БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

31-05-2023
31 майи соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илм таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он аъзои ҳайати мушовара, муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода, муовини вазири маориф ва илм Лутфия Абдухолиқзода, сардорони раёсат, шуъба, бахши дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеъ ва директорону ректорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва олии касбӣ, сардорони раёсат ва мудирону кормандони шуъбаҳои маорифи кишвар ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.
Раҳим Саидзода ҷаласаро оғоз бахшида, ҳозиринро ба рӯзномаи ҷаласа ва масъалаҳои ҷории баррасишаванда шинос намуд.
Сипас гузоришҳои сардори раёсати илм ва инноватсия С. Ниёзӣ “Оид ба вазъи фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ дар донишгоҳу донишкадаҳои воқеъ дар вилояти Хатлон”, мудири шуъбаи хадамоти методии таҳсилоти умумии Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ Б. Нодиров “Оид ба таҳияи Нақшаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2024 ва солҳои минбаъда” ва  сардори раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм Б. Музаффарзода “Оид ба иҷрои бандҳои Нақшаи миёнамуҳлати амал барои солҳои 2021-2023-и Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” шунида шуд. Раиси ҷаласа масъалаҳои сатҳу сифати таълиму тарбия, раванди қабули довталабон, зиёд кардани устодони дараҷаву унвони илмидошта, беҳтар кардани фаъолияти донишгоҳу донишкадаҳо, дастгирии омӯзгорон дар ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ, омода намудани мутахассисони варзида ва ҷавобгӯ ба стандартҳои муосир, кушодани шуроҳои диссертатсионӣ, тарбияи олимони ҷавони самти илмҳои дақиқ ва техникӣ, ҳавасмандкунонии олимони ҷавон, чопи мақолаҳо дар маҷаллаҳои тақризшаванда, ҷалби омӯзгорони унвони илмидошта ба донишкадаву донишгоҳҳо, ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии хориҷӣ, иҷро намудани нақшаи қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таълимиро баррасӣ намуда, ба масъулин вобаста ба масъалаҳои мазкур дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дар идома гузориши директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ Н.Зайниддинзода “Дар бораи китоби дарсии «Алифбо» барои хонандагони синфи 1-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (муаллифон: Лутфуллозода Маҳмадулло, Шарифзода Файзулло, Абдуллоев Ибодулло)”, “Дар бораи китоби дарсии «Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ» барои дарсҳои тарбиявӣ дар синфҳои 1 – 2-юми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (муаллифон: Зайниддинзода Наҷмиддин, Мунавваров Ҳабибулло)”, “Дар бораи китоби дарсии «Тарбияи ҷисмонӣ» барои хонандагони синфҳои 1 – 4-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (муаллиф: Ш. Сафаров, Л. А. Губанова)”, “Дар бораи китоби дарсии «Суруд ва мусиқӣ» барои хонандагони синфи 3-юми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (муаллиф: Гулназаров Сафар)”, “Дар бораи китоби дарсии «Табиатшиносӣ» («Олами атрофи мо») барои хонандагони синфи 4-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (муаллифон: Қодиров Набӣ, Давлатзода Сайфиддин, Исозода Комилшо, Ибодулло Абдуллоев, Муҳиддин Зиёев, М. Табаруков)”, “Дар бораи китоби дарсии «Русский язык» («Забони русӣ») барои хонандагони синфи 5-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (муаллиф: Некрасова Людмила Андревна)”, Дар бораи китоби дарсии «Тарбияи ҷисмонӣ» барои хонандагони синфҳои 5 – 6-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (муаллиф: Ш. Сафаров, Д. Каримова, Л. А. Губанова)”, “Дар бораи китоби дарсии «Русский язык» (Забони русӣ) барои хонандагони синфи 7-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (муаллифон: Т. В. Гусейнова, Д. Х. Шабурова)”, “Дар бораи китоби дарсии «Тарбияи ҷисмонӣ»  барои хонандагони синфҳои 7 – 9-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (муаллиф: Ш. Сафаров, Д. Каримова, Л. А. Губанова)”, “Дар бораи китоби дарсии «Тарбияи ҷисмонӣ» барои хонандагони синфҳои 10 – 11-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (муаллифон: Ш. Сафаров, Д. Каримова, Л. А. Губанова)”, “Дар бораи китоби дарсии «Асосҳои иқтисодиёт» барои хонандагони синфи 11-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (муаллифон: Р. Мирбобоев, М. Саидмуродов, Ф. Убайдов, И. Хоркашов, Д. Фозилхонов, М. Имомназаров)”, “Дар бораи дастури методии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» барои довталабони озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат»  (мураттибон: Р. Я. Шарифов, Б. З. Неъматов)”, “Дар бораи китоби дарсии «Баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит» барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (муаллифон: Д. Н. Дадоматов, Б. М. Қӯзибоева)”, “Дар бораи китоби дарсии «Герпетология» барои факултетҳои табиатшиносии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (муаллифон: Т. Сатторов, У. Эргашев)”, “Дар бораи китоби дарсии «Забони тоҷикӣ» барои донишҷӯёни равияи табиӣ ва риёзии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ  (муаллиф: Саидмуроди Хоҷазод)”, “Дар бораи китоби дарсии «Математикаи олӣ» (Қисми 1) барои донишҷӯёни ихтисосҳои табиатшиносӣ, муҳандисӣ ва иқтисодии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (муаллифон: С. Ҳ. Зокиров)”, “Дар бораи китоби дарсии «Технологияҳои масолеҳи конструксионӣ» барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (муаллифон: Азизов Рустам Очилдиевич, Алиев Ҷамшед Насриддинович)”, “Дар бораи китоби дарсии «Географияи иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакатҳои хориҷӣ» барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (муаллиф: Ҷӯраев Алишер)”, “Оид ба тасдиқи «Нақшаи чопи китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимоташон бо забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, қирғизӣ ва туркмании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023»” шунида шуд.
Ҳамчунин, гузоришҳои директори Пажуҳишгоҳи рушди маориф А.Наҷмидиниён “Дар бораи иҷрои фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба озмоиши стандарту барномаҳои таълимии фанҳои зинаи таҳсилоти ибтидоӣ – забони тоҷикӣ, хониши бадеӣ, математика, забони русӣ, литературное чтение, суруд ва мусиқӣ, санъати тасвирӣ, табиатшиносӣ ва тарбияи ҷисмонӣ”” ва сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ Н.Мирзозода “Дар бораи тасдиқи Низомномаи таҳсилоти фосилавӣ дар муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи тасдиқи Дастурамал оид ба таҳияи сарбории таълимии ҳайати омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи тасдиқи Низомномаи муҳити бехатар ва мусоиди таълим дар  муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Оид ба тасдиқи Қоидаҳои гузаронидани корҳои таблиғотӣ дар бораи ҷалби довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба ҳозирин пешниҳод гардид.
Бо назардошти ироаи таклифу пешниҳодҳои аҳли толор вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардид.
Дар охир, вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин доир ба беҳтар намудани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, таъмин намудани шаффофият дар имтиҳонҳои давлатии хатмкунандагони ҳамаи муассисаҳои таълимӣ, дар сатҳи хуб ба анҷом расондани соли хониш, иҷрои ҳатмию саривақтии стратегия, барнома, консепсия, қарорҳои ҳайати мушовара ва фармоишҳои вазири маориф ва илм, нашр ва бознашри китобҳои дарсӣ ва чанде дигар дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон