БИДУНИ ОГОҲӢ: БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №41 НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД

27-10-2022
27-уми октябри соли ҷорӣ бо мақсади шиносоӣ бо вазъи таълиму тарбия, сифати таҳсилот, таъминоти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ, китобҳои дарсию бадеӣ, рафти иҷрои барномаҳои давлатӣ, ҳолати физикӣ, омодагии муассисаҳо ба фасли зимистон ва истифодаи мақсадноки заминҳои назди муассисаҳо вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №41-и ноҳияи Файзобод дидан намуд.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №41-и деҳаи Қалъаи дашт аз маркази ноҳия дар масофаи 20 км дур ҷойгир аст ва зимни боздиди вазир иттилоъ дода шуд, ки муассисаи мазкур аз ду бинои таълимӣ ва биноҳои ёрирасон иборат буда, бинои якуми таълимӣ соли 1985 ва бинои дуюм соли 2010 мавриди истифода қарор дода шуда, дар онҳо 211 нафар хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст ва 16 нафар омӯзгор ба таълиму тарбия машғуланд.
Зимни боздид аз синфхонаҳо ва суҳбат бо хонандагони синфҳои 2, 5, 9 ва 10 маълум гардид, ки давомоти хонандагон дар сатҳи хуб қарор дошта, муассиса бо омӯзгорон пурра таъмин аст. Омӯзгори фанни таърихи халқи тоҷик Ҷалолиддин Нуриддинов, ки собиқаи 30-солаи корӣ дар муассисаи мазкурро дошта, ба хонандагони синфҳои 10 аз фанни таърихи халқи тоҷик дарс мегуфт, зикр кард, ки дар давоми фаъолияти корӣ бори аввал шоҳиди он аст, ки бевосита намояндаи Вазорати маориф ва илм, хусусан, вазири маориф ва илм аз муассисаи мазкур дидан менамояд.
Санҷиши ҳолати рӯзномадорӣ, қайди журналҳои синфӣ, омодагии омӯзгорону хонандагон ба дарс, аз ҷониби хонандагон бо худ овардани китобҳои дарсӣ, дастрасии луғати вожаҳои серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ, давомоти хонандагон, тозагии синфхона ва гирду атрофи муассисаҳои таълимӣ ва чанде дигар маълум намуд, ки роҳбарият ва коллективи омӯзгорони муассиса фаъолияти хубро ба роҳ монда, ҷиҳати таълиму тарбияи насли наврас талош меварзанд. Ҳамчунин, аз суҳбат бо хонандагон маълум гардид, ки ҳамагӣ шавқу рағбат ва хоҳиши омӯзиши амиқи фанҳоро доранд ва мехоҳанд дар чорабиниҳои гуногун ширкат варзанд.
Дар рафти суҳбат вазири маориф ва илм аз хонандагон вобаста ба таъриху фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, донистани забонҳои русию англисӣ, интихоби касб ва чанде дигар пурсон шуда, ҳамзамон, аз хонандагон даъват ба амал овард, ки ҷиҳати омӯзиши амиқи фанҳои тадрисшаванда, забони давлатӣ ва забонҳои русию англисӣ, иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ – “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм – фурӯғи маърифат”, омодагии ҳамаҷониба барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, ба ҷо овардани эҳтироми омӯзгор таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.
Нокифоя будани теъдоди компютерҳо, ҳанӯз ҳам ҷой доштани компютерҳои насли куҳнаи Pentium-1 ва Pentium-2, бинобар сабаби набудани қувваи барқ баргузор нашудани дарсҳои амалии фанни технологияи иттилоотӣ ва кифоя набудани рушноӣ дар синфхонаҳои таълимӣ, аз ҷониби омӯзгори ғайриихтисос дарс гуфтани фанни технологияи иттилоотӣ, бо назардошти бунёди хонаҳои нав ва ҳамасола зиёд шудани аҳолӣ ҷой доштани эҳтиёҷот ба китобҳои дарсӣ аз фанҳои таърихи халқи тоҷик, таърихи умумӣ, маърифати оиладорӣ, технологияи иттилоотӣ, нақшакашӣ, забони русӣ, адабиёти тоҷик, забони хориҷӣ, химия ва технология аз ҷумлаи камбудиҳое буданд вазири маориф ва илм ҷиҳати ислоҳи онҳо ба роҳбарияти муассиса, мудири шуъбаи маориф ва намояндаи мақомоти иҷроиияи ҳокимияти давлатии ноҳия дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Ҳамзамон, аз омӯзгорон даъват ба амал оварда шуд, ки ҷавобан ба ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф фаъолиятро дучанд ба роҳ монда, дар тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худшиносию ватандӯстӣ, ҳамеша тозаву озода нигоҳ доштани муҳити муассисаи таълимӣ ва муҳимтар аз ҳама, дар самти баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва омода намудани мутахассисони хуби забондон бештар саҳмгузор бошанд.