БАРРАСИИ 3 МАСЪАЛАИ МУҲИМ ДАР ШӮРОИ МИЛЛИИ ТАҲСИЛОТ

28-09-2022
28-уми сентябри соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии таҳсилот бо ҳузури муовинони вазир Зиёдулло Абдулзода, Лутфия Абдулхолиқзода, инчунин сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои вазорат, раисони гурӯҳҳои ҳамоҳангсози барнома ва китобҳои дарсӣ, муаллифону мураттибони адабиёти таълимии баррасишаванда баргузор гардид. 
Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии таҳсилот масъалаҳои “Пешниҳоди адабиёти таълимӣ барои баррасӣ ва тасдиқ”, “Вазъи ташкили хадамоти психологӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе” ва “Рафти иҷрои «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2025”” мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Аз рӯйи масъалаи якум директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ Н. Зайниддинзода 6 номгӯйи адабиёти таълимии барои муҳокима пешниҳодшударо муаррифӣ намуд, ки аз он 2 барномаи таълим ва ду дастури таълимию методӣ барои зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, як дастури таълим ва як китоби дарсӣ барои зинаи таҳсилоти олии касбӣ, инчунин «Нақшаи дурнамои чопи китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023» мебошад. Бояд гуфт, ки китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимию методии барои муҳокима пешниҳодшуда қаблан аз назари муқарризон ва гурӯҳҳои ҳамоҳангсози Шӯрои миллии таҳсилот мусбат арзёбӣ шудаанд. Бо дарназардошти ин роҷеъ ба тарзи номгузорӣ ва паҳлуҳои дигари адабиёти таълимию методии пешниҳодшуда аъзои Шӯро ва ҳозирин фикру пешниҳодҳои худро баён доштанд.
Зимни муаррифии «Нақшаи дурнамои чопи китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023» Н. Зайниддинзода иброз дошт, ки дар асоси таҳлили эҳтиёҷот оид ба норасоии китобҳои дарсӣ, ки аз ҷониби шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пешниҳод шудааст, нақшаи мазкур мураттаб гардид, ки фарогири 44 номгӯйи китоби дарсӣ мебошад. Бо назардошти ин, аз раисони гурӯҳҳои ҳамоҳангсози барнома ва китобҳои дарсӣ, ки худ муаллифони китобҳои дарсӣ ҳастанд, даъват карда шуд, ки китобҳои ба нақшаи чоп воридшударо дар муҳлати муқарраршуда бознигарӣ намуда, барои ба чоп омода намудан ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.  
Вобаста ба масъалаи «Вазъи ташкили хадамоти психологӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе» президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон М. Саломиён гузориш ироа намуд. Номбурда норасоии мутахассисони равоншиносӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ба роҳ мондани семинарҳои омӯзишӣ бо ширкати директорони мактабҳо ҷиҳати ошно сохтани онҳо ба махсусияти фаъолияти психологи мактабӣ, бознигарии барномаи курсҳои такмили ихтисос барои психологҳои мактабӣ ва баргузор кардани семинарҳои омӯзишӣ бо ширкати донишҷӯёне, ки бевосита дар муассисаҳои таълимӣ ба ҳайси психолог фаъолият мекунанд, ташкили шароити мусоиди корӣ барои психологи мактаб дар муассисаи таълимӣ (таъмини утоқи алоҳидаи кории муаҳҳаз ва таъмини шароит барои фаъолияти самаранок), ҷоннок намудани ҳамкорӣ бо Маркази дастгирии методии психологҳои мактабӣ ва омӯзгоронро аз масъалаҳои ҳалталаби муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе арзёбӣ намуд, ки шуъбаҳои маориф ноҳияҳои пойтахт бояд пайи ҳалли онҳо тадбирҳои муҳим андешанд. 
Бо назардошти фикру пешниҳодҳои ҳозирин ба президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон М. Саломиён, директори Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдурраҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон А. Наҷмиддиниён ва ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Ҷ. Намоззода супориш дода шуд, ки фаъолияти хадамоти психологиро дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ мунтазам мавриди омӯзиш қарор дода, бо мақсади дастгирии методии психологҳои мактабӣ роҳнамову дастурҳои методиро доир ба роҳу усулҳои фаъолияти самарабахши хадамоти психологӣ коркард намуда, ҳамзамон ҷиҳати дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташкил ва баргузор кардани семинарҳои омӯзишӣ барои психологҳои мактабӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.
Дар идомаи ҷаласа ҳисоботи мудири бахши таҳсилоти томактабии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  Қ. Муҳиддинзода аз рафти иҷрои «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2025» шунида шуд. 
«Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2025» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2019, №316 тасдиқ шуда, ҳадафи он қонеъгардонии эҳтиёҷоти шаҳрвандон барои дастрасии таҳсилоти томактабӣ, фароҳам овардани шароит барои таъмини хизматрасонии амалию самарабахш дар муассисаҳои томактабӣ, баробарии шароити гирифтани таълиму тарбияи томактабӣ барои кӯдак аз гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ, ҳамкорӣ ва расонидани кӯмаки машваратӣ ва методӣ ба оилаҳое, ки кӯдакони синну соли томактабиро тарбия мекунанд, иборат мебошад.
Тибқи иттилои Қ. Муҳиддинзода аз 34 банди барнома то айни замон 26 банд иҷро шудааст, ки 76%-ро ташкил медиҳад. Номбурда иброз дошт, ки аксари қисматҳои ба салоҳияти Вазорати маориф ва илм вобасташуда, аз қабили таҳия ва чопи дастурҳои методӣ, барнома ва аёниятҳо, такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандон тибқи нақша иҷро шуда истодаанд.  
Бандҳое, ки иҷрои он ба пуррагӣ таъмин нагардидааст, аз қабили бандҳои 8 таъмини пояи моддӣ-техникӣ, 23 баргардонидани муассисаҳои тапълимии ғайримақсад истифодашаванда, 24 ба роҳ мондани муассисаҳои таълимии мавсимӣ, 34 таъмини маблағгузории барнома ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста мебошад. 
Дар охир аз ҷониби раиси ҷаласа, муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода ҷиҳати пайгирии сифати иҷрои «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2025», тарбияи кадрҳо ва таҳияи адабиёти таълимиву тарбиявӣ барои муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, иҷрои саривақтии қарорҳои қабулшуда ба мураттибону муаллифон ва роҳбарони сохторҳои зертобеи Вазорати маориф ва илм дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
 
Фаридун РАҲМОНЗОДА,
котиби масъули Шӯрои 
миллии таҳсилот