Ба таваҷҷуҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Роғун, Файзобод, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Лахш ва Сангвор ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИ СОҲАИ МАОРИФ: ДАСТОВАРД ҲАСТ, КАМБУДИҲО НИЗ ҶОЙ ДОРАНД

18-06-2022
 
18-уми июни соли ҷорӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и ноҳияи Нуробод таҳти раёсати муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода ҷаласаи кории сайёр баргузор гардид, ки дар он муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои Роғун, Файзобод, Нуробод, Сангвор, Рашт, Тоҷикобод ва Лахш, муовини раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Қурбонов, сардорони раёсат, шуъба ва бахши дастгоҳи марказии вазорат ва роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, мудирон ва кормандони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои номбаршуда, директорони марказҳои таҳсилоти иловагӣ, дарёфт ва рушди истеъдодҳо, технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсия, директорони мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ ва директорону ректори муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ иштирок намуданд.
Дар ҷаласа вазъи соҳаи маорифи шаҳри Роғун ва ноҳияҳои Файзобод, Нуробод, Сангвор, Рашт, Тоҷикобод, Лахш ва омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор гирифта, гузориши Зиёратшоҳ Назрулозода–сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маорифва илм шунида шуд.
Зикр гардид, ки дар зинаи таҳсилоти томактабӣ дар шаҳру ноҳияҳои Роғун, Файзобод, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Лахш ва Сангвор 4656 нафар кӯдаки синни томактабӣ (аз 3 то 6-сола) ба таълиму тарбияи томактабӣ фаро гирифта шудааст, ки 6,4%-ро ташкил дода, аз сатҳи миёнаи ҷумҳурӣ (15,6%) 2,5 маротиба паст мебошад. 
Дар шаҳри Роғун, ноҳияҳои минтақаи Рашт ва ноҳияи Файзобод 152 гурӯҳ маркази инкишофи кӯдак дар назди 152 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо фарогирии 3027 нафар кӯдак ташкил шудааст. Аз 231 нафар мураббие, ки дар муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои инкишофи кӯдаки шаҳру ноҳияҳои мазкур ба таълиму тарбия машғуланд, 8 нафар бо таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият мекунанд. 
Таҳлили рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2019, №316 дар бораи «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» нишон дод, ки ҳарчанд ҷиҳати амалигардонии он қарори раисони шаҳру ноҳия ва нақшаи чорабиниҳо ба тасвиб расида бошад ҳам, аммо иҷрои Барнома таъмин нагардидааст. 
Ғизои солим яке аз масъалаи ҳалталаб буда, ба ҳисоби миёна дар як рӯз ба як кӯдак аз ҳисоби буҷети маҳал ва маблағи падару модарон дар шаҳри Роғун 3 сомониву 40 дирам, ноҳияи Файзобод 2 сомонӣ, Тоҷикобод 1 сомонӣ, Нуробод 2 сомониву 10 дирам, Рашт 9 сомонӣ, Лахш 2 сомониву 40 дирам, Сангвор 2 сомониву 10 дирам пешбинӣ шудааст, ки аз шаҳру ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ беҳтар бошад ҳам, нокифоя аст. 
Дар шаҳру ноҳияҳои минтақа 463 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият менамояд, ки аз он ба шаҳри Роғун 42 муассиса, ноҳияи Нуробод 84 муассиса, ноҳияи Сангвор 60 муассиса, ноҳияи Рашт 113 муассиса, ноҳияи Тоҷикобод 38 муассиса, ноҳияи Файзобод 65 муассиса ва ноҳияи Лахш 61 муассиса мансуб мебошад. 
Таъмини муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ яке аз масъалаҳои асосӣ дар соҳаи маориф маҳсуб гардида, он ба раванди бомаром ва муваффақонаи таълиму тарбия ва баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон зич алоқаманд аст.
Бояд қайд намуд, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои мазкур 6714 нафар (2252 нафар зан) омӯзгор кору фаъолият менамояд, ки аз ин шумора, дар шаҳри Роғун 563 нафар, ноҳияи Нуробод 868 нафар, Сангвор 564 нафар, Рашт 1648 нафар, Тоҷикобод 532 нафар, Файзобод 1442 нафар ва Лахш 1097 нафар ба қайд гирифта шудааст. 
Дар иртибот ба ин, ҳамасола аз ҷониби шуъбаҳои маорифи минтақа ба Вазорати маориф ва илм оид ба эҳтиёҷот ба омӯзгорони соҳибихтисос дархост пешниҳод карда мешавад. Вобаста ба ин, бо роҳхати Вазорати маориф ва илм ба муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои мазкур 323 нафар мутахассиси ҷавон фиристода шуд. 
Яке аз роҳҳои ҳавасманд намудани мутахассисони ҷавон ба касби омӯзгорӣ таъмини онҳо бо имтиёзҳои моддию маънавӣ ба ҳисоб меравад.
Рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.05.2006, №197 «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон» дар шаҳру ноҳияҳои зикршуда ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Дар соли 2021 аз 970 нафар мутахассиси ҷавони ба ҷойи кор ҳозир фиристодашуда дар соли 2021 57 нафар (11 нафар дар ноҳияи Лахш, 5 нафар дар ноҳияи Сангвор, 8 нафар дар ноҳияи Файзобод, 12 нафар дар ноҳияи Тоҷикобод ва 10 нафар дар ноҳияи Нуробод) бо қарзи имтиёзнок, 27 нафар бо замини наздиҳавлигӣ (Файзобод -12 нафар, Роғӯн – 15 нафар) ва замин барои полезкорӣ ва боғдорӣ 20 нафар (Файзобод – 16 нафар, Сангвор – 4 нафар) таъмин карда шудааст халос. 
Аз курсҳои такмили ихтисос гузаштани омӯзгорон низ зери назорати доимии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, сайқал додани маҳорату малакаи касбӣ дар баланд бардоштани сифати таҳсилот нақши асосиро мебозад.
Дар нимсолаи якуми соли 2022 490 нафар аз курсҳои нақшавии такмили ихтисос гузаштаанд, ки 69,5%-ро ташкил медиҳад. Мутаассифона, ноҳияҳои Тоҷикобод 36%, Сангвор 56,6% ва Рашт 57,9%-ро ташкил медиҳад, ки аз ҳисоби умумии шаҳру ноҳияҳои зикршуда камтар аст.
Яке аз мушкилоти асосии аз курсҳо қафо мондани омӯзгорон сари вақт аз ҷониби шуъбаи молияи мақомомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ пардохт нашудани маблағи сафархарҷии онҳо мебошад.
Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои мазкур 114094 нафар хонанда (55264 духтар) ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст, ки дар шаҳри Роғун 10297 нафар, ноҳияи Нуробод 18065 нафар, Сангвор 5133 нафар, Рашт 30246 нафар, Тоҷикобод 11083 нафар, Файзобод 26217 ва Лахш 13053 нафар мебошад. 
Аз таҳлилҳо бармеояд, ки дар се соли охир муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои зикршударо 39366 нафар хонанда хатм намуд, ки аз онҳо 14210 нафар (36,1%) тавассути Маркази миллии тестӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кишвар дохил гардиданд. Фоизи дохилшавии хатмкунандагон ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар ноҳияи Рашт 40,6%, Сангвор 44,9%, Нуробод 19,7%, Лахш 21%, Тоҷикобод 21,9%, Роғун 50,7% ва Файзобод 51,4%-ро ташкил дода, нокифоя арзёбӣ мегардад.
Давоми 5 соли охир дар ноҳияҳои минтақаи Рашт 8 муассисаи ибтидоӣ ба умумии асосӣ ва 18 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ба миёнаи умумӣ табдили мақом намудааст.
Бо вуҷуди он, дар шаҳру ноҳияҳои мазкур 107 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ ва 79 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ фаъолият менамоянд.
Масъулини шаҳру ноҳияҳои зикршударо зарур аст, ки вобаста ба иҷрои талаботи моддаи 41 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои банди 5 моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” ҷиҳати аз таҳсили ҳатмӣ (синфи 9) дур намондани хонандагон (хусусан духтарон) барои табдили мақом намудани муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ба умумии асосӣ ва аз умумии асосӣ ба миёнаи умумӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.
Рафти амалишавии Барномаи таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 20221-2025 дар соли 2021 аз 7 озмоишгоҳи физика ва 196 кабинети фаннии банақшагирифташуда танҳо 17 кабинети фаннӣ аз ҳисоби ноҳияҳои Рашт (9 кабинет), Файзобод (7 кабинет) ва Лахш (1 кабинет аз ҳисоби ЮСАИД) харидорӣ гардидааст, ки 8,6%-и иҷрои Барномаи мазкурро ташкил медиҳад.
Рафти иҷрои Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 дар маркази диққати кормандони соҳаи маориф қарор дошта, бо ҷалби маблағҳои буҷети шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорон ва шахсони алоҳида ба муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои мавриди назар (Роғун, Файзобод, Нуробод, Тоҷикобод, Рашт, Лахш, Сангвор) 4051 адад компютер, 873 принтер, 86 адад тахтаи электронӣ ва 162 адад видеопроектор харидорӣ гардида, дар муассисаҳои таълимӣ мавриди истифода қарор доранд.
Тибқи талаботи Барномаи давлатӣ дар семоҳаи аввали соли 2022 аз ҷониби шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои зикршуда бояд 583 компютер ва 73 тахтаи электронӣ харидорӣ карда мешуд. Мутаассифона, ба ҳолати семоҳаи соли 2022 74 компютер ва 4 тахтаи электронӣ харидорӣ гардидааст, ки мутаносибан 12,6% ва 5,4%-и иҷрои нақшаро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳандаи мазкур ташвишовар мебошад. 
Яке аз самтҳои муҳим ҷиҳати ҷалби хонандагон аз рӯи шавқу рағбат ва ошкор намудани қобилияту истеъдодҳои онҳо фаъолияти босамари марказҳои назди шуъбаҳои маориф дар шаҳру ноҳияҳо мебошад. 
Тибқи маълумот дар назди шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои мазкур марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо, таҳсилоти иловагӣ ва технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия ташкил карда шудааст. Вале фаъолияти марказҳои мазкур имрӯз беҳбудӣ металабад. Аз ҷумла, марказҳои таҳсилоти иловагӣ дар шаҳру ноҳияҳои Роғун, Нуробод, Лахш ва Сангвор бинои худро надошта, дар биноҳои раёсату шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои таълимӣ ҷойгир мебошанд, ки барои ташкили фаъолияти самарабахши маҳфилҳои фаннӣ ва ҷалби бештари хонандагони боистеъдод дар онҳо мушкилӣ ба миён меояд.
Дар назди марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои мазкур 122 маҳфил дар 442 гурӯҳ зиёда аз 3990 хонанда ба таҳсилоти иловагӣ фаро гирифта шудааст, ки 3,5% ҷамъи хонандагони ин шаҳру ноҳияҳоро (114094 нафар) ташкил медиҳад.
Инчунин, дар назди ҳамаи шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои зикршуда марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳофаъолият кунанд ҳам, то имрӯз дар маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳри Роғун 6 воҳиди корӣ, ноҳияҳои Нуробод, Тоҷикобод, Рашт 5 воҳиди корӣ, Файзобод, Лахш ва Сангвор бо 3 воҳиди корӣ фаъолият менамоянд, ки хилофи талаботи “Барномаи мақсадноки маҳаллии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025” мебошад (Тибқи талабот бояд на кам аз 15 воҳиди корӣ бе ҳайати хизматгузор бошад).
Яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи маориф таҳия, нашр ва таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба китобҳои дарсӣ, барномаҳои таълим ва дигар дастурҳои методӣ мебошад. Бо ин мақсад, давоми соли 2021 ба шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои Файзобод, шаҳри Роғун ва ноҳияҳои минтақаи Рашт 142 ҳазору 398 нусха китобҳои дарсӣ таъмин карда шуд. Ба тадбирҳои амалишуда нигоҳ накарда, муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои минтақа барои соли таҳсили 2022-2023 бо назардошти зиёдшавии хонанда ва муҳлати нашри такрории китобҳои дарсӣ ба миқдори 153 ҳазору 989 нусха дархост ба китоб пешниҳод кардаанд.
Иловатан ба миқдори китобҳои дарсии фиристодашуда дар давоми 6 моҳи соли 2022 ба муассисаҳои таълимии ноҳияи Файзобод, шаҳри Роғун ва минтақаи Рашт 133 ҳазору 895 нусха китоби дарсии чопшуда (н. Фазобод 1291 нусха, ш. Роғун 29200 нусха, н. Нуробод 22391 нусха, н. Рашт 40005 нусха, н. Тоҷикобод 19689 нусха ва н. Лахш 10419 нусха) аз рӯи 31 номгӯ ирсол гардид. 
Тибқи маълумотҳои дастрасгардида дар давраи Истиқлолияти давлатӣ солҳои 1991-2021 дар шаҳри Роғун, ноҳияҳои Файзобод ва минтақаи Рашт аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 371 бинои нав ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 40472 ҷойи нишаст сохта бо истифода дода шудааст.
Мавриди зикр аст, ки дар соли 2022 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 13 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 2808 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шудааст.
Дар шаҳру ноҳияҳои мазкур 27 бинои муассисаи таълимӣ (Рашт-4, Файзобод-8, Лахш-5, Тоҷикобод-10 муассиса) дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, 85 бинои муассисаи таълимӣ (Рашт-8, Роғун-14, Файзобод-8, Лахш-8,Сангвор-8, Нуробод-39 муассиса) ба таъмири асосӣ низ доранд. 
Тибқи нақша дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Роғун, Файзобод, Нуробод, Тоҷикобод, Рашт Сангвор ва Лахш ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023, дар маҷмуъ, 5181,10 тонна ангишт, 3412,6 м3 ҳезум ва 15247 литр сӯзишвории дизелӣ пешбинӣ шуда, аз ҳисоби соли гузашта, ки 72,6 тонна ангишт ва 53,8 м3 ҳезум боқӣ мондааст, ки нақшаи захираи ангишт 1,4% ва ҳезум 1,5% иҷро гардидааст.
Сипас, сардори раёсати сохтмони асосӣ Д.Сафарзода ва муовини раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Қурбонов доир ба ҷудо гардидани қитъаҳои замин барои сохтмони биноҳои таълимӣ ва истифодаи мақсадноки заминҳои наздимуассисавӣ, дастгирии омӯзгорон, роҳҳои ҷалб ва ҳавасмандгардонии омӯзгорон, пешгирӣ аз фурӯши маҷбурии чиптаҳои театру кино ва либосҳои мактабӣ аз ҷониби омӯзгорон, пардохти саривақтии сафархарҷиҳо ибрози андеша намуданд.
Баъд аз гузориш ва ироаи таклифу пешниҳодҳо, раиси ҷаласа ба масъулин ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои зикргардида, хусусан андешидани тадбирҳои судманд доир ба бунёди муассисаҳои томактабӣ ва зиёд намудани фарогирии наврасону кӯдакон ба ин зинаи таҳсилот, бунёди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва бартараф намудани норасоии ҷойи нишаст, бартараф намудани норасоии кадрӣ ва китобҳои дарсӣ, таъмини омӯзгорони ҷавон бо имтиёзҳои муқарраргардида, рафти иҷрои барномаҳои давлатӣ, иштироки хонандагон дар озмуну олимпиадаҳо, аз курсҳои такмили ихтисос гузаронидани омӯзгорон ва пардохти маблағҳои сафархарҷӣ, таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ, технологияи муосир ва истифодаи он дар раванди таълим, ҷоннок намудани фаъолияти марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва таҳсилоти иловагӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ ва чанде дигар дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Ҳамзамон, бо истифода аз иштироки муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда, ки аз мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳру ноҳияҳо вобаста аст, тадбирҳои саривақтию мушаххас роҳандозӣ карда шавад.
Эҳсони ХУШБАХТ