БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМ ДАР СУҲБАТИ ОНЛАЙНИИ ВАЗИРОН

06-06-2020
 
5-уми июни соли равон суҳбати онлайнии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Имомзода бо вазири маорифи Федератсияи Россия С. Кровтсов баргузор гардид, ки дар он як қатор масъалаҳои муҳим вобаста ба соҳаи маориф ва илм мавриди баррасӣ қарор гирифт. 
Зимни суҳбат ҷонибҳо аз вазъи кунунии ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи маориф ва илм изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки бо вуҷуди оне, ки айни ҳол дар аксари кишварҳои олам бемории сироятии коронавируси нав – COVID-19 ҳукмрон аст, робита ва ҳамкории дуҷонибаи ин ду кишвар дар соҳаи маориф ва илм бештар тақвият ёфт. 
Дар рафти суҳбат, инчунин, сохтмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода, ки таҳсилашон бо забони русӣ ба роҳ монда мешавад, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҷонибҳо изҳор доштад, ки раванди корҳои ҳуҷҷатгузорӣ барои сохтмони муассисаҳои мазкур анҷом ёфтаанд ва корҳои сохтмонӣ рӯзҳои наздик оғоз хоҳанд ёфт. 
Ҳамчунин, дар рафти ҷаласаи мазкур таъмини муассисаҳои таълимии русзабони кишвар бо китобҳои дарсӣ, баргардонидани донишҷӯёни тоҷик, ки донишгоҳҳои Федератсияи Россияро дар соли ҷорӣ хатм намуданд, таҳсили донишҷӯён, ки барои соли таҳсили 2020-2021 ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия дохил шудаанд, аз масъалаҳои мубраме буданд, ки мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.  
Аз ҷумла, М.Имомзода - вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттилоъ дод, ки ҷиҳати таъмини муассисаҳои таълимии русзабон бо китобҳои дарсӣ гурӯҳи корӣ таъсис ёфта, раванди таҳия ва тарҷумаи китобҳои дарсӣ бо забони русӣ ва чопи онҳо идома дорад.
-Яке аз роҳҳои дигари ҳалли масъалаи мазкур, ки нисбатан муносиб ва дархӯри замон дар давраи вазъи эпидемикии минтақа мебошад, ин таъсис додани китобхонаи муштараки ягонаи электронии таълимӣ мебошад,-пешниҳод намуд М.Имомзода.
Дар охир ҷонибҳо омодагии хешро барои ҳалли масъалаҳои баррасигардида дар наздиктарин фурсат иброз намуданд. 
Суннатуллоҳи МИРЗО,
мутахассиси Маркази матбуотии 
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон