БАРРАСИИ  МАСЪАЛАҲОИ  ҲАЛТАЛАБИ  КИТОБҲОИ ДАРСӢ  ДАР  ШУРОИ  МИЛЛИИ  ТАҲСИЛОТ

25-10-2022
25-уми октябри соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода ҷаласаи навбатии Шурои миллии таҳсилот бо иштироки муовини вазир Зиёдулло Абдулзода, инчунин сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, раисони гурӯҳҳои ҳамоҳангсози барнома ва китобҳои дарсӣ, муаллифону мураттибони адабиёти таълимии баррасишаванда баргузор гардид. 
Вобаста ба масъалаи “Пешниҳоди адабиёти таълимӣ барои баррасӣ ва тасдиқ” директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ  Н. Зайниддинзода 13 номгӯйи адабиёти таълимии барои муҳокима пешниҳодшударо муаррифӣ намуд, ки аз онҳо 1 барномаи таълим ва 2 китоби дарсӣ барои хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои махсуси кӯдакони шунавоиашон суст ва деркаршуда, 2 дастури таълимию методӣ ва 1 китоби дарсӣ барои зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 3 китоби дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мебошад. Инчунин, дастурҳои методии «Масъалаҳои олимпиадаҳои математикии хонандагон барои синфҳои 5 – 11-ум», «Маҷмуи саволу масъалаҳои географӣ барои олимпиадаҳои фаннӣ», «Маҷмуи саволу масъалаҳои тестӣ аз фанни химия барои олимпиадаҳои фаннӣ», «Маҷмуи масъалаҳои барномасозӣ ва тарзи ҳалли онҳо дар С++ ва Паскал», ки бо ибтикори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудаанд, ба таври иловагӣ пешниҳод шуда, баррасӣ гардиданд.
Вобаста ба масъалаи «Масъалаҳои ҳалталаби китобҳои дарсии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ” директори Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдурраҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон А. Наҷмиддиниён доир ба «Масъалаҳои ҳалталаби китобҳои дарсии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ» баромад намуд. Номбурда дар ҳошияи маърӯзаи худ иброз дошт, ки ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти бозбинии мазмуни таҳсилот, аз ҷумла китобҳои дарсӣ ва ба талаботи стандартҳои муосир, ниёзу дархости хонандаю ҷомеа ва меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ ва мувофиқ намудани онҳо, ворид кардани ғояҳои давлатдории миллӣ ва арзишҳои ҳувиятсози халқи тоҷик ба матни китобҳои дарсӣ, ғанӣ гардонидани маводди китобҳои дарсӣ, хусусан, фанҳои табиӣ, дақиқ дар шароити ислоҳоти соҳа таҳқиқоти густурда идома дораанд. 
А. Наҷмиддиниён таъкид кард, ки мавҷуд будани матнҳои ҳаҷман калону душворфаҳм, пешниҳоди зиёди маводи назариявӣ (қоидаҳо), мафҳумҳои илмӣ (бе шарҳу тафсир), рақамҳои сершумор, дастгоҳи номукаммали методӣ дар маводи таълим, норасоии миқдори соатҳои таълимӣ (соатҳои нақшаи таълим) ва баъзе мавзуъҳои таълимӣ, ба эътибор нагирифтани тағйироти давомнокии соли таҳсил дар барномаҳои таълимӣ, номувофиқӣ байни китоби дарсӣ ва роҳнамои омӯзгор, мутобиқ набудани баъзе матнҳо ба хусусиятҳои синнусолии хонандагон (аз рӯйи ҳаҷм ва сатҳи мураккабии мавод), пурра риоя нашудани принсипи робитаи байнифаннӣ дар китобҳои дарсии як синф, дар сатҳи зарурӣ ҷалб нагардидани омӯзгорони соҳибкасб,  эҷодкор ва амалгаро, ки таҷрибаи бойи амалии омӯзгорӣ доранд, аз ҷиҳати методологӣ ва педагогиву равоншиносӣ, равишу тарзи баён, суолу супоришҳо, хусусиятҳои синнусолии хонандагон таҳрирталаб будани баъзе аз маводи китобҳои дарсӣ, ҷой доштани ғалатҳои имлоӣ, китобатӣ ва услубӣ, риоя нагардидани баъзе талаботи полиграфӣ зимни тарроҳии китобҳои дарсӣ (ҷой додани карта, схема, суратҳои ранга, порчаҳои христоматӣ, саволҳои тестӣ барои ҳар мавзуъ), риоя нагардидани қоидаи гигиенӣ (осонхонӣ бо андозаи ҳуруф, ранги гарнитурӣ, ранги чопӣ, андозаи сатр ва ҷойгиршавии матн дар саҳифа), дар сатҳи зарурӣ таваҷҷуҳ накардан ба талаботи пайдарҳамӣ ва мантиқи илмӣ-методии ҷобаҷогузории мавод, пайвастагии маводди дохили матн, алоқамандии дохилифаннӣ ва байнифаннии мавод, таркиббандии китоби дарсӣ дар асоси нақша ва барномаҳои таълим бо назардошти қобилиятҳои зеҳнии хонандагон, вуҷуд доштани шаклҳои гуногуни мавод дар китобҳои дарсӣ барои таълими ташаккулдиҳанда (хулосабарорӣ, муқоиса, баҳодиҳӣ, банизомдарорӣ, шарҳи васеи мафҳумҳо, тақлид ва ғайра) аз ҷумлаи камбудиву масъалаҳои ҳалталаби баъзе аз китобҳои дарсии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошанд, ки дар натиҷаи мушоҳидаву таҳқиқот ошкор карда шуданд.
Дар идомаи суханронии А. Наҷмиддиниён аъзои Шурои миллии таҳсилот илова намуданд, ки мавҷуд набудани муқарризону муҳаррирони касбӣ ҳам, ки адабиёти таълимиро аз ҷиҳати методӣ, сохтор, дидактика ва оройиш арзёбӣ карда тавонанд, масъалаи ҳалталаби соҳа ба шумор меравад. 
Бо назардошти фикру пешниҳодҳои баёнгардида аз ҷониби муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷ. Ҷӯразода ҷиҳати пайгирӣ намудан ва бартараф сохтани мушкилоти зикршуда, хусусан, бознигарӣ кардани санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳа ва дар заминаи он тақвият бахшидани раванди ислоҳи китобҳои дарсӣ ба Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдурраҳмони Ҷомӣ, Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ, Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ, Муассисаи нашриявии «Маориф» дастуру супоришҳои мушахас дода шуд.  
Дар идомаи ҷаласаи гузориши раиси гурӯҳи ҳамозангсози барнома ва китобҳои дарсии фанни алифбо ва матни ниёгон А. Байзоев доир ба «Фаъолият ва хулосаҳои гурӯҳи ҳамоҳангсози китобҳои дарсии «Алифбо ва матни ниёгон» дар партави дастуру талаботи нав ба таҳияи китобҳои дарсӣ» шунида шуд. Номбурда зикр намуд, ки ҳарчанд то имрӯз доир ба китобҳои дарсии «Алифбо ва матни ниёгон» барои синфҳои 7-ум ва 8-ум ба муаллифон тақриз ё эроди расмӣ ворид нашудааст, бо вуҷуди ин, муҳтавои китобҳои дарсии номбурда аз ҷониби худи муаллифон (аъзои гурӯҳи коршиносони Шурои миллии таҳсилот) дар такя ба омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд. «Матнҳои китоби дарсӣ бо назардошти моҳияти тарбиявӣ ва созгории онҳо бо сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва дарсҳои хушнависӣ бо назардошти хусусиятҳои синнусолӣ ва завқи зебоишиносии хонандагон таҷдиди назар гардиданд», зикр кард А. Байзоев.
Раиси гурӯҳи ҳамозангсози барнома ва китобҳои дарсии фанни алифбо ва матни ниёгон ва ҳамзамон ҳаммуаллифи китоби дарсии «Алифбо ва матни ниёгон» барои синфҳои 7-ум ва 8-ум А. Байзоев дар хотимаи маърузаи худ ҷалби омӯзгорони тахассусдор барои таълими фанни алифбо ва матни ниёгон, таъсиси кабинетҳои фаннӣ аз алифбо ва матни ниёгон ва муҷаҳҳаз намудани онҳо бо маводи аёнӣ, чопи дастури методии «Мушкилоти таълим ва омӯзиши алифбои ниёгон», пардохти музди меҳнати иловагии омӯзгорон барои тафтиши дафтар, пардохти музди меҳнати таълими фанни алифбо ва матни ниёгон аз рӯйи категория, муттаҳид кардани курсҳои такмили ихтисос аз фанҳои забону адабиёти тоҷик ва алифбо ва мати ниёгон ва ҷалби муаллифони китобҳои дарсӣ барои гузаронидани ин курсҳоро аз масъалаҳои ҳалталаб дар таълими фанни алифбо ва матни ниёгон арзёбӣ намуд. 
Вобаста ба масъалаи мавриди назар аз ҷониби муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷ. Ҷӯразода дастур дода шуд, ки зимни интихоби матнҳо ба китобҳои дарсии алифбо ва матни ниёгон дар баробари осори адабиёти классикӣ, инчунин ба сарчашмаҳои илмӣ ҳам дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ ва ҳам табииву риёзӣ низ таваҷҷуҳ карда шавад. 
Дар ҷаласа, ҳамчунин, лоиҳаи дарсҳои видеоӣ аз фанҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки аз ҷониби Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо ҳамкории шарикони рушд таҳия шудаанд, муаррифӣ гардида, бо дарназардошти ислоҳи эродҳои муқарризон ва коршиносони Шурои миллии таҳсилот ҷиҳати истифода дар раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ иҷозат дода шуд.
  Дар охир раиси ҷаласа, муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода ба раисони гурӯҳҳои ҳамоҳангсози барнома ва китобҳои дарсии Шурои миллии таҳсилот ва аъзои он, инчунин муаллифону мураттибони адабиёти таълимӣ барои кӯшишҳояшон дар таълифу таҳияи китобҳои дарсӣ, арзёбӣ намудани масъалаҳои ҳалталаби соҳаи маориф ва ба ин васила, барои рушди неруи маънивии насли ояндаи кишвар саҳм гузоштанашон арзи сипос кард. 
 Фаридун РАҲМОНЗОДА-
котиби масъули Шурои 
миллии таҳсилот