АТТЕСТАТСИЯИ ҒАЙРИНАВБАТИИ ДИРЕКТОРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ БАРГУЗОР МЕГАРДАД

05-11-2022
Бо мақсади иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.11.2022, №1590 ҷиҳати муайян намудани дараҷаи тахассус, маҳорати кабӣ ва ба вазифаҳои ишғолкарда мувофиқат намудани директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз 9-уми ноябр то 30-юми декабри соли 2022 аттестатсияи ғайринавбатии директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баргузор мегардад.
Аттестатсия аз ҷониби 9 гурӯҳи босалоҳият зери роҳбарии вазири маориф ва илм, муовини якум ва муовинони вазири маориф ва илм баргузор гардида, тибқи фармоиш сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсатҳои маорифи вилоятҳо, сардорони раёсат, мудирони шуъбаҳо ва бахшҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ӯҳдадор шудаанд, ки тавсияномаҳои аттестатсияшавандагонро таҳия ва то баргузории аттестатсия омода ва ба комиссия пешниҳод намоянд.
Ҳамчунин, тибқи банди дигари фармоиш комиссияи аттестатсионӣ вазифадор шудааст, ки аттестатсияро бо риояи талаботи Тартиби аттестатсияи кормандони соҳаи омӯзгорӣ ва илмии муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намуда, аз натиҷааш протокол ва ҳисобот омода намуда, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
Ёдовар мешавем, ки нусха аз фармоиши мазкур дастраси сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсатҳои маорифи вилоятҳо, сардорони раёсат, мудирони шуъбаҳо ва бахшҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гардонида шудааст.