БАИМЗОРАСОНИИ СОЗИШНОМАИ ГРАНТӢ

16-08-2022
16-уми августи соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи грантӣ вобаста ба сохтмони 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Бохтар, Хуҷанд ва Турсунзода аз ҷониби вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро ва директори иҷроияи блоки лоиҳавии Бунёди АвруОсиёии пойдорӣ ва рушд Широков Андрей Германович ба имзо расонида шуд. Дар ҷараёни имзои созишнома муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода, сардори раёсати сохтмони асосии назди Вазорати маориф ва илм Дилшод Сафарзода, сардори раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илм Илҳом Камолзода, директори гурӯҳи лоиҳавии амалгардонии лоиҳаҳои сармоягузории Бонки АвруОсиёии муътадилгардонӣ ва рушд Александр Халтурин, директори намояндагии Бунёди АвруОсиёии пойдорӣ ва рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Никулин Николай Николаевич, роҳбари гурӯҳи татбиқи лоиҳаи сохтмони мактабҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Троитский Юрий Вламирович, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ҳамчунин, бо тариқи маҷозӣ масъулини шаҳрҳои Кӯлоб, Бохтар, Хуҷанд ва Турсунзода иштирок карданд.
Таъкид гардид, ки ҳадаф саривақт ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ ва бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин намудани 5 муассисаи таълимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Айни замон дар ин иншоот корҳои созандагӣ бомаром идома дошта, муассисаҳои таълимӣ тибқи нақша моҳи сентябри соли равон мавриди истифода қарор мегиранд.
Шоистаи таъкид аст, ки бо мақсади амалӣ намудани назорат ва ҳамоҳангсозии корҳои сохтмонӣ ва иҷрои супориши Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 07.04.2021 №12540 (27-4) миёни тарафҳо комиссияи дуҷониба таъсис дода шудааст, ки ба ҳайати он мақомотҳои дахлдор шомил гардидаанд. Бо ин мақсад 13 ҷаласаи ситоди комиссия бо роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Усмоналӣ Усмонзода баргузор гардид ва оид ба рафти корҳои сохтмонӣ ва ҳалли мушкилоти мавҷуда қарорҳои дахлдор қабул карда шудааст.
Комрони Аслон