Аттестатсияи хатм: масъулияти бештар мебояд

19-10-2018
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳои таълимӣ ва мутобиқ кардани он ба низоми ҷаҳонии таҳсилот пайваста корҳои арзишманд ва шоистаеро ба амал расонида истодаанд. Мутобиқ намудани зинаи таҳсилоти олии касбӣ бо стандартҳои байналмилалӣ, барномаҳои таълимӣ, навсозии сифати таълим ва омода кардани кадрҳои ҳирфаии ҷавобгӯ ба бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ вазифаи аҳли маориф ва илми кишвар мебошад. Аз ин рӯ, дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ низоми муосири таълимро ҷорӣ намуда, аз шеваи наву ҳадафраси таълим босамар истифода карда, сифати таълимро баланд бардоштан зарур аст. 
Яке аз нишондиҳандаҳои сифати таълим дар муассисаҳои таълимӣ аттестатсияи хатм маҳсуб меёбад. Аттестатсияи хатм марҳилаи хотимавии таҳсил буда, мутобиқати мазмун, сатҳ ва сифати тайёрии хатмкунандагони муассисаҳои таълимиро ба талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот муқаррар ва муайян мекунад. Аттестатсияи хатм танҳо натиҷаи заҳмати муайяни  таҳсили донишҷӯ дар мактабӣ олӣ ба ҳисоб нарафта, балки фаъолияти пурмаҳсули садорат, кафедра ва омӯзгорро нишон медиҳад.  Аз  ин рӯ, ин давраи муҳим ва бисёр ҳассос мебошад, ки бо шаффофияти комил бояд сурат бигирад. 
Тибқи талаботи банди 9-и Низомномаи аттестатсияи хатм раисони комиссияҳои аттестатсияи хатми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар заминаи пешниҳоди раёсати муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва бонки маълумоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби мутахассисони соҳа ва омӯзгорони дараҷаю унвони илмидошта таъсис ёфта, бо фармоиши вазири маориф ва илм таъйин карда мешаванд. Раванди фаъолияти комиссияи аттестатсияи хатм аз ҷониби комиссия роҳандозӣ гардида, ба кори комиссия раис роҳбарӣ менамояд. Дар Низомномаи аттестатсияи хатм таъкид гардидааст, ки раисони комиссияи аттестатсионӣ баъди ба анҷом расидани кори комиссия ҳисобот оид ба фаъолият дар бораи раванди баргузории имтиҳони хатмро пешниҳод намоянд.
Шоистаи таъкид аст, ки дар соли таҳсили 2017-2018 аттестатсияи хатм дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар дар асоси талаботи Низомномаи аттестатсияи хатм баргузор гардид. Масъулини аксари мактабҳои олӣ барои ба таври шаффофу воқеъбинонона сурат гирифтани ҷараёни имтиҳонҳои давлатӣ ва ҳимояи корҳои дипломӣ шароит ва имконоти васеъ фароҳам оварданд. Бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани имтиҳонҳои давлатӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ лексияҳои ҷамъбастӣ, суҳбату машварат ва дарсҳои иловагӣ ба нақша гирифта, ҷадвали рӯзҳои имтиҳон, номгӯи фанҳои имтиҳонӣ, гурӯҳҳои имтиҳонсупор, аудитория ва ҳайати комиссияи имтиҳони давлатиро тасдиқ ва омода намуданд. Рафти имтиҳонҳои давлатӣ ва ҳимояи рисолаҳои дипломӣ аз ҷониби масъулини қисми таълим, садорати факултаҳо ва мутасаддиёни раёсати донишкадаву донишгоҳҳо ҳамвора таҳти назорат қарор дода шуд. 
Бояд гуфт, ки дар аттестатсияи хатми соли таҳсили 2017-2018 аз 42350 нафар хатмкунанда 40475 нафар (95,6%) хатмкунанда ба аттестатсияи хатм роҳ дода шуданд. Аз ин шумора 40361 нафар (99,2%) аттестатсияи хатмро бомуваффақият супориданд. Ҳамзамон, 328 нафар (0,8%) хатмкунанда баҳои ғайриқаноатбахш гирифта, аз аттестатсияи хатм нагузаштанд. 1034 нафар (2,6%) хатмкунанда соҳиби дипломи аъло гардиданд.
Яке аз нишондиҳандаҳои азхудкунии барномаҳои таълимӣ аттестатсияи хатм ба ҳисоб меравад. Аз таҳлилҳо бармеояд, ки дар даври аттестатсияи хатм сатҳи донишандӯзии хатмкунандагон ба 99,2% баробар гардид, ки нисбат ба соли гузашта 2,3% боло рафтааст. 
Хатмкунандагони як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аттестатсияи хатмро бо баҳои “аъло” ва фоизи баланд ҷамъбаст намуданд. Аз ҷумла, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода (47,0%), Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе (36,9%), Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон (32,0%), Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (28,6%), Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд (27,9%), Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии МИСиС дар шаҳри Душанбе (26,3%), филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе (25,6%), Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (23,5%), Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев (22,0%) ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон (21,0%). Аммо дар қисме аз мактабҳои олӣ фоизи баланди баҳои “қаноатбахш” ба мушоҳида расид. Аз ҷумла, дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт (39,0%), Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон 36,8%, Донишгоҳи давлатии Данғара (35,9%), Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (35,0%).
Яке аз иқдомҳои шоистае, ки Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ рӯи даст гирифтааст, бо истифода аз технологияи муосири коммуникатсионӣ роҳандозӣ намудани имтиҳонҳои хатм мебошад. Дар ин замина, соли таҳсили 2016-2017 дар 1 ихтисос ва соли таҳсили 2017-2018 дар 3 ихтисос (технология ва низоми иттилоотӣ (дар иқтисодиёт), системаҳои автоматикунонидашуда ва веб-дизайн ва графикаи компютерӣ)-и Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба таври озмоишӣ қабули аттестатсияи хатм дар Маркази тестии муассисаи таълимӣ бо истифода аз технологияи муосир ба роҳ монда шуд. Аз натиҷаи аттестатсияи хатм тавассути Маркази тестӣ бармеояд, ки аз 86 нафар хатмкунандаи ихтисосҳои номбаршуда 5 нафар (5,8%) баҳои аъло, 26 нафар (30,2%) баҳои хуб, 51 баҳои омехта (59,3%), 4 нафар (4,6%) баҳои қаноатбахш гирифтанд. Таҳлили натиҷаҳои аттестатсияи хатми ихтисосҳои зикршудаи донишгоҳ нишон дод, ки чунин тарзи ба роҳ мондани имтиҳонҳои хатм ба баҳогузории шаффофу воқеӣ ва истифодаи самараноки вақт созгор буда, дониши воқеии хатмкунандаро муайян мекунад.  Бартарии дигар дар он аст, ки хатмкунанда баъд аз пурра ҷавоб додан холҳои соҳибгардидаи худро дар се шакл (ҳуруфӣ, фоизӣ ва анъанавӣ) дарҳол дар монитори компютер мебинад, ки ин усул шаффофиятро таъмин менамояд.
Тибқи банди 8-и Низомномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вазорат дар доираи ваколатҳояш раисони комиссияи аттестатсияи муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон ҳуқуқи таъйин кардан дорад. Аз ин рӯ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мақомоти қудратиро низ зарур аст, ки бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадони раисони комиссияи аттестатсияи хатмро мувофиқа намоянд.
Қобили зикр аст, ки бо мақсади зери назорат қарор додани фаъолияти комиссияи аттестатсияи хатм дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тибқи фармоиши вазири маориф ва илм гурӯҳи корӣ  аз ҳисоби кормандони раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии вазорат таъсис дода шуд. Гурӯҳи корӣ ҳангоми санҷиш дар як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вазорат раванди баргузории комиссияи аттестатсияи хатмро мавриди санҷиш қарор дод. Санҷиш ошкор намуд, ки бандҳои дахлдори Низомномаи аттестатсияи хатм дар баъзе аз  мактабҳои олӣ сарфи назар карда шудааст. Масалан, ҳангоми азназаргузаронии ҳуҷҷатҳо маълум гардид, ки дар қисме аз дафтарчаҳои имтиҳонии хатмкунандагон миқдори соатҳо ва таърихи супоридани имтиҳонҳо қайд карда нашуда, баҳои таҷрибаомӯзии пешаздипломӣ ва кори курсӣ гузошта нашудааст. Ин ҳолат дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷи-кистон ба номи С.Айнӣ, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон ба мушоҳида расид. Санҷиши рафти аттестатсияи хатм нишон дод, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, донишандӯзӣ, мустаҳкам намудани таҷрибаи амалӣ аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода карда намешавад.
Тибқи талаботи Низомномаи аттестатсияи хатм маълумотномаи таҳлилии фаъолияти комиссияҳои аттестатсионии хатм дар муддати ду ҳафта ба таври хаттӣ ва электронӣ бояд ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад. Мутаассифона, аз ҷониби Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғуфуров, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи  Н.Хус-рав, Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара, Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотӣ «МИСиС» дар шаҳри Душанбе ва Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе (МЭИ)  дар ин масъала бемасъулиятӣ зоҳир карда шуд.
Мушкилоти дигаре, ки дар имтиҳонҳои давлатӣ ошкор гардид, суст будани дониши амалии хатмкунандагон мебошад. Хатмкунандагон дониши хуби назариявӣ дошта бошанд ҳам, дар ҳалли масъалаҳои амалӣ аз сабаби надоштани малакаи корӣ душворӣ мекашанд. Зарур аст, ки дар оянда гузаронидани дарсҳои амалӣ дуруст ба роҳ монда шуда, донишҷӯён водор карда шаванд, ки дониши назариявии худро бо машғулиятҳои амалӣ пайваст намоянд ва таҷрибаомӯзии пешаздипломиро дар сатҳи зарурӣ ва воқеӣ  гузаронанд.
Дар аксари муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар самти тайёр намудани мутахассисон пешравиҳо ба назар расад ҳам, вале дар баъзе аз мактабҳои олӣ ин раванд қонеъкунанда нест. Аз ин рӯ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро зарур аст, ки мавзӯъҳои лоиҳаи корҳои хатмро тибқи талаботи “Низомнома дар бораи рисолаи хатми донишҷӯёни дараҷаи бакалавр ва мутахассиси муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” пешниҳод намуда, ҳангоми иҷрои лоиҳаҳои дипломӣ аз технологияҳои муосир, барномаҳои лоиҳакашии навтарин ба таври васеъ истифода кунанд. Барои дар сатҳи баланд гузаронидани имтиҳонҳои давлатӣ ва ҳимояи кори хатм шумораи хатмкунандагонро тибқи талаботи низомномаи аттестатсияи хатм ба роҳ мондан зарур аст. Инчунин, ба сифат ва мазмуни рисолаҳои дипломӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, майлу рағбати хатмкунандагонро бештар ба навиштани корҳои мустақилонаи  илмӣ-тадқиқотӣ ҷалб намудан ба манфиати кор аст. Мавзӯъҳои корҳои дипломиро бо талаботи имрӯзаи истеҳсолот алоқаманд намуда, ба такроршавии онҳо роҳ надода, дар кафедра муҳокимаи пешазҳимоявии корҳои дипломиро дар муҳлатҳои муқарраршуда баргузор намудан афзалтар аст. Ҳамчунин, дар ҳайати аъзои комиссияи аттестатсияи хатм асосан омӯзгорони унвондорро бояд шомил намуд ва ҷиҳати ҷалби бештари хатмкунандагон ба магистратура ва магистрон ба докторантура (PhD) корҳои фаҳмондадиҳиро ҷоннок кардан ба таҳкими соҳаи илми кишвар мусоидат хоҳад кард.
Сулаймон ИСВАЛИЕВ,
сармутахассиси раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Насриддин ОХУНЗОДА,
“Омӯзгор”