Баррасии фаъолияти вазорат бо иштироки намояндагони ВАО

20-07-2018
20-уми июли соли ҷорӣ дар толори маркази матбуотии АМИТ “Ховар” нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини якуми вазири маориф ва илм Раҳматулло Мирбобоев, муовинони вазири маориф ва илм, Фатҳиддин Усмонзода, Латофат Назирӣ, сардорони раёсату шуъба ва кормандону масъулини зерсохтори вазорат баргузор гардид, ки дар он намояндагони расонаҳои иттилоотии дохилу хориҷи кишвар, давлативу мустақил, аз қабили рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», ҳафтаномаи «Минбари халқ», «Омӯзгор», «Озодагон», «Фараж», «Азия плюс», «СССР», «Тоҷикистон», «Халқ овози» «Мароми пойтахт», «Народная газета», «Паёми Душанбе», «Паёми донишҷӯ», маҷаллаҳои «Бонувони Тоҷикистон», «Маърифати омӯзгор», «Илм ва ҳаёт», оҷонсиҳои иттилоотии «Ховар», «Авесто», «Озодӣ», «Азия плюс», шабакаҳои телевизиони «Ҷаҳонамо», «Сафина», «Мир», «Россия сегодня», «Душанбе», радиоҳои «Ховар», «Радиои Тоҷикистон», «Садои Душанбе», «Овози тоҷик», «Имрӯз», «Озодӣ» ва ғайра иштирок намуданд. 
Нишасти матбуотии вазорат тариқи саволу ҷавоб сурат гирифта, ба саволҳои хабарнигорон вобаста ба таъмини мактабҳои таълимашон бо забони русӣ бо китобҳои дарсӣ, қабул ва таҳсили донишҷӯён тибқи квотаи Президентӣ, таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар, ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сабабҳои бар гаштан ва ё хориҷ шудани донишҷӯёни тоҷик аз муассисаҳои таълимии кишварҳои хориҷӣ, сохтмони мактаб дар вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз ҷониби Тоҷикистон, ҳолати мактабҳои ӯзбекии дар Тоҷикистон фаъолияткунанда ва таъмини онҳо бо китобҳои дарсӣ, мавқеи вазорат доир ба ҳангомаҳои Диссернет, тартиби ба танзим даровардани сафари устодону донишҷӯён ба хориҷи кишвар аз ҷониби Вазорати маориф ва илм, ҷудо намудани маблағҳо аз буҷаи давлат барои таъмири муассисаҳои таълимӣ, ҷалби устодон барои таъмири муассисаҳои таълимӣ, ҷамъоварии маблағ аз волидайн барои таъмири муассисаҳо, зиёд гардидани теъдоди омӯзгорон аз Федератсия Россия даъватшаванда, ситонидани маблағи барзиёд аз ҷониби роҳбарияти литсейю гимназияҳо барои таҳсил, тағйир додани буҷаи вақт ва бар гаштан ба низоми таҳсили чаҳор чорякӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои хонандагони имконияташон маҳдуд ва ҷалби ташкилотхо барои бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта дар ин самт, қабули хонандагони синфи якум ва теъдоди онҳо дар соли нави хониш, норасоии ҷойҳои нишаст дар муассисаҳои таълимӣ, Дастурамали либосҳои тавсиявии хонандагону донишҷӯён ва омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, зиёд гаштани марказҳои забономӯзӣ ва чанде дигар муовини якуми вазир Р. Мирбобоев, муовинони вазири маориф ва илм Ф. Усмонзода, Л. Назирӣ, сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ Ф.Ҳайдаров, сардори раёсати муносибатҳои байналмилалӣ И.Камолзода, директори Маркази барномаҳои байналмилалӣ И.Шодиев ва дигар сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори вазорат посухҳои мушаххас доданд.
 
Аҳмадшоҳи МАСЪУД,
Саймуҳаммад АБДИЕВ,
мутахассисони Маркази 
матбуоти Вазорати маориф ва илм