БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДУРАХШАНДАГОН” ОЗМУН БАРГУЗОР ГАРДИД

24-06-2022
24-юми июни соли ҷорӣ дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур барои ба даст овардани стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон” озмун баргузор гардид, ки дар рафти озмун муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани кадрҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ Матлубахон Сатториён Амонзода, муовини вазири маориф ва илм Лутфия Абдулхолиқзода, директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президент ва Маркази барномаҳои байналмилалӣ иштирок намуданд. 
Нахуст, раиси Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани кадрҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ, муовини Сарвазири кишвар М.Сатториён ва муовини вазири маориф ва илм Л.Абдулхолиқзода бо довталабон суҳбати самимӣ анҷом дода, ҷиҳати муваффақ гардидан дар озмун ва сазовор шудан ба стипендияи Президенти кишвар комёбиҳо орзу намуданд. 
Тибқи иттилои масъулини Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар умум, 272 нафар довталаб аз 26 шаҳру ноҳияи кишвар ҳуҷҷат супоридааст. 
Тавре ҳамагон иттилоъ доранд, қаблан Маркази барномаҳои байналмилалӣ барои дарёфти стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон” дар зинаҳои таҳсилотӣ: бакалавр, мутахассис, магистратура (ординатура), аспирантура ва докторантура озмун эълон намуда буд.