуҳи оламиёнро ба кишвари азизамон бештар намуд ва дӯстиву ҳамкориро бо дигар кишварҳо таҳким бахшид.  Роҳбарони давлатҳои Россия, Чин, Эрон, Афғонистон, Покистон, Қазоқистон, Белорусия, Ӯзбекистон ва даҳҳои дигар сиёсатҳои муваффақонаи Пешвои миллати моро баҳои баланд додаанд. Тасмимҳои инсондӯстонаи ӯро мардуми сайёра эътироф намудаасту менамояд. Тоҷикистонро бо тасмимҳои бевоситаи Пешвои миллатамон мешиносанд. 
   Намунаи чунин иқдомоту устувориро дар бунёдкориву созандагиҳои Сарвари давлат  мебинем. Сохтмони роҳҳову нақбҳо, неругоҳҳои барқиву корхонаҳои саноатӣ, боғҳову майдонҳои кишт, беморхонаву мактаб ва ғайра симои кишвари моро ба куллӣ дигар кардааст. Хислати шоиставу накуи Президенти мо он аст, ки дар ҳар як қадаму тасмиму иқдом устувориву қатъият доранд. 
   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати пешгирифтаашон соҳаи маорифро пайваста дар мадди аввал қарор додаанд. Чун боз ҳам ба гузаштаи рӯзгори Пешвои миллат менигарем, маълум мешавад, ки дар  наврасиву ҷавонӣ дар таҳсилу омӯзиш фаъол буданд. Ҳамин аст, ки имрӯз ба ҷавонону наврасон доимо таъкид менамоянд, ки нисбат ба таҳсилу омӯзиш ҷиддӣ бошанду бо шавқу завқ муносибат намоянд. Барои ин тамоми заминаву шароит фароҳам оварда шудааст. Мактабу маориф, омӯзгору хонанда ҳамеша зери таваҷҷуҳу ғамхориҳо ва ҳидояту роҳнамоиҳои роҳбари олии кишвар қарор доранд. Ислоҳоти соҳаи маориф ва раванди таҷдидгароӣ дар ин ҷода ба сиёсати маорифпарваронаи Президенти кишвар сахт алоқмандӣ дорад. Чунин назари некбинона боиси он шудааст, ки фазои таҳсилот дар кишвар ба нафъи ҷомеа равона гардад ва самараи дилхоҳ ба бор орад. 
   Президенти мо халқият доранду доим дар сафаранд ва барояшон дар як ҷой нишастан ҳеҷ гоҳ мӯҷиби қаноатмандӣ нест. Ҳатто дар мушкилтарин ҳолатҳои паҳншавии бемории сироятӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ дар миёни халқ буданду ҳастанд.  Ҳама чизро аз наздик дидану бо халқи худ нафас кашидан мехоҳанд. Нест шаҳру ноҳияи кишвар, ки ба он ҷо чандин маротиба сафар накарда бошанд. Ҳама чизро бо неруи ҳофизаи қавӣ бобати рушду пешрафти ҳар як ноҳия дақиқан медонанд ва дар ҳар сафарашон онро хотирнишон мекунанд.  Ӯро хурду бузург дар ҳар як шаҳру ноҳия бесаброна интизор мешаванд. Чунки халқ файзи қадами ин марди худододро медонад. 
   Пешвои миллат аз миёни халқи одӣ рӯидаву аз тамоми набзи ҷомеа воқифанд. Ҳангоми сафарҳо бо мардум суҳбат мекунанд, бо дастафшониҳо ва даст бари дил гузошта, эҳтироми халқи худро самимона ба ҷо меоранд. Хоксориву тавозӯъ доранд ва дар сафарҳо сари дастурхони деҳқонону сокинони кишвар мешинанду суҳбат менамоянд. Аз кору аҳволи онҳо мепурсанд, ёди деҳа, ёди меҳнату заҳматҳову ёди гузаштаву мардум мекунанд. Аз аҳволи ятимону бепарасторон чун як падар доимо воқифанду пайваста хабар мегиранд ва бо насиҳату ҳидоятҳои хеш онҳоро ба илмомӯзиву ахлоқи ҳамида раҳнамо месозанд. 
   Президенти мо аз наврасиву ҷавонӣ дар миёни халқ қарор доранд ва дар ҳама зинаҳое, ки паси сар кардаанд, ҳеҷ гоҳ аз халқи худ фосила надоштанд. Аз замони роҳбарии давлатро ба ӯҳда гирифтан ин халқияташон боз ҳам афзуда аст. Бо дилу нияти поку холисонаву хайр дар ҳама ҳолат ба халқ такя менамояд ва халқи тоҷик низ такягоҳи боэътимоди хешро дар симои эшон пайдо кардааст. 
 Интихоботи ба наздикӣ барпогардида, пеш аз ҳама, муҳаббати халқи тоҷикро нисбат ба пешвояш нишон дод. Аз рӯи андешаи аксар мушоҳидону расонаҳои хориҷӣ, ки ин равандро аз наздик назора мекарданд, интихоботи президентии мо чун як иду маросими ҷашн барпо гардид. Ин ҳама нишони ҷонибдорӣ ва муҳаббату эътимоди халқ аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки масъулияти сулҳу субот ва оромиву шукуфоиву пешрафти Тоҷикистонро ба дӯш доранд. Пешвои миллат халқи худро дӯст медораду назди халқ сари таъзим фуруд меорад ва бо ҳама сулҳсозиву ваҳдатофариву бунёдкориҳояш халқи тоҷик низ ӯро дӯст медорад. Зеро ӯ ҳама чизро бо халқ сохт ва барои халқ сохт.
Муҳаммадюсуф Имомзода,  академик
(бознашр аз «Ҷумҳурият»)