Ба истифода додани бинои нави таълимӣ ва хобгоҳи Мактаб-интернати ноҳияи Қубодиён

01-11-2022
1 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави таълимӣ ва хобгоҳи Мактаб-интернати ноҳияи Қубодиёнро ба истифода доданд.
Иншооти иҷтимоӣ дар заминаи дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби сармоя барои 480 ҷойи нишаст сохта шудааст.
Дар синфхонаҳои фанни физика, кимиё, биология ва компютерӣ хонандагон метавонанд фанҳои дақиқро дар шароити муосир аз худ намоянд.
Дар доираи солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзи дар соҳаи илму маориф” фароҳам шудани чунин шароит метавонад ҷиҳати баланд шудани савияи дониши хонандагон дар илмҳои дақиқ ва оянда равнақ ёфтани нақши илм дар истеҳсолот мусоидат намояд.   
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насли наврасро бо истифода аз шароити фароҳамшуда барои омӯзиши ҳарчӣ бештари илмҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ ҳидоят намуданд.
Хобгоҳи муассиса бо шароити зарурӣ барои 100 кат бо нуқтаҳои санитарӣ сохта шудааст. Дар ҳуҷраҳои хоб барои истиқомат ва дарстайёркунии хонандагон лавозимоти зарурӣ ҷиҳозонида шудааст.
Дар доираи сиёсати иҷтимоӣ дастгирии ятимону бепарасторон зери таваҷҷуҳи хосаи Сарвари давлат қарор дорад ва ҷиҳати фароҳам овардани шароити зарурӣ барои таҳсилу истиқомати онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. 
Ҳуҷраи тиббии муассиса дорои таҷҳизоти нав барои расонидани кумаки аввалияи тиббӣ мебошад.
Дар китобхонаи мактаб-интернат имконияти мусоид барои мутолиаи адабиёти дарсӣ, илмӣ ва соҳавӣ фароҳам оварда шудааст.
Ҳоло дар муассиса 30 нафар кӯдаки ятим ва дигар наврасон ба таълиму тарбия ва зиндагӣ фаро гирифта шудаанд. 
Дар саҳни иншоот барои гузаронидани машқҳои омодагии дифои ҳарбӣ ва баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстии хонандагон тибқи талабот майдони замонавӣ сохта шудааст. 
Бунёду ба истифода додани чунин иншооти хуштарҳу замонавӣ фараҳмандии таълимгирандагонро барои омӯзиши илмҳои муосир ва оянда хизмат намудан ба нафъи давлату миллат афзун намудааст.