АВВАЛИН НАМОИШГОҲ-ЯРМАРКАИ «STUDY IN UKRAINE» ДАР ТОҶИКИСТОН

05-04-2021
 
Аз 30-юми март то 1-уми апрели соли ҷорӣ дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур аввалин намоишгоҳ-ярмаркаи «Study in Ukraine» дар Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он наздики 90 нафар намояндаи Вазорати маориф ва илми Украина ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии он бо роҳбарии вазири маориф ва илм Шкарлет Сергей Михайлович ширкат намуданд. 
Нахуст, дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти расмии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ ва вазири маориф ва илми Украина Шкарлет Сергей Михайлович баргузор гардид, ки дар он вобаста ба ҳамкориҳои ҷойдошта дар соҳа, аз ҷумла зиёд намудани теъдоди бурсияҳо барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, табодули таҷрибаи профессорону омӯзгорон, эътирофи ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ, дараҷа ва унвонҳои илмӣ ва чанде дигар табодули назар карда шуд.
Сипас, маросими ифтитоҳии аввалин намоишгоҳ-ярмаркаи «Study in Ukraine» дар Тоҷикистон дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур сурат гирифт, ки дар он вазирони маориф ва илм, сафири Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Василий Серватюк, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳо, инчунин, донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуданд.
Дар намоишгоҳ-ярмаркаи мазкур Донишгоҳи миллии нафту гази Ивано-Франковск, Донишгоҳи миллии савдо ва иқтисоди Киев, Донишгоҳи миллии сохтмон ва архитектураи Киев, Донишгоҳи миллии технология ва дизайни Киев, Донишгоҳи давлатии иқтисод ва технология (Кривой Рог), Донишгоҳи миллии Кривой Рог, Донишгоҳи миллии техникии Лутск, Донишгоҳи миллии авиатсия, Донишгоҳи миллии техникии «Институти политехникии Харков», Донишгоҳи миллии политехникии Лвов, Донишгоҳи миллии политехникии ба номи Юрий Кондратюк, Донишгоҳи миллии политехникии Чернигов, Донишгоҳи миллии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, Донишгоҳи миллии Прекарпатия ба номи  В. Стефаник, Донишгоҳи давлатии Сум, Донишгоҳи миллии аграрии Сум, Донишгоҳи миллии Ужгород, Донишгоҳи миллии автомобилӣ ва шоҳроҳи Харков, Донишгоҳи миллии Черкас, Донишгоҳи ба номи Петро Магила, Донишгоҳи Алфред Нобел, Донишгоҳи давлатии технологияҳои зеҳнӣ ва коммуникатсия, Донишгоҳи миллии идоракунии об ва идоракунии муҳити зист, Донишгоҳи давлатии Нижин ба номи Николай Гогол, Донишгоҳи гумрук ва молия, Донишкадаи тиббии анъанавӣ ва алтернативии тиббии Днепр, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Умон, Донишгоҳи миллии хоҷагии шаҳри Харков ба номи Бекетов, Донишгоҳи миллии Украинаи Ғарбӣ, Донишгоҳи давлатии Сумии ба номи Макаренко, Донишгоҳи аграрии Одесса, Донишгоҳи давлатии экологии Одесса, Донишгоҳи миллии аграрии Белосерковский, Донишгоҳи давлатии технологии Черкасс, Донишгоҳи миллии омӯзгории ба номи Драгоманов, Донишгоҳи миллии киштисозии ба номи Адмирал Макаров, Донишгоҳи давлатии технологияҳои кимиёвии Украина, Академияи миллии мусиқии Украина ва чанде дигар ширкат намуда, дастовардҳои худро муаррифӣ намуданд. 
Ҳамчунин, дар ин рӯз дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур вохӯрии вазири маориф ва илми Украина бо хатмкунандагони муассисаҳои таълимии Украина, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои гуногун кору фаъолият менамоянд, баргузор гардид.
Дар баробари идомаи кори намоишгоҳ-ярмарка, ҳамчунин, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии Украина аз муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуда, дар самти ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба ва вусъат бахшидани ҳамкориҳо табодули назар намуда, як қатор созишномаҳои ҳамкории байнидонишгоҳӣ ба имзо расониданд.
Аз ҷумла, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 11 созишномаи ҳамкорӣ, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ 13 созишнома, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон 2 созишнома, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ 5 созишнома, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур 35 созишнома, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон 8 созишнома, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 12 созишнома, Донишгоҳи давлатии Данғара 45 созишнома, Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат 13 созишнома, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов 1 созишномаи ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии Украина ба имзо расониданд. 
Дар баробари ин, ҳайати бисёрнафараи иштирокдорони намоишгоҳ-ярмарка аз ҷойҳои таърихию фарҳангии шаҳри Норак ва ноҳияи Данғара дидан намуданд.
Дар рафти чорабиниҳои доиргардида дар доираи намоишгоҳ-ярмарка ба як қатор иштирокчиён-намояндагони Вазорати маориф ва илми Украина ва ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Украина нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон», «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва туҳфаҳои рамзӣ тақдим карда шуд. Ҳамчунин, барои дар сатҳи баланд истиқбол ва баргузор намудани ярмарка-намоишгоҳ ва ҳамкориҳои судманд ба вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Имомзода ва муовини вазири маориф ва илм Д.Қодирзода нишони «Аълочии маориф ва илми Украина» тақдим карда шуд. 
Ёдовар бояд шуд, ки ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм бо Украина дар асоси «Созишнома миёни Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Украина оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф» аз 9 апрели соли 2003 ва протоколҳои ҷаласаи ҳамасолаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Украина оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ба роҳ монда шудааст.
Устодон ва коршиносони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина дар доираи барномаҳои байналмилалӣ-минтақавӣ (gSmart, UNIWORK, INTERASIA, gSmart-Spatial ICT Infrastructures for Smart Places) дар конфронс, симпозиум ва семинарҳои таълимию методӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалӣ созмон дода мешаванд, иштирок менамоянд.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси созишномаҳои дуҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ тибқи бурсия ба хориҷи кишвар ба таҳсил фиристонидани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ҳамасола дар доираи ҳамкориҳо дар соҳаи маориф ва илм ҷонибҳо 20 бурсия барои таҳсили шаҳрвандони якдигар дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷудо менамоянд.
Вазорати маориф ва илми Украина дар соли таҳсили 2020-2021 барои таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии ин кишвар дар зинаҳои бакалавр ва магистратура 20 бурсия (15 бакалавр, 5 магистратура) ҷудо намуд.
Ҳамчунин, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Украина дар соли таҳсили 2021-2022 барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 бурсия дар бахшҳои бакалавр ва магистр аз рӯи ихтисосҳои техникӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ пешниҳод намудааст.
Шумораи донишҷӯёни тоҷик дар панҷ соли охир дар муассисаҳои таҳсилоти олии Украина 194 нафарро ташкил медиҳад.
Маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илми 
Ҷумҳурии Тоҷикистон