БОҶ барои дастгирии ғизои мактабӣ дар Исфара  нонвойхонаи нав кушод

29-09-2021
Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар шаҳри Исфара як нонвойхона кушоданд. Ин шашумин нонвойхона аст, ки Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ (БОҶ) бо дастгирии молии Федератсияи Россия дар ин минтақа таъмир ва ба истифода медиҳад.
Дар маросими кушодашавӣ намояндагони БОҶ, Консулгарии генералии Федератсияи Россия дар вилояти Суғд, муовини вазири маориф ва илм, масъулони вилояти Суғд ва шаҳри Исфара иштирок доштанд. 
Нони хуштаъму босифат аз ин нонвойхонаҳо ҳоло як қисми хӯроки мактабӣ барои зиёда аз 90 000 хонандаи синфҳои ибтидоӣ дар 270 мактаби навоҳии вилояти Суғд мебошад. 
“Бо шарофати дастгирии молиявии Федератсияи Россия ва дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи ғизодиҳии саноатии Федератсияи Россия мо имкони сохтан ва азнавсозии нонвойхонаҳоро дорем. Ҳамчунин, бо истифодаи технологияҳои пешрафта ва акнун бо таҷҳизоти нав нон зудтар, арзонтар ва бо сифати хуб истеҳсол мешавад. Чунин сармоягузориҳо на танҳо ба саломатӣ ва рушди кӯдакон мусоидат мекунад, балки барои аҳолии маҳаллӣ ҷойҳои кории бештар фароҳам меорад”, - иброз дошт намояндаи БОҶ дар Тоҷикистон Хуан Ҷи Ли.
Ёдовар мешавем, ки дар саросари кишвар Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид бо бахшҳои хусусӣ барои сохтан ва таъмири ҳашт нонвойхона ҳамкорӣ карда, 114 000 хонандаи синфҳои ибтидоиро дар 340 мактаб бо нони хуштаъм таъмин мекунад. Дар ноҳияҳои Панҷ ва Ёвони вилояти Хатлон, инчунин, дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Деваштич, шаҳрҳои Истаравшан ва Исфараи вилояти Суғд нонвойхонаҳо мавҷуданд.
Бояд гуфт, ки беҳтар кардани низоми миллии ғизохӯрии мактабҳо бузургтарин барномаи БОҶ дар Тоҷикистон буда, ним миллион хонандаро дар 2000 мактаб дастгирӣ мекунад. Ҳадафи Барнома мусоидат намудан ба таъмини таҳсилот, тандурустӣ ва ғизо барои ҳар як кӯдак мебошад.

Бахтовар Сафаров