ҶАРАЁНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН-2022”

26-01-2023
Рӯзи дуюм аст, ки озмуни ҷумҳуриявии “Омӯзгори соли Тоҷикистон-2022” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҷараён дорад. Дар озмун иштирокчиён аз рӯйи шартҳои муаррифии таҷрибаи корӣ, қуръапартоии дарсҳои конкурсӣ аз рӯйи ихтисос, дарси конкурсӣ аз рӯйи ихтисос, таҳлили дарс, соати тарбиявӣ, ҷавоб додан ба 10 савол ва кор бо компютер ҳунару маҳорат ва донишу малакаи худро нишон дода, барои ғолибият сабқат намуда истодаанд. 
Идиева Азизамоҳ - омӯзгори синфҳои ибтидоии МТМУ №99-и шаҳри Турсунзода зимни гузаронидани дарс аз фанни математика барои хонандагони синфи 4-ум аз усулҳои фаъоли таълим истифода бурда, ҷадвали зарбро бо ёрии бозии “тӯбча”, ченакҳои вақт, вазн ва дарозиро бо ёрии бозии “ёрӣ диҳед” ва дигар амалу ченакҳои математикиро бо ёрии усулҳои фаъоли таълим, ба монанди кори гурӯҳӣ, истифодаи варақаи тестӣ ва истифодаи варақаи фардӣ ба хонандагон фаҳмонд. Номбурда зикр намуд, ки ҳангоми истифода аз муносибати босалоҳият ба таълим омӯзгор бояд нақши роҳбаладро бозад. Ин ба хонанда имкон медиҳад, ки мустақилона кор кардан ва дар дарсҳо фаъолтар буданро аз худ намояд.
Иштирокчии дигари озмун Ҳукумзода Бахтовар - омӯзгори фанни алгебра ва геометрияи литсейи давлатии №1-и шаҳри Бохтар хонандагонро ба гурӯҳҳои “Ал-Хоразмӣ”, “Евклид”, “Лагранж” ва “Архимед” ҷудо намуда, ба онҳо имконият медиҳад, ки супоришҳои математикиро аввал ба тариқи фардӣ ва баъд гурӯҳӣ иҷро намоянд. Пас аз он як нафар метавонад хулосаи гурӯҳро ба гурӯҳҳои дигар баён намояд. “Истифодаи кори гурӯҳӣ дар дарс имконият медиҳад, ки хонандагон маҳорати якҷоя амал карданро рушд диҳанд”, - иброз дошт Ҳукумзода Бахтовар.
Аъзои ҳакамон донишу маҳорати иштирокчиёнро аз рӯйи шартҳои муқаррарнамудаи низомномаи озмун баҳогузорӣ карда, барои таъмин намудани шаффофият дар озмун ҷараёни дарсгузарии иштирокчиён сабт карда мешавад. 
  Ёдовар мешавем, ки озмун 25-уми январи соли ҷорӣ шуруъ гардида, ҷамъбасти он 27-уми январ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.
Маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илми 
Ҷумҳурии Тоҷикистон