Ба таваҷҷуҳи онҳое, ки дар Федератсияи Россия таҳсил кардан мехоҳанд

11-04-2018
Намоишгоҳи донишгоҳҳо
Чун анъана 12-13 апрел дар пойтахти мамлакат Ҳафтумин намоишгоҳ-ярмаркаи «Таҳсилоти Россия-2018» баргузор мегардад. Маросими ифтитоҳи намоишгоҳ 12 апрел соати 09.30 дар саҳни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур бо ширкати роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, зерсохторҳои он, Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони  донишгоҳҳои Россия баргузор мегардад. Дар намоишгоҳ иштироки намояндагони  донишгоҳҳои маъруфи давлатии аз тамоми минтақаҳои Федереатсияи Россия- Ҷанубу Ғарб (ш. Курск), Удмуртистон (ш. Уфа), иқтисодии ба номи Г.Плеханов (ш.Москва), федералии ш. Қазон, федералии Сибир (ш. Красноярск), технологии ш. Москва, илм ва технологияи Сибир,  кишоварзии Ҷануби Сибир (ш.Челябинск), меъморию сохтмони Санкт-Петербург, давлатии иқтисодии Урал (ш. Екатеринбург), давлатии истеҳсолоти хӯроквории ш. Москва, давлатии шаҳрҳои Комсомоли лаби Амур, Мари, Байкал, Пенза, Уқёнуси Ороми ш. Хабаровск, федералии Қафқози Шимолӣ (ш. Ставропол) ва ғайра, ҷамъ 28 муассисаҳои таҳсилоти олии Россия дар назар дошта шудааст. Дар он роҳбарон ва намояндагони ин муассисаҳои таълимӣ ба хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишварамон ва дигарон, ки хоҳиши таҳсил дар мактабҳои олии Россия доранд, дар бораи таълимгоҳҳои мазкур маълумот дода, онҳоро бо касбу ихтисосҳо ва шароити таҳсил шинос менамоянд. Дар намоишгоҳ давоми ду рӯз тибқи нақша гузарондани чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла вохӯрӣ, гуфтушунидҳо, имзои шартномаю тавофуқномаҳо байни донишгоҳҳои Федереатсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати ҳамкориҳо ва таҳсили донишҷӯён дар муассисаҳои ҳамдигар пешбинӣ шудааст. Марҳамат ба Ҳафтумин намоишгоҳ-ярмаркаи «Таҳсилоти Россия-2018» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Маркази матбуоти Вазорати маориф 
ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон